bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
1 Corinthians 8
1 Corinthians 8
Tajik NT 1999
← Chapter 7
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 9 →
1
Дар бораи қурбониҳои бутҳо, мо медонем, ки ҳамаамон соҳиби дониш ҳастем. Дониш ҳавобаланд мегардонад, аммо муҳаббат обод мекунад.
2
Агар касе гумон кунад, ки чизе медонад, ҳанӯз чунон ки донистан даркор аст, намедонад;
3
аммо касе ки Худоро дӯст медорад, назди Ӯ шинохта шудааст.
4
Пас, дар бораи хӯрдани қурбониҳои бутҳо мо медонем, ки бут дар ҷаҳон ҳеҷ аст, ва ғайр аз Худои Ягона худои дигаре нест.
5
Зеро, ҳарчанд ба ном худоён чи дар осмон, чи дар замин ҳастанд, — чунки худоёни бисёр ва худовандони бисёр ҳастанд, —
6
мо як Худо дорем, яъне Падар, ки ҳама чиз аз ӯст, ва мо барои ӯ ҳастем, ва як Худованд дорем, яъне Исои Масеҳ, ки ҳама чиз ба воситаи Ӯст, ва мо ба воситаи Ӯ ҳастем.
7
Аммо ҳама дорои ин дониш нестанд: баъзе касон то ҳол ба будани бут эътимод дошта, ин хӯрокро чун қурбонии бут мехӯранд, ва виҷдони онҳо, ки нотавон аст, нопок мешавад.
8
Хӯрок моро ба Худо наздик намекунад, зеро на бо хӯрдан беҳтар мешавем, на бо нахӯрдан бадтар.
9
Аммо бохабар бошед, ки ин озодии шумо сабаби пешпо хӯрдани нотавонон нашавад.
10
Зеро, агар касе туро, ки соҳиби дониш ҳастӣ, бинад, ки дар сари дастархони бутхона нишастаӣ, оё виҷдони ӯ, ки нотавон аст, ӯро ба хӯрдани қурбониҳои бутҳо моил намекунад?
11
Ва аз дониши ту он бародари нотавон, ки Масеҳ барои ӯ мурд, нобуд мешавад.
12
Ва ҳамин тавр зидди бародарон гуноҳ карда ва ба виҷдони нотавони онҳо осеб расонда, шумо зидди Масеҳ гуноҳ мекунед.
13
Бинобар ин, агар хӯрок бародари маро ба васваса меандохта бошад, ҳаргиз гӯшт намехӯрам, то бародари худро ба васваса наандозам.
← Chapter 7
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 9 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16