bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
1 Corinthians 9
1 Corinthians 9
Tajik NT 1999
← Chapter 8
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 10 →
1
Оё ман расул нестам? Оё ман озод нестам? Оё ман Худованди мо Исои Масеҳро надидаам? Оё шумо амали ман дар Худованд нестед?
2
Агар барои дигарон расул набошам, барои шумо ҳастам, зеро мӯҳри расулии ман дар Худованд шумо ҳастед.
3
Ҷавоби ман ба онҳое ки маро сарзаниш мекунанд, ҳамин аст.
4
Оё мо ҳаққи хӯрдан ва нӯшидан надорем?
5
Оё ҳақ надорем чун расулони дигар ва бародарони Худованд ва Кифо хоҳареро ба занӣ гирифта, ҳамроҳи худ барем?
6
Оё танҳо ман ва Барнаббо ҳақ надорем кор накунем?
7
Кист, ки ягон вақт хизмати сарбозиро бо харҷи худ ба ҷо оварда бошад? Кист, ки ток шинонда, аз ангураш намехӯрда бошад? Ё кист, ки рамаро чаронда, аз шири рама намехӯрда бошад?
8
Оё инро фақат ба таври инсонӣ мегӯям? Оё шариат низ инро намегӯяд?
9
Зеро дар Тавроти Мусо навишта шудааст: “Вақте ки барзагов хирман мекӯбад, даҳонашро набанд”. Оё Худо дар фикри барзаговон аст?
10
Ё албатта барои мо гуфта шудааст? Оре, ин барои мо навишта шудааст, ки шудгоркунанда бояд бо умед шудгор кунад, ва хирманкӯб бо умеди гирифтани ҳиссаи худ хирман кӯбад.
11
Модоме ки мо дар миёни шумо чизҳои рӯҳониро коштаем, оё ин як кори бузург аст, ки назди шумо чизҳои ҷисмониро дарав кунем?
12
Агар дигарон назди шумо ҳақ дошта бошанд, оё ҳаққи мо зиёдтар нест? Лекин мо аз ин ҳақ истифода набурдем, балки ба ҳар чиз тоб меоварем, то ба Инҷили Масеҳ монеае нагузорем.
13
Магар намедонед, ки онҳое ки дар ибодатгоҳ кор мекунанд, аз ибодатгоҳ мехӯранд? Ва онҳое ки хизмати қурбонгоҳро мекунанд, аз қурбонгоҳ ҳиссае мегиранд?
14
Ҳамчунин Худованд фармудааст, ки онҳое ки Инҷилро мавъиза мекунанд, аз Инҷил зиндагӣ кунанд.
15
Лекин ман аз инҳо ҳеҷ якеро истифода накардаам. Ва инро на аз барои он навиштаам, ки барои ман ҳамин тавр бошад; зеро барои ман мурдан беҳтар аст аз он ки касе ин фахри маро нест кунад.
16
Зеро, агар башорат диҳам, ин барои ман сабаби фахр нест, чунки ин барои ман як кори зарурӣ аст: вой бар ман, агар башорат надиҳам!
17
Зеро, агар инро ихтиёрӣ ба ҷо оварам, подош мегирам; лекин агар ғайриихтиёрӣ бошад, ин як вазифаи маъмуриест, ки бар ман гузошта шудааст.
18
Пас подоши ман чист? Он аст, ки Инҷилро мавъиза намуда, дар бораи Масеҳ бемузд башорат медиҳам ва аз ҳаққи башоратдиҳандагии худ истифода намебарам.
19
Зеро, агарчи аз ҳама озодам, худро ғуломи ҳама гардондам, то шумораи бештари одамонро ба Масеҳ ҷалб намоям.
20
Барои яҳудиён чун яҳудӣ шудам, то яҳудиёнро ҷалб намоям; барои аҳли шариат чун аҳли шариат шудам, то аҳли шариатро ҷалб намоям;
21
барои бешариатон чун бешариат шудам, — ҳарчанд ки пеши Худо бешариат нестам, балки аз аҳли шариати Масеҳам, — то бешариатонро ҷалб намоям.
22
Барои нотавонон чун нотавон шудам, то ки нотавононро ҷалб намоям. Барои ҳама кас ҳама чиз шудам, то бо ҳар роҳ баъзе касонро наҷот диҳам.
23
Инро барои Инҷил мекунам, то шарики он бошам.
24
Оё намедонед, ки давандагони майдони мусобиқа ҳама медаванд, аммо танҳо як нафар мукофот мегирад? Чунон давед, ки соҳиби он гардед.
25
Ҳамаи варзишгарон аз ҳар чиз худдорӣ мекунанд: онҳо барои гирифтани тоҷи нобудшаванда, лекин мо барои гирифтани тоҷи нобуднашаванда.
26
Бинобар ин ман медавам на он тавре ки беҳуда бошад; мушт мезанам на он тавре ки фақат барои задани ҳаво бошад;
27
балки бадани худро азоб медиҳам ва ғулом мегардонам, то ба дигарон мавъиза намуда, худам маҳрум набошам.
← Chapter 8
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 10 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16