bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
1 Corinthians 5
1 Corinthians 5
Tajik NT 1999
← Chapter 4
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 6 →
1
Овозае ба гӯш мерасад, ки дар байни шумо фосиқӣ ҳаст, он ҳам чунон фосиқӣ, ки ҳатто дар байни бутпарастон шунида нашудааст, яъне шахсе зани падари худро гирифтааст.
2
Ва шумо ҳавобаланд шудаед, ба ҷои он ки мотам гиред, то касе ки чунин коре кардааст, аз миёни шумо бадар шавад.
3
Зеро ман, агарчи ҷисман ғоибам, лекин рӯҳан ҳозирам, аллакай, гӯё ки ҳозирам, дар ҳаққи шахсе ки чунин коре кардааст, ҳукм намудам:
4
ба номи Худованди мо Исои Масеҳ, ҳангоме ки шумо бо рӯҳи ман ва бо қуввати Худованди мо Исои Масеҳ ҷамъ шавед,
5
он шахс барои ҳалокати ҷисм ба шайтон супурда шавад, то рӯҳ дар рӯзи Худованд Исо наҷот ёбад.
6
Фахри шумо хуб нест. Оё намедонед, ки андак хамиртуруш тамоми хамирро метуршонад?
7
Пас, худро аз хамиртуруши кӯҳна тоза кунед, то хамири нав бошед, чунки бе хамиртуруш ҳастед. Зеро /барраи/ Песаҳи мо, Масеҳ, барои мо кушта шудааст.
8
Бинобар ин идро на бо хамиртуруши кӯҳна, на бо хамиртуруши кина ва бадӣ, балки бо фатири покӣ ва ростӣ ба ҷо меоварем.
9
Ба шумо дар нома навиштаам, ки бо фосиқон рафтуомад накунед;
10
лекин на умуман бо фосиқони ин ҷаҳон, ё бо тамаъкорон, ё бо ғоратгарон, ё бо бутпарастон, зеро дар ин сурат бояд аз ҷаҳон берун мешудед;
11
балки ба шумо акнун навиштаам, ки бо касе рафтуомад накунед, ки худро бародар номида, фосиқ, ё тамаъкор, ё бутпараст, ё бадзабон, ё бадмаст, ё ғоратгар бошад; бо чунин одам якҷоя хӯрок ҳам нахӯред.
12
Зеро чаро ман дар бораи онҳое ки берун /аз ҷамоатанд/, доварӣ кунам? Оё шумо дар бораи онҳое ки дар дохиланд, доварӣ намекунед?
13
Дар бораи онҳое ки дар берунанд, Худо доварӣ мекунад. Пас шумо бадкорро аз миёни худ бадар кунед.
← Chapter 4
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 6 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16