bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Mark 16
Mark 16
Tajik NT 1999
← Chapter 15
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
1
Пас аз гузаштани шанбе, Марями Маҷдалия ва Маряме ки модари Яъқуб буд, ва Салӯмит хушбӯиҳо хариданд, то рафта ба Ӯ моланд.
2
Ва хеле барвақт дар рӯзи якуми ҳафта, чун офтоб баромад, онҳо ба сари қабр омаданд.
3
Ва ба ҳамдигар мегуфтанд: «Сангро аз даҳанаи қабр барои мо кӣ меғелонад?»
4
Чун нигаристанд, диданд, ки санг ғелонда шудааст; ва ҳол он ки он бисёр калон буд.
5
Ва чун ба қабр даромаданд, ҷавонеро дар тарафи рост нишаста диданд, ки либоси сафед дар бар дошт; ва тарсиданд.
6
Вай ба онҳо гуфт: «Натарсед. Исои Носирии ба салиб кашидашударо ҷустуҷӯ мекунед; Ӯ зинда шуд ва дар ин ҷо нест. Инак ҷое ки Ӯро гузошта буданд.
7
Лекин рафта, ба шогирдони Ӯ ва ба Петрус гӯед, ки Ӯ пеш аз шумо ба Ҷалил меравад; Ӯро, чунон ки ба шумо гуфта буд, дар он ҷо мебинед».
8
Ва баромада, аз пеши қабр гурехтанд; онҳоро ларза ва даҳшат фаро гирифта буд, ва ба касе чизе нагуфтанд, чунки метарсиданд.
9
Саҳарии рӯзи якуми ҳафта Исо бархеста, аввал ба Марями Маҷдалия, ки аз вай ҳафт девро берун карда буд, намоён шуд.
10
Вай рафта, ба ҳамроҳони Ӯ, ки гирёну нолон буданд, хабар дод.
11
Лекин онҳо чун шуниданд, ки Ӯ зинда аст, ва Ӯро вай дидааст, бовар накарданд.
12
Пас аз он бо симои дигар ба ду нафари онҳо, ки ба деҳа мерафтанд, дар роҳ намоён шуд.
13
Ва онҳо баргашта, ба дигарон хабар доданд; лекин ба онҳо низ бовар накарданд.
14
Ниҳоят ба он ёздаҳ, ки дар сари дастархон нишаста буданд, намоён шуд ва онҳоро ба сабаби нобоварӣ ва дилсахтиашон сарзаниш кард, зеро ба онҳое ки Ӯро бархестагӣ дида буданд, бовар накарданд.
15
Ва ба онҳо гуфт: «Ба тамоми ҷаҳон равед ва Инҷилро ба ҳамаи офаридаҳо мавъиза кунед.
16
Ҳар кӣ имон оварда, таъмид гирад, наҷот меёбад; лекин ҳар кӣ имон наоварад, маҳкум мешавад.
17
Ва ин аломатҳо ҳамроҳи имондорон мешаванд: ба номи Ман девҳоро берун мекунанд, бо забонҳои нав сухан мегӯянд,
18
морҳоро мегиранд, ва агар заҳри марговаре хӯранд, ба онҳо осеб намерасонад; даст бар беморон мегузоранд ва онҳо шифо меёбанд».
19
Ва Худованд, пас аз он ки ба онҳо сухан гуфт, ба осмон боло бурда шуд ва аз дасти рости Худо нишаст.
20
Ва онҳо берун рафта, дар ҳар ҷо мавъиза мекарданд, ва Худованд ба онҳо ёрӣ мерасонд ва бо аломатҳои баъдина суханро тасдиқ мекард. Омин.
← Chapter 15
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16