bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
1 Corinthians 15
1 Corinthians 15
Tajik NT 1999
← Chapter 14
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 16 →
1
Ва ман, эй бародарон, ба шумо Инҷилро хотиррасон мекунам, ки онро ба шумо башорат додаам, ва шумо онро қабул кардаед, ва дар он устувор ҳастед,
2
ва дар он наҷот меёбед, ба шарте ки он чиро, ки ба шумо башорат додаам, риоя кунед, ба шарте ки имонатон беҳуда набошад.
3
Зеро дар аввал он чиро, ки низ қабул кардаам, ба шумо супурдаам, ки яъне Масеҳ, мувофиқи Китоб, барои гуноҳҳои мо мурд,
4
Ва Ӯ гӯронида шуд Ва, мувофиқи Китоб, дар рӯзи сеюм бархест,
5
Ва ба Кифо ва баъд ба он дувоздаҳ нафар зоҳир шуд.
6
Пас аз он ба зиёда аз панҷсад бародар дар як вақт зоҳир шуд, ки қисми зиёди онҳо то ҳол зиндаанд, вале баъзе ба хоби /марг/ рафтаанд.
7
Пас аз он ба Яъқуб, ва баъд ба ҳамаи расулон зоҳир шуд;
8
ва пас аз ҳама ба ман низ, ки гӯё тифли норасид будам, зоҳир шуд.
9
Зеро ман хурдтарини расулонам, ва сазовори он нестам, ки расул номида шавам, чунки ҷамоати Худовандро таъқиб мекардам.
10
Аммо бо файзи Худо он чи ҳастам, ҳастам; ва файзи Ӯ бар ман беҳуда набуд, балки ман аз ҳамаи онҳо зиёдтар меҳнат кардам; аммо на ман, балки файзи Худо, ки бо ман аст.
11
Ба ҳар ҳол, хоҳ ман ва хоҳ онҳо, ҳамин тавр мавъиза мекунем, ва шумо ҳамин тавр имон овардед.
12
Лекин агар дар бораи Масеҳ мавъиза карда мешавад, ки Ӯ аз мурдагон бархест, пас чӣ тавр баъзе аз шумо мегӯянд, ки растохези мурдагон нест?
13
Агар растохези мурдагон набошад, Масеҳ низ барнахестааст.
14
Ва агар Масеҳ барнахеста бошад, мавъизаи мо низ беҳуда аст, имони шумо низ беҳуда аст.
15
Дар айни ҳол мо низ шоҳидони дурӯғин дар бораи Худо мебудем, чунки дар бораи Худо шаҳодат медодем, ки Ӯ Масеҳро бархезондааст, ва ҳол он ки, агар ҳақиқатан мурдагон барнахезанд, Ӯро барнахезондааст.
16
Зеро, агар мурдагон барнахезанд, Масеҳ низ барнахестааст.
17
Ва агар Масеҳ барнахеста бошад, имони шумо беҳуда аст; шумо ҳанӯз дар гуноҳҳои худ мебошед;
18
бинобар ин онҳое ҳам, ки дар Масеҳ ба хоби /марг/ рафтаанд, нобуд шудаанд.
19
Ва агар танҳо дар ҳамин зиндагӣ ба Масеҳ умедворем, мо аз ҳамаи одамон бадбахттарем.
20
Аммо Масеҳ аз мурдагон бархеста, навбари онҳое гардид, ки ба хоби /марг/ рафтаанд.
21
Зеро, чунон ки марг ба воситаи инсон омад, растохези мурдагон низ ба воситаи инсон омад.
22
Чунон ки дар Одам ҳама мемуранд, ончунон дар Масеҳ ҳама зинда мешаванд.
23
Ҳар яке бо навбати худ: Масеҳ, ки навбар аст; баъд онҳое ки аз они Масеҳанд дар вақти омадани Ӯ;
24
баъд охират, ки он вақт Ӯ Подшоҳиро ба Худои Падар месупорад ва ҳар гуна сарварӣ ва ҳар гуна қудрат ва қувватро барҳам медиҳад.
25
Зеро Ӯ бояд подшоҳӣ кунад то даме ки ҳамаи душманонро зери пойҳои Худ сарнагун созад.
26
Душмани охирине ки нобуд карда мешавад, марг аст,
27
чунки “ҳама чизро зери пойҳои Ӯ мутеъ кардааст”. Вақте ки мегӯяд: ҳама чиз ба Ӯ мутеъ карда шуд, равшан аст, ки ин ба истиснои он Кас аст, ки ҳама чизро ба Ӯ мутеъ кардааст.
28
Ҳангоме ки ҳама чиз ба Ӯ мутеъ карда шуд, он гоҳ Худи Писар низ ба он Кас ки ҳама чизро ба Ӯ мутеъ кард, мутеъ мешавад, то Худо ҳама дар ҳама бошад.
29
Вагарна, онҳое ки барои мурдагон таъмид мегиранд, чӣ мекунанд? Агар мурдагон тамоман барнахезанд, чаро барои мурдагон таъмид мегиранд?
