bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
1 Corinthians 10
1 Corinthians 10
Tajik NT 1999
← Chapter 9
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 11 →
1
Намехоҳам, эй бародарон, ки шумо бехабар бошед аз он ки падарони мо ҳама дар зери абр буданд, ва ҳама аз баҳр гузаштанд;
2
ва ҳама дар абр ва дар баҳр ба Мусо таъмид ёфтанд;
3
ва ҳама аз як хӯроки рӯҳонӣ мехӯрданд, ва ҳама аз як нӯшокии рӯҳонӣ менӯшиданд;
4
зеро аз кӯҳпораи рӯҳоние менӯшиданд, ки аз пасашон меомад; ва он кӯҳпора Масеҳ буд.
5
Лекин аз аксари онҳо Худо хушнуд набуд; зеро онҳо дар биёбон ба ҳалокат расиданд.
6
Ва инҳо барои мо намунае буданд, то мо бадиро орзу накунем, чунон ки онҳо орзу мекарданд.
7
Ҳамчунин, монанди баъзеи онҳо, бутпараст набошед, чунон ки навишта шудааст: “Қавм ба хӯрдану нӯшидан нишастанд, ва барои рақсу бозӣ бархестанд”.
8
Фосиқӣ накунем, чунон ки баъзеи онҳо фосиқӣ карданд, ва дар як рӯз бисту се ҳазор нафарашон ба ҳалокат расиданд.
9
Масеҳро наозмоем, чунон ки баъзеи онҳо озмуданд ва аз морҳо нобуд шуданд.
10
Шикоят накунед, чунон ки баъзеи онҳо шикоят карданд ва аз дасти ҳалоккунанда нобуд шуданд.
11
Ҳамаи ин ба онҳо чун намунае рӯй дод, ва барои огоҳии мо навишта шуд, ки охири давраҳо насиби мо гардидааст.
12
Бинобар ин ҳар ки гумон мекунад, ки рост истодааст, эҳтиёт кунад, ки наафтад.
13
Озмоише ки ба сари шумо омадааст, ғайр аз озмоиши одии инсонӣ чизи дигаре нест; ва Худо бовафо аст, ва Ӯ намегузорад, ки шумо берун аз қуввати худ озмуда шавед, балки дар баробари озмоиш сабукӣ ҳам медиҳад, то тоб оварда тавонед.
14
Хуллас, эй азизонам, аз бутпарастӣ гурезед.
15
Ба касони бохирад сухан мегӯям; дар бораи он чи мегӯям, худатон ҳукм кунед.
16
Oё косаи баракат, ки онро баракат медиҳем, шарик шудан ба хуни Масеҳ нест? Оё ноне ки пора мекунем, шарик шудан ба бадани Масеҳ нест?
17
Чунон ки нон яктост, мо низ, ки бисёрем, як тан ҳастем, зеро ҳамаамон аз як нон ҳиссае мегирем.
18
Ба Исроил аз рӯи ҷисм нигоҳ кунед: оё онҳое ки қурбониҳоро мехӯранд, шарики қурбонгоҳ нестанд?
19
Пас чӣ гӯям? Оё бут ё қурбонии бут чизе ҳаст?
20
Не, балки он чи халқҳо қурбонӣ мекунанд, ба девҳо қурбонӣ мекунанд, на ба Худо; лекин ман намехоҳам шумо бо девҳо шарик бошед.
21
Шумо наметавонед ҳам косаи Худовандро нӯшед, ҳам косаи девҳоро; наметавонед ҳам аз дастархони Худованд ҳиссае гиред, ҳам аз дастархони девҳо.
22
Оё мехоҳем рашки Худовандро барангезем? Оё аз Ӯ пурзӯртарем?
23
Ҳама чиз барои ман равост, лекин на ҳар чиз фоиданок аст; ҳама чиз барои ман равост, лекин на ҳар чиз обод мекунад.
24
Ҳеҷ кас дар пайи фоидаи худ набошад, балки фоидаи дигарон.
25
Ҳар он чи дар бозор фурӯхта мешавад, хӯред ва ба хотири виҷдон ҳеҷ тафтиш накунед;
26
зеро “замин ва ҳар он чи дар он аст, аз они Худованд аст”.
27
Агар касе аз беимонон шуморо даъват намояд ва шумо рафтан хоҳед, — аз ҳар чизе ки пешатон мемонанд, хӯред ва ба хотири виҷдон ҳеҷ тафтиш накунед.
28
Лекин агар касе ба шумо гӯяд, ки “ин қурбонии бут аст”, ба хотири касе ки хабар дод, ва ба хотири виҷдон нахӯред; зеро “замин ва ҳар чи дар он аст, аз они Худованд аст”.
29
Аммо на дар бораи виҷдони худ, балки виҷдони он каси дигар мегӯям; зеро чаро виҷдони каси дигар бар озодии ман доварӣ кунад?
30
Агар ман бо шукргузорӣ мехӯрда бошам, чаро бар ман барои он чизе ки барояш шукргузорӣ мекунам, бадгӯӣ кунанд?
31
Хуллас, хоҳ мехӯред, хоҳ менӯшед, ё кори дигаре мекунед, ҳамааашро барои ҷалоли Худо ба ҷо оваред.
32
На яҳудиёнро ранҷонед, на юнониёнро, на ҷамоати Худоро,
33
чунон ки ман низ аз ҳар ҷиҳат дили ҳамаро меёбам, ва дар пайи фоидаи худ не, балки фоидаи касони бисёр ҳастам, то онҳо наҷот ёбанд.
← Chapter 9
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 11 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16