bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
1 Corinthians 13
1 Corinthians 13
Tajik NT 1999
← Chapter 12
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 14 →
1
Агар ба забонҳои одамон ва фариштаҳо сухан гӯям, лекин муҳаббат надошта бошам, ман миси ҷарангосзанандае ё санҷи садодиҳандае гардидаам.
2
Ва агар пайғамбарӣ дошта бошам, ва тамоми сирҳо ва ҳар гуна донишро донам, ва агар дорои тамоми имон бошам, ба тавре ки кӯҳҳоро кӯчонда тавонам, лекин муҳаббат надошта бошам, ман ҳеҷ ҳастам.
3
Ва агар тамоми дороии худро тақсим кунам ва бадани худро ба сӯхтан диҳам, лекин муҳаббат надошта бошам, ҳеҷ фоида намебинам.
4
Муҳаббат пурсабр ва меҳрубон аст, муҳаббат ҳасад намебарад, муҳаббат худситоӣ намекунад, ҳавобаланд намешавад,
5
рафтори ношоиста намекунад, фоидаи худро намеҷӯяд, ба хашм намеояд, ба дил кина намегирад,
6
аз беинсофӣ шод намешавад, балки аз ростӣ хурсанд мешавад;
7
ҳама чизро рӯпӯш мекунад, ба ҳама чиз бовар мекунад, ба ҳама чиз умед мебандад, ба ҳама чиз тоб меоварад.
8
Муҳаббат ҳаргиз поён намеёбад, агарчи пайғамбариҳо аз байн мераванд, забонҳо хомӯш мешаванд ва дониш аз байн меравад.
9
Зеро қисман медонем ва қисман пайғамбарӣ мекунем;
10
аммо ҳангоме ки камол меояд, он чи қисман вуҷуд дошт, аз байн меравад.
11
Вақте ки кӯдак будам, кӯдаквор гап мезадам, кӯдаквор фикр мекардам, кӯдаквор далел меовардам; аммо вақте ки мард шудам, кӯдакиро тарк кардам.
12
Зеро ҳоло дар оина, ба таври муаммо мебинем, лекин он вақт рӯ ба рӯ мебинем; ҳоло қисман медонам, лекин он вақт медонам ба монанди он ки худам низ дониста шудаам.
13
Аммо ҳоло ин се чиз боқӣ мемонад: имон, умед, муҳаббат; вале муҳаббат калонтарини онҳост.
← Chapter 12
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 14 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16