bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Mark 1
Mark 1
Tajik NT 1999
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 2 →
1
Оғози Инҷили Исои Масеҳ, Писари Худо,
2
чунон ки дар навиштаҳои пайғамбарон омадааст: “Инак, Ман қосиди Худро пешопеши Ту мефиристам, То роҳи Туро пеши Ту омода кунад”;
3
“Овози нидокунандае дар биёбон: Роҳи Худовандро тайёр кунед, Роҳҳои Ӯро рост кунед”.
4
Яҳёи Таъмиддиҳанда ба биёбон омада, барои бахшоиши гуноҳҳо таъмиди тавбаро мавъиза мекард.
5
Тамоми мардуми сарзамини Яҳудия ва сокинони Уршалим берун омада, назди вай мерафтанд ва ба гуноҳҳои худ иқрор шуда, дар дарёи Урдун аз вай таъмид мегирифтанд.
6
Яҳё либосе аз пашми шутур дар бар ва камарбанде аз чарм дар камар дошт, малах ва асали ёбоӣ мехӯрд.
7
Ва мавъиза карда, мегуфт: «Аз паси ман Касе меояд, ки аз ман тавонотар аст, ва ман сазовори он нестам, ки хам шуда, банди пойафзоли Ӯро кушоям;
8
ман шуморо бо об таъмид додам, лекин Ӯ шуморо бо Рӯҳулқудс таъмид медиҳад».
9
Дар он айём чунин шуд, ки Исо аз Носираи Ҷалил омада, дар Урдун аз Яҳё таъмид гирифт.
10
Чун аз об баромад, дарҳол дид, ки осмон шикофта аст ва Рӯҳ монанди кабӯтаре бар Ӯ мефурояд.
11
Ва овозе аз осмон расид: «Ту Писари дӯстдоштаи Ман ҳастӣ; Ман аз Ту хушнудам».
12
Пас аз он фавран Рӯҳ Ӯро ба биёбон бурд.
13
Ва Ӯ чил рӯз дар биёбон буд, ва шайтон Ӯро меозмуд; бо ҳайвонҳои ваҳшӣ буд, ва фариштаҳо ба Ӯ хизмат мекарданд.
14
Пас аз он ки Яҳё таслим карда шуд, Исо ба Ҷалил омад ва Инҷили Подшоҳии Худоро мавъиза карда, гуфт:
15
«Вақт расидааст ва Подшоҳии Худо наздик аст. Тавба кунед ва ба Инҷил бовар кунед».
16
Ва чун аз канори кӯли Ҷалил мегузашт, Шимъун ва бародараш Андриёсро дид, ки дар кӯл тӯр меандохтанд, чунки моҳигир буданд.
17
Ва Исо ба онҳо гуфт: «Маро пайравӣ кунед, ва Ман шуморо сайёди одамон гардонам».
18
Дарҳол онҳо тӯрҳои худро монда, аз пайи Ӯ равона шуданд.
19
Чун аз он ҷо каме пеш рафт, Яъқуб ибни Забдой ва бародари вай Юҳанноро дид, ки дар киштӣ тӯрҳои худро соз мекунанд,
20
ва дарҳол онҳоро даъват намуд. Онҳо падари худ Забдойро дар киштӣ бо коргарон гузошта, аз пайи Ӯ равона шуданд.
21
Ва онҳо ба Кафарнаҳум омаданд; ва дере нагузашта Ӯ дар рӯзи шанбе ба куништ даромада, ба таълим додан сар кард.
22
Мардум аз таълими Ӯ дар ҳайрат монданд, чунки онҳоро ҳамчун соҳибқудрат таълим медод, на ҳамчун китобдонон.
23
Дар куништи онҳо касе буд, ки рӯҳи нопок дошт, ва якбора фарёд зада,
24
гуфт:«Ба мо чӣ кор дорӣ, эй Исои Носирӣ? Ту барои нест кардани мо омадаӣ! Ман медонам, ки Ту кистӣ; Ту Қуддуси Худоӣ!»
25
Исо вайро манъ карда, гуфт: «Хомӯш шав ва аз вай берун ой!»
26
Рӯҳи нопок вайро ба ларза андохта, бо овози баланд фарёд заду аз вай берун шуд.
27
Ҳама ба воҳима афтоданд, ба дараҷае ки аз якдигар мепурсиданд: «Ин чист? Ин чӣ таълимоти навест, ки Ӯ ба рӯҳҳои нопок низ боқудратона мефармояд, ва онҳо ба Ӯ итоат мекунанд?»
28
Ва овозаи Ӯ зуд дар тамоми сарзамини Ҷалил паҳн шуд.
29
Ва аз куништ баромада, дарҳол бо Яъқуб ва Юҳанно ба хонаи Шимъун ва Андриёс омаданд.
30
Хушдомани Шимъун таб карда, хобида буд, ва дарҳол Ӯро аз ин ҳолати вай хабардор карданд.
31
Ва Ӯ наздик шуда, дасти вайро гирифта, бархезонд; таби вай дарҳол паст шуду вай онҳоро пазироӣ кард.
32
Бегоҳӣ, ки офтоб фурӯ рафта буд, ҳамаи беморон ва девзадагонро назди Ӯ оварданд.
33
Ва тамоми аҳли шаҳр пеши дари хона гирд омаданд.
34
Ва Ӯ бисёр касонро, ки ба бемориҳои гуногун гирифтор буданд, шифо бахшид ва бисёр девҳоро берун кард ва намонд, ки девҳо сухан ронанд, чунки Ӯро мешинохтанд.
35
Пагоҳӣ, хеле барвақт хеста, берун рафт ва ба ҷои хилвате расида, дар он ҷо дуо гуфт.
36
Шимъун ва касоне ки наздаш буданд, аз пайи Ӯ шитофтанд;
37
чун Ӯро ёфтанд, гуфтанд: «Ҳама Туро меҷӯянд».
38
Ӯ ба онҳо гуфт: «Ба деҳоту шаҳрҳои наздик равем, то Ман дар он ҷо низ мавъиза кунам, чунки Ман барои ҳамин омадаам».
39
Ва Ӯ дар тамоми Ҷалил дар куништҳои онҳо мавъиза мекард ва девҳоро берун мекард.
40
Махавие назди Ӯ омада, зорӣ кард ва зону зада, гуфт: «Агар хоҳӣ, метавонӣ маро пок кунӣ».
41
Исо, раҳмаш омада, дасташро дароз карда ба вай расонд ва гуфт: «Мехоҳам, пок шав!»
42
Баъд аз ҳамин сухан махав дарҳол аз баданаш нест шуду вай пок гардид.
43
Ва вайро бо таъкиди ҷиддӣ дарҳол аз Худ дур намуда,
44
ба вай гуфт: «Огоҳ бош, ба касе чизе нагӯй, балки рафта худро ба коҳин нишон деҳ ва барои пок шудани худ он чиро, ки Мусо фармудааст, тақдим кун, то барои онҳо шаҳодате бошад».
45
Лекин вай берун рафта, ин воқеаро овоза ва нақл кардан гирифт, ба дараҷае ки Исо дигар ошкоро ба шаҳре даромада наметавонист, балки берун аз шаҳр дар ҷойҳои беодам мемонд. Ва мардум аз ҳар сӯ назди Ӯ меомаданд.
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 2 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16