bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
1 Corinthians 2
1 Corinthians 2
Tajik NT 1999
← Chapter 1
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 3 →
1
Ва ҳангоме ки ман, эй бародарон, назди шумо омадам, на бо суханпардозӣ ё ҳикмат омадам, то шаҳодати Худоро ба шумо эълон намоям,
2
зеро ман қарор додам, ки дар миёни шумо, ғайр аз Исои Масеҳ, Он ҳам ба салиб кашидашуда, чизе надонам;
3
ва ман дар нотавонӣ ва дар тарсу ларзи бузурге назди шумо будам,
4
ва сухану мавъизаи ман на дар суханони исботкоронаи ҳикмати инсонӣ, балки дар далели Рӯҳ ва қувват буд,
5
то имони шумо на бар ҳикмати инсон, балки бар қуввати Худо қарор ёбад.
6
Аммо дар бораи ҳикмат мо дар миёни комилон сухан меронем, вале на дар бораи ҳикмати ин давра ва мирони ин давра, ки гузарон ҳастанд,
7
балки дар бораи ҳикмати Худо дар сирре сухан меронем, дар бораи ҳикмати ниҳоние ки Худо пеш аз давраҳои ҷаҳон барои ҷалоли мо муқаррар кардааст,
8
ки онро ҳеҷ яке аз мирони ин давра надонист; зеро, агар медонистанд, Худованди ҷалолро ба салиб намекашиданд.
9
Аммо, чунон ки навишта шудааст: “Он чиро, ки чашме надидааст, Гӯше нашунидааст ва ба дили инсон наомадааст, Худо барои дӯстдорони Худ омода кардааст”.
10
Вале ба мо Худо онро ба воситаи Рӯҳи Худ ошкор сохтааст; зеро Рӯҳ ҳама чизро, ҳатто умқҳои Худоро тадқиқ мекунад.
11
Зеро кист аз одамон, ки фикрҳои инсонро донад, ғайр аз рӯҳи инсон, ки дар ӯст? Ҳамчунин фикрҳои Худоро ҳеҷ кас намедонад, ғайр аз Рӯҳи Худо.
12
Лекин мо на рӯҳи ҷаҳонро, балки Рӯҳеро қабул кардаем, ки аз Худост, то он чиро, ки Худо ба мо ато кардааст, донем;
13
ва инро на бо суханоне ки ҳикмати инсон таълим додааст, балки бо суханоне ки Рӯҳулқудс таълим додааст, мегӯем ва чизи рӯҳониро ба таври рӯҳонӣ баён мекунем.
14
Аммо одами нафсонӣ он чиро, ки аз Рӯҳи Худост, қабул намекунад, чунки он дар назари ӯ нодонӣ аст; ва онро фаҳмида наметавонад, чунки он ҳукми рӯҳониро металабад.
15
Лекин одами рӯҳонӣ дар бораи ҳама чиз ҳукм мекунад, вале касе наметавонад дар бораи ӯ дуруст ҳукм кунад.
16
Зеро “кист, ки фикри Худовандро дониста бошад, то Ӯро таълим диҳад?” Лекин мо фикри Масеҳро дорем.
← Chapter 1
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 3 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16