bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
1 Corinthians 12
1 Corinthians 12
Tajik NT 1999
← Chapter 11
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 13 →
1
Аммо дар хусуси чизҳои рӯҳонӣ, эй бародарон, намехоҳам бехабар монед.
2
Медонед, ки шумо, вақте ки /аз ҷумлаи/ халқҳо будед, назди бутҳои безабон тавре мерафтед, ки гӯё шуморо кашида мебурданд.
3
Бинобар ин шуморо огоҳ менамоям, ки ҳеҷ кас, ки дар Рӯҳи Худо сухан мегӯяд, наметавонад лаънат бар Исо гӯяд, ва ҳеҷ кас наметавонад Исоро Худованд хонад, магар дар Рӯҳулқудс.
4
Атоҳо гуногунанд, лекин Рӯҳ ҳамон як аст;
5
ва хизматҳо гуногунанд, аммо Худованд ҳамон як аст;
6
ва амалҳо гуногунанд, аммо Худо ҳамон як аст, ки ҳама чизро дар ҳама ба амал меоварад.
7
Лекин ба ҳар кас зоҳир шудани Рӯҳ барои манфиати ҳамагон бахшида мешавад:
8
зеро ба яке ба воситаи Рӯҳ каломи ҳикмат бахшида мешавад, ба дигаре каломи дониш, мувофиқи ҳамон Рӯҳ;
9
ба яке имон, дар ҳамон Рӯҳ; ба дигаре атоҳои шифо додан, дар ҳамон Рӯҳ;
10
ба дигаре муъҷизанамоӣ, ба дигаре пайғамбарӣ, ба дигаре фарқ кардани рӯҳҳо; ба яке забонҳои гуногун ва ба дигаре тарҷумаи забонҳо.
11
Ҳамаи инро ҳамон як Рӯҳ ба амал меоварад, ки шахсан ба ҳар кас мувофиқи хости Худ тақсим мекунад.
12
Зеро, чунон ки бадан як аст, лекин узвҳои бисёр дорад, ва ҳамаи узвҳои як бадан, агарчи бисёранд, як тан мебошанд, ончунон Масеҳ низ.
13
Зеро ҳамаи мо, хоҳ яҳудиён, хоҳ юнониён, хоҳ ғуломон, хоҳ озодон, дар як Рӯҳ ба як бадан таъмид ёфтаем, ва ҳама ба як Рӯҳ нӯшонида шудаем.
14
Зеро бадан на аз як узв, балки аз узвҳои бисёр иборат аст.
15
Агар по гӯяд: “Азбаски даст нестам, аз бадан намебошам”, оё ба ин сабаб аз бадан нест?
16
Ва агар гӯш гӯяд: “Азбаски чашм нестам, аз бадан намебошам”, оё ба ин сабаб аз бадан нест?
17
Агар тамоми бадан чашм бошад, шунавоӣ куҷост? Агар ҳамааш шунавоӣ бошад, бӯидан куҷост?
18
Аммо акнун Худо ба узвҳо, ба ҳар яке аз онҳо, дар бадан, мувофиқи хости Худ ҷой додааст.
19
Ва агар ҳама як узв мебуданд, бадан куҷост?
20
Ва инак узвҳо бисёранд, лекин бадан як аст.
21
Чашм наметавонад ба даст гӯяд: “Ба ман даркор нестӣ”; ё сар низ ба пойҳо гӯяд: “Ба ман даркор нестед”.
22
Баръакс, он узвҳои бадан, ки ба назар заифтар менамоянд, заруранд,
23
ва узвҳоеро, ки эҳтиромашон дар бадан ба назари мо камтар аст, бештар ҳурмат мекунем; ва узвҳои бадсурати мо зеботар пӯшонда мешаванд;
24
вале узвҳои хушсурати мо ба ин эҳтиёҷ надоранд. Лекин Худо баданро тавре ба соз овардааст, ки ба узви номукаммалтар ҳурмати бештаре додааст,
25
то дар бадан носозӣ пайдо нашавад, балки узвҳо ба якдигар як хел ғамхорӣ кунанд.
26
Ва агар як узв дардманд шавад, ҳамаи узвҳо бо он ҳамдард мешаванд; ва агар як узв сазовори таҳсин гардад, бо он ҳамаи узвҳо хурсанд мешаванд.
27
Шумо бадани Масеҳ ҳастед, вале ҷудо-ҷудо узвҳои Ӯ мебошед.
28
Ва Худо баъзеро дар ҷамоат аввалан расул, дуюм пайғамбар, сеюм муаллим таъйин кардааст; сипас қувваҳои муъҷизакор, ҳамчунин атоҳои шифо додан, мадад расондан, идора кардан ва забонҳои гуногунро бахшидааст.
29
Оё ҳама расуланд? Оё ҳама пайғамбаранд? Оё ҳама муаллиманд? Оё ҳама муъҷизакоранд?
30
Оё ҳама атоҳои шифодиҳӣ доранд? Оё ҳама бо забонҳо сухан мегӯянд? Оё ҳама тарҷума мекунанд?
31
Хоҳони атоҳои беҳтар бошед, ва ман ба шумо роҳи боз ҳам хубтарро нишон медиҳам.
← Chapter 11
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 13 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16