bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
1 Corinthians 6
1 Corinthians 6
Tajik NT 1999
← Chapter 5
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 7 →
1
Касе аз шумо, ки ба дигаре даъво дорад, чӣ гуна ҷуръат мекунад мурофиаи худро назди беинсофон барад, на назди муқаддасон?
2
Магар намедонед, ки муқаддасон ҷаҳонро доварӣ хоҳанд кард? Ва агар шумо ҷаҳонро доварӣ мекарда бошед, оё сазовори он нестед, ки корҳои хурдтарро доварӣ кунед?
3
Магар намедонед, ки мо фариштаҳоро доварӣ хоҳем кард? Пас чӣ қадар бештар корҳои ин зиндагиро!
4
Лекин шумо, ҳангоме ки оид ба ин зиндагӣ мурофиа доред, онҳоеро, ки дар ҷамоат эътиборе надоранд, ба доварӣ мешинонед.
5
Барои шарм доштанатон мегӯям: оё дар байни шумо як бохирад ҳам нест, ки дар миёни бародарони худ доварӣ карда тавонад?
6
Аммо бародар бо бародар мурофиа мекунад, он ҳам дар пеши беимонон.
7
Худи ҳамин ҳам барои шумо айб аст, ки байни худ мурофиа доред. Чаро ба беинсофӣ дучор шуданро беҳтар намеҳисобед? Чаро зарар диданро беҳтар намеҳисобед?
8
Балки худатон беинсофӣ мекунед ва зарар мерасонед, он ҳам ба бародарони худ.
9
Оё намедонед, ки беинсофон вориси Подшоҳии Худо намешаванд? Фирефта нашавед: фосиқон, бутпарастон, зинокорон, шаҳватпарастон, бачабозон,
10
дуздон, тамаъкорон, бадмастон, бадзабонон, ғоратгарон вориси Подшоҳии Худо намешаванд.
11
Ва баъзе аз шумо чунин будед; аммо шуста шудед, муқаддас гардидед, сафед шудед дар номи Худованд Исо ва дар Рӯҳи Худои мо.
12
Ҳама чиз барои ман равост, лекин на ҳар чиз фоиданок аст. Ҳама чиз барои ман равост, лекин набояд чизе маро бандаи худ гардонад.
13
Хӯрок барои шикам аст, ва шикам барои хӯрок; аммо Худо инро ва онро нест мекунад. Лекин бадан на барои фосиқӣ, балки барои Худованд аст, ва Худованд барои бадан аст.
14
Ва Худо бо қуввати Худ ҳам Худовандро бархезонд ва ҳам моро бармехезонад.
15
Магар намедонед, ки баданҳои шумо узвҳои Масеҳанд? Пас оё узвҳои Масеҳро мегирам, то онҳоро узвҳои фоҳиша гардонам? Ҳеҷ гоҳ!
16
Оё намедонед, ки ҳар кӣ бо фоҳиша пайвандад, бо вай як тан мешавад? Зеро гуфта шудааст: “Ҳар ду як тан мешаванд”.
17
Аммо ҳар кӣ бо Худованд пайвандад, бо Ӯ як рӯҳ аст.
18
Аз фосиқӣ гурезед. Ҳар гуноҳе ки инсон мекунад, аз бадан берун аст, лекин фосиқ ба бадани худ гуноҳ мекунад.
19
Оё намедонед, ки бадани шумо ибодатхонаи Рӯҳулқудс аст, ки дар шумост ва Онро аз Худо ёфтаед, ва аз они худ нестед?
20
Зеро ба нархи гарон харида шудаед. Пас, дар бадани худ ва дар рӯҳи худ Худоро ҷалол диҳед, ки онҳо аз они Худоянд.
← Chapter 5
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 7 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16