bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
1 Corinthians 4
1 Corinthians 4
Tajik NT 1999
← Chapter 3
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 5 →
1
Пас, ҳар кас бояд моро ходимони Масеҳ ва вакилони сирҳои Худо ҳисоб кунад;
2
ва аз вакилон талаб карда мешавад, ки ҳар яке боваринок бошад.
3
Барои ман хеле кам аҳамият дорад, ки шумо, ё одамони дигар, дар ҳаққи ман ҳукм мекунед; худи ман ҳам ҳукме дар ҳаққи худ намекунам.
4
Зеро дар худ айбе намебинам, лекин бо ин сафед нестам; ҳукмкунандаи ман Худованд аст.
5
Бинобар ин ба чизе пеш аз вақт, яъне то даме ки Худованд биёяд, ҳукм накунед, ки маҳз Ӯ чизҳои дар торикӣ пинҳонро равшан ва ниятҳои дилҳоро ошкор мекунад, ва он гоҳ ҳар кас аз ҷониби Худо таҳсин меёбад.
6
Ва инро, эй бародарон, ман ба хотири шумо ба худам ва ба Апуллус нисбат додам, то шумо аз мо ёд гиред, ки дар фикр аз он чи навишта шудааст, берун наравед, ва ҳеҷ як аз шумо бо яке ба муқобили дигаре наболад.
7
Зеро кист, ки туро бартарӣ додааст? Ва чӣ дорӣ, ки ба ту дода нашуда бошад? Ва агар ба ту дода шудааст, чаро фахр мекунӣ, ки гӯё ба ту дода нашуда бошад?
8
Шумо аллакай сер шудаед, аллакай сарватманд шудаед ва бе мо подшоҳӣ мекунед. Кошки подшоҳӣ мекардед, то мо низ бо шумо подшоҳӣ кунем!
9
Зеро гумон мекунам, ки Худо мо, расулонро монанди касони охири саф, ки ба марг маҳкум шудаанд, намоён кардааст, чунки мо барои ҷаҳон, ҳам барои фариштаҳо ва ҳам барои одамон, тамошогоҳе шудаем.
10
Мо ба хотири Масеҳ нодон ҳастем, лекин шумо дар Масеҳ доно ҳастед; мо нотавонем, лекин шумо тавоно; шумо муҳтарам, лекин мо хор.
11
То ҳамин соат гурусна ва ташнаем, бараҳнаем, лату кӯб мешавем, овора ҳастем,
12
ва заҳмат кашида, бо дастҳои худ кор мекунем. Дашном шунида, баракат мехоҳем; таъқиб шуда, тоқат мекунем;
13
гирифтори тӯҳмат шуда, бо меҳрубонӣ ҷавоб медиҳем; мо то ҳамин вақт чун хасрӯбаи ҷаҳон ва ахлоти ҳама шудаем.
14
Ин суханонро на аз барои он навиштаам, ки шуморо хиҷил кунам, балки шуморо чун фарзандони азизи худ насиҳат медиҳам.
15
Зеро, агарчи шумо даҳ ҳазор муаллим дар Масеҳ доред, лекин падарони бисёр надоред: ман шуморо дар Масеҳ Исо ба воситаи Инҷил ба дунё овардаам.
16
Бинобар ин аз шумо илтимос мекунам: ба ман тақлид намоед.
17
Барои ҳамин ман Тимотиюсро назди шумо фиристодам, ки ӯ фарзанди азиз ва бовариноки ман дар Худованд аст; ва ӯ роҳҳои маро дар Масеҳ ба ёди шумо меоварад, чунон ки ман дар ҳама ҷо дар ҳар ҷамоат таълим медиҳам.
18
Баъзе касон ҳавобаланд шудаанд, ба гумони он ки ман назди шумо намеоям;
19
аммо ба қарибӣ, агар Худованд хоҳад, назди шумо меоям, ва на сухани ҳавобаландонро, балки қуввати онҳоро мефаҳмам,
20
зеро Подшоҳии Худо на дар сухан, балки дар қувват аст.
21
Чӣ мехоҳед? Оё бо калтак назди шумо биёям, ё бо муҳаббат ва рӯҳи мулоимат?
← Chapter 3
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 5 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16