bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
1 Corinthians 7
1 Corinthians 7
Tajik NT 1999
← Chapter 6
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 8 →
1
Дар бораи он чи ба ман навишта будед: барои одам хуб аст, ки ба зан даст нарасонад.
2
Аммо, барои пешгирии фосиқӣ, бигзор ҳар мард зани худро ва ҳар зан шавҳари худро дошта бошад.
3
Бигзор шавҳар ба зани худ таваҷҷӯҳи даркорӣ намояд; ҳамчунин зан ба шавҳари худ.
4
Зан бар бадани худ ихтиёрдор нест, балки аз они шавҳар аст; ҳамчунин шавҳар бар бадани худ ихтиёрдор нест, балки аз они зан аст.
5
Аз якдигар канорагирӣ накунед, магар ба муддате, бо ризоии ҳар ду, то бо рӯзаву дуо машғул бошед ва аз нав якҷоя шавед, то шайтон шуморо, ба сабаби худдорӣ накарданатон, ба васваса наандозад.
6
Лекин инро чун иҷозат мегӯям, на чун фармон.
7
Зеро мехоҳам, ки ҳамаи одамон чун ман бошанд; аммо ҳар кас аз Худо атои худро дорад, яке ин гуна, дигаре он гуна.
8
Лекин ба муҷаррадон ва бевазанон мегӯям: барои онҳо хуб аст, ки чун ман монанд.
9
Аммо агар худдорӣ карда натавонанд, бигзор оиладор шаванд; зеро оиладор шудан аз сӯхтан дар оташи шаҳват беҳтар аст.
10
Ба онҳое ки оиладор шуданд, на ман мефармоям, балки Худованд: зан аз шавҳар ҷудо нашавад,
11
— ва агар ҷудо шуда бошад, бояд танҳо монад, ё бо шавҳар оштӣ шавад, — ва шавҳар занашро талоқ надиҳад.
12
Ба дигарон ман мегӯям, на Худованд: агар бародаре зани беимон дорад, ва он зан розӣ аст бо ӯ зиндагӣ кунад, ӯ набояд ба вай талоқ диҳад.
13
Ва зане ки шавҳари беимон дорад, ва он шавҳар розӣ аст бо вай зиндагӣ кунад, вай набояд аз ӯ ҷудо шавад.
14
Зеро шавҳари беимон ба воситаи зани имондораш муқаддас аст, ва зани беимон ба воситаи шавҳари имондораш муқаддас аст; вагарна фарзандони шумо нопок мебуданд, ҳол он ки онҳо муқаддасанд.
15
Аммо агар беимон ҷудо шудан хоҳад, бигзор ҷудо шавад. Дар чунин вазъият бародар ё хоҳар вобаста нест; Худо моро ба осоиш даъват намудааст.
16
Зеро ту чӣ донӣ, эй зан, ки шавҳаратро наҷот дода метавонӣ? Ё ту чӣ донӣ, эй шавҳар, ки занатро наҷот дода метавонӣ? Ҳолатҳои гуногуни даъватшудагон
17
Ба ҳар ҳол ҳар кас чунон ки Худо насиб кардааст, ва ҳар кас чунон ки Худованд даъват намудааст, он гуна рафтор кунад. Дар ҳамаи ҷамоатҳо ман чунин дастур медиҳам.
18
Агар шахси хатнашудае даъват шуда бошад, бехатна нашавад; ва агар бехатнае даъват шуда бошад, хатна накунад.
19
Хатна ҳеҷ аст, бехатнагӣ ҳам ҳеҷ аст, балки аз ҳама муҳимтар риояи фармудаҳои Худост.
20
Ҳар кас дар ҳар ҳолате ки даъват шудааст, дар ҳамон монад.
21
Агар дар ҳолати ғуломӣ даъват шуда бошӣ, нороҳат нашав; лекин агар озод шуда тавонӣ ҳам, аз фурсат истифода бар.
