bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
1 Corinthians 14
1 Corinthians 14
Tajik NT 1999
← Chapter 13
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 15 →
1
Дар пайи муҳаббат бошед; хоҳони атоҳои рӯҳонӣ низ бошед, хусусан пайғамбарӣ.
2
Зеро касе ки ба забоне сухан мегӯяд, вай на ба одамон, балки ба Худо сухан мегӯяд, чунки ҳеҷ кас намефаҳмад: вай дар рӯҳ сирҳоро ба забон меоварад.
3
Аммо касе ки пайғамбарӣ мекунад, ба одамон барои обод кардан ва насиҳату тасаллӣ додан сухан мегӯяд.
4
Касе ки ба забоне сухан мегӯяд, худро обод мекунад; аммо касе ки пайғамбарӣ мекунад, ҷамоатро обод мекунад.
5
Мехоҳам, ки ҳамаатон ба забонҳо сухан гӯед; лекин беҳтар аст, ки пайғамбарӣ кунед, зеро он ки пайғамбарӣ мекунад, бузургтар аст аз он ки ба забонҳо сухан мегӯяд, магар ин ки тарҷума ҳам кунад, то ҷамоат обод шавад.
6
Ва акнун, эй бародарон, агар назди шумо биёям ва ба забонҳо сухан гӯям, чӣ фоидае ба шумо мерасонам, магар ин ки бо ваҳйе, ё донише, ё пайғамбарие, ё таълиме ба шумо сухан гӯям?
7
Аммо агар асбоби беҷони садодиҳанда, най ё чанг, садоҳои аз ҳам ҷудо набарорад, кас чӣ гуна мефаҳмад, ки бо най ё чанг чӣ оҳанге менавозанд?
8
Ва агар карнай садои номуайяне барорад, кӣ ба ҳарбу зарб омода мешавад?
9
Ҳамчунин агар шумо суханони норавшане ба забон ронед, чӣ гуна мефаҳманд, ки шумо чӣ мегӯед? Шумо ба ҳаво сухан мегӯед.
10
Масалан, дар дунё чӣ қадар овозҳои гуногун ҳастанд, ва ҳеҷ яке аз онҳо бе садои махсусаш нест;
11
аммо, агар маънои овозҳоро надонам, барои гӯянда хориҷӣ ҳастам, ва гӯянда барои ман хориҷист.
12
Ҳамчунин шумо, ки хоҳони атоҳои рӯҳонӣ ҳастед, саъю кӯшиш кунед, ки барои ободии ҷамоат онҳоро ба фаровонӣ дошта бошед.
13
Бинобар ин касе ки ба забоне сухан мегӯяд, бигзор дар бораи тарҷумаи он дуо кунад.
14
Зеро, ҳангоме ки ба забоне дуо мегӯям, рӯҳам дуо мегӯяд, лекин маро намефаҳманд.
15
Пас чӣ бояд кард? Бо рӯҳ дуо мегӯям, ва низ фаҳмо дуо мегӯям; бо рӯҳ суруд мехонам, ва низ фаҳмо суруд мехонам.
16
Зеро, агар ту бо рӯҳ ситоиш кунӣ, бехабаре ки дар он ҷо истода бошад, дар вақти шукргузории ту чӣ гуна “омин” гӯяд? Зеро ӯ он чиро, ки ту мегӯӣ, намедонад.
17
Ту нағз шукргузорӣ мекунӣ, лекин каси дигар обод намешавад.
18
Худоямро шукр мегӯям, ки ман беш аз ҳамаи шумо бо забонҳо сухан мегӯям.
19
Лекин дар ҷамоат фаҳмо гуфтани панҷ калимаро, то дигаронро низ насиҳат кунам, беҳтар меҳисобам аз он ки даҳ ҳазор калимаро ба забоне гӯям.
20
Эй бародарон! Дар фаҳм кӯдак набошед, балки нисбат ба бадӣ кӯдак бошед, ва дар фаҳм калонсол бошед.
21
Дар Таврот навишта шудааст: “Бо забонҳои дигар ва бо лабҳои дигар ба ин қавм сухан хоҳам гуфт, Лекин дар он вақт ҳам Маро гӯш намекунанд, мегӯяд Худованд”.
22
Пас забонҳо аломатанд на барои имондорон, балки барои беимонон; аммо пайғамбарӣ на барои беимонон, балки барои имондорон аст.
23
Агар тамоми ҷамоат дар як ҷо ҷамъ шавад, ва ҳама ба забонҳо сухан гӯянд, ва бехабарон ё беимонон дароянд, оё онҳо намегӯянд, ки шумо девона шудаед?
24
Аммо вақте ки ҳама пайғамбарӣ мекунанд, ва каси беимоне ё бехабаре медарояд, вай ба воситаи ҳама маҳкум мешавад, ба воситаи ҳама доварӣ карда мешавад.
25
Ва ҳамин тавр сирҳои дилаш ошкор мегардад; бинобар ин ӯ рӯй ба замин ниҳода, ба Худо саҷда мекунаду нидо мекунад: “Ҳақиқатан Худо дар миёни шумост”.
26
Пас, эй бародарон, чӣ бояд кард? Вақте ки ҷамъ мешавед, ҳар яке аз шумо таронае аз Забур, ё таълиме, ё забоне, ё ваҳйе, ё тарҷумае дорад; бигзор ҳамааш барои обод кардан бошад.
27
Агар касе ба забоне сухан мегуфта бошад, ду нафар, ё бисёраш се нафар, он ҳам ҷудо-ҷудо, сухан гӯед, ва касе тарҷума кунад.
28
Ва агар тарҷумон набошад, бигзор дар ҷамоат хомӯш монад, ё ба худ ва ба Худо сухан гӯяд.
29
Ва аз пайғамбарон бигзор ду ё се нафар сухан гӯянд, ва дигарон муҳокима кунанд.
30
Аммо агар ба шахси дигаре аз нишастагон ваҳй ояд, бигзор шахси аввал хомӯш шавад.
31
Зеро ҳама пайи ҳам метавонед пайғамбарӣ кунед, то ҳама таълим гиранд ва ҳама тасаллӣ ёбанд.
32
Ва рӯҳҳои пайғамбарон дар итоати пайғамбарон мебошанд,
33
чунки Худо Худои бетартибӣ нест, балки Худои осоиш аст.
34
Чунон ки дар ҳамаи ҷамоатҳои муқаддасон аст, бигзор занони шумо низ дар ҷамоатҳо хомӯш бошанд; зеро раво нест, ки сухан гӯянд, балки бояд фармонбардор бошанд, чунон ки Таврот низ мегӯяд.
35
Лекин агар онҳо хоҳанд чизе ёд гиранд, бигзор дар хона аз шавҳари худ пурсанд; зеро дар ҷамоатҳо сухан гуфтани зан шармовар аст.
36
Магар каломи Худо аз шумо баромадааст? Ё он танҳо ба шумо расидааст?
37
Агар касе худро пайғамбар ё рӯҳонӣ ҳисоб кунад, бигзор фаҳмад, ки он чи ман ба шумо менависам, фармудаҳои Худованд аст;
38
ва агар касе нафаҳмад, бигзор нафаҳмад.
39
Хуллас, эй бародарон, хоҳони он бошед, ки пайғамбарӣ кунед, ва ба забонҳо сухан гуфтанро манъ накунед.
40
Ҳамааш бояд бо тартибу интизом ба амал ояд.
← Chapter 13
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 15 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16