bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
1 Corinthians 3
1 Corinthians 3
Tajik NT 1999
← Chapter 2
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 4 →
1
Ва ман, эй бародарон, натавонистам ба шумо чун ба касони рӯҳонӣ сухан ронам, балки чун ба касони ҷисмонӣ, ё кӯдакон дар Масеҳ.
2
Шуморо шир хӯрондам, на ғизои сахт, зеро шумо ҳанӯз омодагӣ барои он надоштед ва ҳоло низ надоред,
3
чунки шумо ҳанӯз ҷисмонӣ ҳастед. Зеро, модоме ки дар миёни шумо ҳасад, ҷанҷол ва ҷудоиҳо ҳаст, оё шумо ҷисмонӣ нестед ва оё ба таври инсонӣ рафтор намекунед?
4
Зеро, вақте ки яке: “Ман аз они Павлус ҳастам” ва дигаре: “Ман аз они Апуллус” мегӯяд, — оё шумо ҷисмонӣ нестед?
5
Пас, Павлус кист? Ва Апуллус кист? Онҳо танҳо хизматгузороне ҳастанд, ки ба воситаи онҳо шумо имон овардаед; ва ҳар яке чунон ки Худованд ба вай ато кардааст, хизмат мекунад.
6
Ман кишт кардам, Апуллус об дод, лекин Худо сабзонд.
7
Бинобар ин на кишткунанда аҳамият дорад, на обдиҳанда, балки Худои сабзонанда.
8
Кишткунанда ва обдиҳанда баробаранд, лекин ҳар яке музди худро мувофиқи меҳнати худ мегирад.
9
Зеро ки мо ҳамкорони Худо ҳастем; шумо киштзори Худо, иморати Худо ҳастед.
10
Аз рӯи файзи Худо, ки ба ман ато шудааст, ман, чун меъмори доно, таҳкурсӣ ниҳодам, ва дигаре бар он иморат месозад; лекин ҳар кас бохабар бошад, ки чӣ гуна месозад.
11
Зеро ҳеҷ кас таҳкурсии дигаре ниҳода наметавонад, ғайр аз он ки ниҳода шудааст, ки он Исои Масеҳ аст.
12
Ва агар касе бар ин таҳкурсӣ иморате аз тилло, нуқра, сангҳои қиматбаҳо, ё чӯб, хасбеда, коҳ бино кунад,
13
кори ҳар кас аён мешавад; зеро он рӯз нишон медиҳад, чунки дар оташ ошкор мешавад, ва оташ кори ҳар касро озмоиш мекунад, ки он чӣ гуна аст.
14
Агар кори касе ки бар он сохтааст, пойдор монад, вай музд мегирад.
15
Ва агар кори касе сӯзад, вай зиён мебинад; валекин худаш наҷот меёбад, аммо тавре ки гӯё аз даруни оташ гузашта бошад.
16
Оё намедонед, ки ибодатхонаи Худо ҳастед, ва Рӯҳи Худо дар шумо сокин аст?
17
Агар касе ибодатхонаи Худоро вайрон кунад, Худо ӯро хонавайрон мекунад, зеро хонаи Худо муқаддас аст, ва он шумо ҳастед.
18
Касе худро фиреб накунад: агар касе аз шумо худро дар ин давра хирадманд медониста бошад, бигзор нодон шавад, то хирадманд гардад.
19
Зеро ки ҳикмати ин ҷаҳон пеши Худо нодонӣ аст, чунки навишта шудааст: “хирадмандонро ба макри худашон гирифтор мекунад”.
20
Ва боз: “Худованд фикрҳои хирадмандонро медонад, ки ҳеҷ аст”.
21
Хуллас, ҳеҷ кас бо одамон фахр накунад, зеро ҳамааш аз они шумост:
22
хоҳ Павлус, хоҳ Апуллус, хоҳ Кифо, хоҳ ҷаҳон, хоҳ ҳаёт, хоҳ марг, хоҳ ҳозира, хоҳ оянда — ҳамааш аз они шумост;
23
ва шумо аз они Масеҳ ҳастед, ва Масеҳ аз они Худост.
← Chapter 2
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 4 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16