22
Зеро ғуломе ки дар Худованд даъват шудааст, озоди Худованд аст; ҳамчунин шахси озоде ки даъват шудааст, ғуломи Масеҳ аст.
23
Шумо ба нархи гарон харида шудаед; ғуломи одамон нагардед.
24
Ҳар кас дар ҳар ҳолате ки даъват шудааст, эй бародарон, дар ҳамон назди Худо монад.
25
Дар хусуси бокираҳо аз Худованд фармоне надорам, лекин ҳамчун шахсе ки ба воситаи марҳамати Худованд бовафост, ақидаи худро баён мекунам.
26
Пас ба сабаби тангии вазъияти ҳозира беҳтар меҳисобам, ки барои одам хуб аст чунон ки ҳаст, монад.
27
Агар бо зан баста шудаӣ, ҷудоӣ наҷӯй. Агар аз зан озодӣ, зан наҷӯй.
28
Аммо агар оиладор ҳам шавӣ, гуноҳе намекунӣ; ва агар бокирае оиладор шавад, гуноҳе намекунад. Лекин чунин касон дар ҷисм азоб мекашанд, ва ман инро бароятон намехоҳам.
29
Эй бародарон, инро мегӯям: вақт танг аст. Пас зандорон бояд чун безанон бошанд;
30
ва гирёнон чунон ки гирён набошанд; ва шодмонон чунон ки шод набошанд; ва харидорон чунон ки хариде накарда бошанд;
31
ва онҳое ки аз ин ҷаҳон фоида мебаранд, чунон ки фоидабар набошанд; зеро сурати ин ҷаҳон гузарон аст.
32
Ман хоҳиш дорам, ки шумо беғам бошед. Марди безан дар бораи он чи ба Худованд оид аст, ғамхорӣ мекунад, ки чӣ гуна ба Худованд писанд афтад;
33
аммо марди зандор дар бораи он чи ба ҷаҳон оид аст, ғамхорӣ мекунад, ки чӣ гуна ба занаш писанд афтад.
34
Дар миёни зани шавҳардор ва бокира фарқе ҳаст. Зани бешавҳар дар бораи он чи ба Худованд оид аст, ғамхорӣ мекунад, то ҳам дар бадан ва ҳам дар рӯҳ муқаддас бошад; аммо зани шавҳардор дар бораи он чи ба ҷаҳон оид аст, ғамхорӣ мекунад, ки чӣ гуна ба шавҳараш писанд афтад.
35
Инро ман ба фоидаи шумо мегӯям, на аз барои он ки банду боре бар шумо андозам, балки барои он ки шумо боодобона ва пайдарҳам дар ибодати Худованд бошед, бе он ки чизе ба ин монеъ шавад.
36
Лекин агар касе рафторашро ба бокираи худ номуносиб донад, ки вай ба синни балоғат расидааст, ва ӯ ночор мемонад, бигзор он чи мехоҳад, кунад, — гуноҳе намекунад; бигзор онҳо оиладор шаванд.
37
Аммо касе ки дар дили худ устувор аст ва эҳтиёҷе надорад, балки иродаи қавӣ дошта, дар дили худ қарор додааст, ки бокираи худро нигоҳ дорад, ӯ кори хуб мекунад.
38
Бинобар ин, касе ки ба шавҳар медиҳад, кори хуб мекунад, ва касе ки ба шавҳар намедиҳад, кори хубтар мекунад.
39
Зан, мувофиқи шариат, то даме ки шавҳараш зинда аст, ба ӯ баста аст; пас аз он ки шавҳараш ба хоби /марг/ меравад, вай озод аст ба ҳар касе ки хоҳад, оиладор шавад, фақат дар Худованд бошад.
40
Лекин, ба фикри ман, агар чунин монад, хушбахттар аст; ва ба гумонам, ман низ Рӯҳи Худоро дорам.
← Chapter 6
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 8 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16