bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
1 Corinthians 16
1 Corinthians 16
Tajik NT 1999
← Chapter 15
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
1
Дар хусуси ҷамъ кардани пул барои муқаддасон, чунон ки ба ҷамоатҳои Ғалотия дастур додаам, ҳамон тавр амал кунед:
2
Дар рӯзи якуми ҳафта бигзор ҳар яке аз шумо, мувофиқи даромадаш, назди худ пасандоз карда нигоҳ дорад, то ки ҳангоми омаданам эҳтиёҷе ба ҷамъ кардан набошад.
3
Ва ҳангоме ки биёям, онҳоеро, ки шумо муносиб донед, бо мактубҳо мефиристам, то хайроти шуморо ба Уршалим баранд.
4
Ва агар рафтани ман ҳам зарур бошад, онҳо ҳамроҳи ман мераванд.
5
Пас аз он ки аз Мақдуния гузарам, назди шумо меоям, зеро аз Мақдуния мегузарам.
6
Лекин эҳтимол дорад, ки муддате назди шумо бошам ё ҳатто зимистонро гузаронам, то ба ҳар ҷое ки равам, шумо маро гусел намоед.
7
Зеро намехоҳам акнун бо шумо фақат дар байни роҳ дидорбинӣ кунам, балки умедворам, ки агар Худованд иҷозат диҳад, якчанд вақт назди шумо монам.
8
Аммо то иди пантикост ман дар Эфесус мемонам,
9
зеро дари бузургу корсозе барои ман кушода шуд, ва мухолифон бисёранд.
10
Агар Тимотиюс ояд, бохабар бошед, ки ӯ назди шумо аз чизе тарс надошта бошад, зеро ӯ кори Худовандро ба ҷо меоварад, чунон ки ман низ.
11
Бинобар ин ҳеҷ кас ӯро хор нашуморад, балки ӯро бо осоиш гусел кунед, то назди ман биёяд, зеро ӯро бо бародарон мунтазирам.
12
Дар хусуси бародари мо Апуллус бошад, ман аз ӯ бисёр хоҳиш кардам, ки бо бародарон назди шумо биёяд, вале ӯ ҳеҷ розигӣ надод, ки акнун биёяд, балки ҳар гоҳ фурсат ёбад, меояд.
13
Ҳушёр бошед, дар имон устувор бошед, мард ва устувор бошед.
14
Бигзор ҳамаи корҳои шумо бо муҳаббат ба ҷо оварда шавад.
15
Аз шумо, эй бародарон, илтимос дорам: шумо хонаводаи Истефанусро мешиносед, ки навбари Охоия ҳастанд ва худро ба хизмати муқаддасон супурдаанд;
16
шумо низ ба ин гуна шахсон ва ба ҳар касе ки ҳамкорӣ мекунад ва меҳнат менамояд, фармонбардор бошед.
17
Аз омадани Истефанус, Фортунатус ва Охойқус хурсандам, чунки онҳо ҷои холии шуморо пур карданд;
18
зеро ба рӯҳи ману шумо қувват бахшиданд. Чунин одамонро шиносед.
19
Ҷамоатҳои вилояти Осиё ба шумо салом мерасонанд. Акило ва Прискила бо ҷамоате ки дар хонаи онҳост, ба шумо саломи бисёре дар Худованд мерасонанд.
20
Ҳамаи бародарон ба шумо салом мерасонанд. Ба якдигар бо бӯсаи муқаддас салом расонед.
21
Ман, Павлус, бо хати худ салом мерасонам.
22
Ҳар кӣ Худованд Исои Масеҳро дӯст надорад, лаънатӣ бод; мороното.
23
Файзи Худованд Исои Масеҳ бо шумо бод.
24
Муҳаббати ман бо ҳамаи шумо дар Масеҳ Исо аст. Омин.
← Chapter 15
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16