bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
1 Corinthians 11
1 Corinthians 11
Tajik NT 1999
← Chapter 10
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 12 →
1
Ба ман тақлид кунед, чунон ки ман ба Масеҳ тақлид мекунам.
2
Шуморо, эй бародарон, барои он таҳсин менамоям, ки дар ҳар хусус маро дар хотир доред ва ривоятҳоро, ончунон ки ба шумо супурдаам, нигоҳ медоред.
3
Ҳамчунин мехоҳам донед, ки сари ҳар мард Масеҳ аст, сари зан мард аст, ва сари Масеҳ Худост.
4
Ҳар марде ки сари пӯшида дуо гӯяд ё пайғамбарӣ кунад, сари худро расво мекунад;
5
ва ҳар зане ки сари нопӯшида дуо гӯяд ё пайғамбарӣ кунад, сари худро расво мекунад, зеро ин монанди он аст, ки сараш тарошида бошад;
6
зеро агар зан сари худро напӯшонад, бигзор мӯяшро низ қайчӣ кунад; ва агар барои зан қайчӣ кардан ё тарошидани мӯяш шармовар бошад, бигзор сари худро пӯшонад.
7
Хуллас, мард набояд сари худро пӯшонад, чунки ӯ сурат ва ҷалоли Худост; аммо зан ҷалоли мард аст.
8
Зеро на мард аз зан аст, балки зан аз мард;
9
ва на мард барои зан офарида шудааст, балки зан барои мард.
10
Бинобар ин зан бояд бар сараш /нишонаи/ ихтиёрро ба хотири фариштаҳо дошта бошад.
11
Лекин дар Худованд на мард бе зан аст, на зан бе мард.
12
Зеро чунон ки зан аз мард аст, ончунон мард низ ба воситаи зан аст; ва ҳамаи ин аз Худост.
13
Худатон фикр кунед, оё аз рӯи одоб аст, ки зан сари нопӯшида ба Худо дуо гӯяд?
14
Оё худи табиат шуморо таълим намедиҳад, ки агар мард мӯи дароз дошта бошад, ин барои ӯ нанг аст,
15
аммо агар зан мӯи дароз дошта бошад, барои вай ҷалол аст, чунки мӯй /ба вай/ ба ҷои ҳиҷоб дода шудааст?
16
Ва агар касе мунозира карданӣ бошад, мо ва ҷамоатҳои Худо чунин одат надорем.
17
Лекин ин дастурро дода, шуморо таҳсин намекунам, зеро ҷамъомадҳои шумо на беҳтар, балки бадтар мешаванд.
18
Зеро, аввалан, шунидам, ки ҳангоме дар ҷамоат ҷамъ мешавед, дар миёни шумо ҷудоиҳо рӯй медиҳанд, ки ба ин то андозае бовар мекунам.
19
Зеро ночор дар миёни шумо гуногунии ақидаҳо +ҳизбҳо низ бояд бошад, то корозмудагон дар миёни шумо аён шаванд.
20
Сипас дар як ҷо ҷамъ шуданатон барои хӯрдани хӯроки шоми Худованд нест;
21
зеро ҳар кас хӯроки худро пештар гирифта мехӯрад, ва яке гурусна мемонад, дигаре маст мешавад.
22
Магар шумо хона надоред, ки дар он хӯред ва нӯшед? Ё ҷамоати Худоро хор мешуморед ва нодоронро хиҷолат медиҳед? Ба шумо чӣ гӯям? Оё барои ин шуморо таҳсин кунам? Таҳсин намекунам.
23
Зеро ман аз Худованд чунин қабул кардам ва ба шумо низ супурдам, ки Худованд Исо дар он шабе ки ӯро таслим карданд, нонро гирифт
24
ва шукргузорӣ намуда, пора кард ва гуфт: “Гиред, хӯред, ин бадани Ман аст, ки барои шумо пора карда мешавад; инро барои ёдоварии Ман ба ҷо оваред”.
25
Ҳамчунин косаро пас аз хӯроки шом гирифта, гуфт: “Ин коса аҳди нав аст дар хуни Ман; инро, ҳар боре ки менӯшед, барои ёдоварии Ман ба ҷо оваред”.
26
Зеро ҳар боре ки ин нонро мехӯред ва ин косаро менӯшед, марги Худовандро эълон мекунед, то даме ки Ӯ биёяд.
27
Бинобар ин ҳар кӣ ба таври ношоиста ин нонро хӯрад ё косаи Худовандро нӯшад, нисбат ба бадани Худованд ва хуни Худованд айбдор мешавад.
28
Пас, одамизод бояд худро санҷад, ва ҳамин гуна аз он нон хӯрад ва аз он коса нӯшад.
29
Зеро, кас агар дар бораи бадани Худованд мулоҳиза накарда, ба таври ношоиста хӯрад ва нӯшад, вай ба маҳкумияти худ мехӯрад ва менӯшад.
30
Ба ҳамин сабаб бисёре аз шумо беқувват ва бемор ҳастанд, ва бисёре ба хоби /марг/ рафтаанд.
31
Зеро, агар худамонро доварӣ мекардем, ба доварӣ дучор намешудем.
32
Модоме ки ба доварӣ дучор шудаем, аз ҷониби Худованд ҷазо мебинем, то бо аҳли ҷаҳон маҳкум нагардем.
33
Бинобар ин, эй бародаронам, ҳангоме ки барои хӯрдан ҷамъ мешавед, мунтазири якдигар бошед.
34
Ва агар касе гурусна бошад, дар хонааш хӯрад, то ки ҷамъ шуданатон сабаби маҳкумияти шумо нагардад. Чизҳои дигарро пас аз омаданам дуруст мекунам.
← Chapter 10
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 12 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16