30
Чаро мо низ ҳар соат ҷони худро ба хатар меандозем?
31
Бо фахре ки дар Худованди мо Масеҳ Исо аз шумо дорам, қасам: ҳар рӯз бо марг рӯ ба рӯ мешавам.
32
Агар дар Эфесус бо ҳайвоноти даранда ба таври инсонӣ ҷанг карда бошам, ба ман чӣ фоида, агар мурдагон барнахезанд? “Биёед хӯрем ва нӯшем, зеро фардо мемурем!”
33
Фирефта нашавед: ёрони бад ахлоқи некро фосид мекунанд.
34
Ба таври бояду шояд ҳушёр шавед ва гуноҳ накунед; зеро, барои хиҷил шуданатон мегӯям, ки баъзеҳо Худоро намешиносанд.
35
Лекин шояд касе гӯяд: “Мурдагон чӣ гуна бармехезанд? Ва дар чӣ гуна ҷисм меоянд?”
36
Эй беақл! Он чи ту мекорӣ, агар намурад, зинда намешавад;
37
ва ҳангоме ки мекорӣ, на ҷисми ояндаро мекорӣ, балки донаи лучи гандум ё ягон гиёҳи дигарро.
38
Лекин Худо ба он, аз рӯи хости Худ, ҷисм медиҳад, ва ба ҳар як тухм ҷисми ба он хосе.
39
Ҳамаи ҷисмҳо як нестанд, балки ҷисми одамон дигар аст, ҷисми чорпоён дигар, /ҷисми/ моҳиён дигар, /ҷисми/ парандагон дигар.
40
Ҷисмҳои осмонӣ ва ҷисмҳои заминӣ ҳаст, лекин ҷалоли ҷисмҳои осмонӣ дигар аст, ҷалоли ҷисмҳои заминӣ дигар,
41
ҷалоли офтоб дигар, ҷалоли моҳ дигар, ҷалоли ситораҳо дигар; ва ситора аз ситора дар ҷалолаш фарқ дорад.
42
Дар растохези мурдагон низ ҳамин тавр аст: дар вайроншавандагӣ кошта мешавад, дар вайроннашавандагӣ бармехезад;
43
дар хорӣ кошта мешавад, дар ҷалол бармехезад; дар нотавонӣ кошта мешавад, дар қувват бармехезад;
44
ҷисми нафсонӣ кошта мешавад, ҷисми рӯҳонӣ бармехезад. Ҷисми нафсонӣ ҳаст, ҷисми рӯҳонӣ ҳаст.
45
Низ чунин навишта шудааст: “Одами аввалин, яъне Одам, ҷони зинда гашт”. Одами охирин рӯҳи ҳаётбахш шуд.
46
Лекин рӯҳонӣ пештар нест, балки нафсонӣ ва баъд рӯҳонӣ.
47
Одами якум аз замин аст, яъне хокист; одами дуюм Худованд аст аз осмон.
48
Хокӣ чӣ гунае ки бошад, хокиён ҳамон гунаанд; Осмонӣ чӣ гунае ки бошад, осмониён ҳамон гунаанд;
49
ва чӣ гунае ки мо сурати одами хокиро ба худ гирифтаем, сурати Одами осмониро низ ба худ бояд гирем.
50
Лекин, эй бародарон, ҳаминро мегӯям, ки ҷисму хун наметавонад вориси Подшоҳии Худо шавад, ва вайроншаванда вориси вайроннашавандагӣ намешавад.
51
Инак, ба шумо сирре мегӯям: ҳамаи мо ба хоби /марг/ намеравем, балки ҳама дигаргун мешавем,
52
баногоҳ, дар як мижа задан, баробари садои карнайи охирин; зеро карнай садо медиҳад, ва мурдагон дар вайроннашавандагӣ бармехезанд, ва мо дигаргун мешавем.
53
Зеро бояд он чи вайроншаванда аст, либоси вайроннашавандагӣ пӯшад, ва он чи миранда аст, либоси намирандагӣ пӯшад.
54
Ва чун ин вайроншаванда либоси вайроннашавандагӣ пӯшад, ва ин миранда либоси намирандагӣ пӯшад, он гоҳ ин каломе ки навишта шудааст, ба амал меояд: “Ғалаба маргро фурӯ бурд”.
55
“Эй марг! Неши ту куҷост? Эй дунёи мурдагон! Ғалабаи ту куҷост?”
56
Неши марг гуноҳ аст, ва қуввати гуноҳ шариат аст.
57
Худоро шукр, ки Ӯ ба воситаи Худованди мо Исои Масеҳ ба мо ғалаба бахшидааст!
58
Хуллас, эй бародарони азизи ман, пойдору устувор бошед, ҳамеша дар кори Худованд машғул бошед, ва донед, ки меҳнати шумо дар Худованд беҳуда нест.
← Chapter 14
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 16 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16