bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Mark 7
Mark 7
Tajik NT 1999
← Chapter 6
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 8 →
1
Фарисиён ва баъзе китобдонон, ки аз Уршалим омада буданд, назди Ӯ ҷамъ шуданд;
2
ва чун диданд, ки баъзе шогирдони Ӯ бо дастҳои ҳаром, яъне ношуста, нон мехӯранд, сарзаниш карданд.
3
Зеро фарисиён ва ҳамаи яҳудиён ба ривоятҳои пирон пайравӣ намуда, то дастҳои худро бо диққат нашӯянд, хӯрок намехӯранд;
4
ва чун аз бозор оянд, то шустушӯ накунанд, чизе намехӯранд. Ва бисёр расмҳои дигар ҳаст, ки нигоҳ медоранд; монанди шустани пиёлаҳо, кӯзаҳо, зарфҳои мисин ва курсиҳо.
5
Пас фарисиён ва китобдонон аз Ӯ пурсиданд: «Чаро шогирдони Ту ба ривоятҳои пирон пайравӣ намекунанд, балки бо дастҳои ношуста нон мехӯранд?»
6
Ӯ дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ишаъё дар бораи шумо, эй дурӯягон, некӯ пайғамбарӣ кардааст, чунон ки навишта шудааст: “Ин мардум бо лабони худ Маро эҳтиром мекунанд, Лекин дилашон аз Ман дур аст.
7
Пас Маро беҳуда парастиш мекунанд, Зеро фармудаҳои инсониро таълим медиҳанд”.
8
Зеро шумо фармудаи Худоро тарк карда, ривоятҳои инсониро, монанди шустани кӯзаҳо ва пиёлаҳо, нигоҳ медоред ва бисёр расмҳои дигарро ба ҷо меоваред».
9
Ва ба онҳо гуфт: «Оё хуб аст, ки шумо фармудаи Худоро ба як сӯ мегузоред, то ривояти худро риоя намоед?
10
Зеро Мусо гуфтааст: “Падару модари худро эҳтиром намо”; ва: “Ҳар кӣ падар ё модари худро дашном диҳад, бояд кушта шавад”.
11
Лекин шумо мегӯед: “Агар касе ба падар ё модари худ гӯяд: ‘Ҳар ёрдаме ки аз ман гирифтанатон мумкин мебуд, қурбон, яъне ҳадия барои Худост’ ”,
12
он гоҳ дигар намегузоред, ки вай барои падар ё модари худ ягон чиз кунад.
13
Ҳамин тавр каломи Худоро бо ривояти худ, ки ҷорӣ сохтаед, бартараф менамоед; ва бисёр расмҳои монанди инро ба ҷо меоваред».
14
Ва тамоми он мардумро назди Худ даъват намуда, гуфт: «Ҳама ба Ман гӯш диҳед ва фаҳмед.
15
Чизе нест, ки аз берун ба даруни одам даромада, ӯро ҳаром карда тавонад; балки чизе ки аз дарунаш баромада бошад, одамро ҳаром мекунад.
16
Ҳар кӣ гӯши шунаво дорад, шунавад!»
17
Ва чун аз назди мардум ба хона даромад, шогирдонаш маънои ин масалро аз Ӯ пурсиданд.
18
Ӯ ба онҳо гуфт: «Оё шумо низ бефаҳм ҳастед? Оё намедонед, ки ҳар чизе аз берун ба даруни одам дарояд, наметавонад ӯро ҳаром кунад?
19
Зеро ба даруни дилаш намедарояд, балки ба шикамаш меравад ва аз он хориҷ мешавад. Ҳамин тариқ, ҳар хӯрок пок аст».
20
Баъд гуфт: «Он чи аз одам берун ояд, одамро ҳаром месозад.
21
Зеро аз даруни дили одам фикрҳои бад, зино, фосиқӣ, куштор,
22
дуздӣ, тамаъ, кина, макр, чашмгуруснагӣ, ҳасад, куфр, ғурур ва аҳмақӣ пайдо мешаванд.
23
Тамоми ин чизҳои бад аз дарун пайдо шуда, одамро ҳаром мекунанд.
24
Ва аз он ҷо равона шуда, ба ҳудуди Сур ва Сидун расид; ва ба хонае даромада, нахост, ки касе Ӯро шиносад; лекин натавонист пинҳон монад.
25
Зеро зане ки духтараш рӯҳи нопок дошт, хабари Ӯро шунид ва ҳамон дам омада, пеши пои Ӯ афтод;
26
ва он зан юнонӣ, аз аҳли Финиқияи Сурия буд; ва аз Ӯ илтимос намуд, ки девро аз духтараш берун кунад.
27
Лекин Исо ба вай гуфт: «Бигзор аввал бачаҳо сер шаванд, чунки нони бачаҳоро гирифта, пеши сагон партофтан хуб нест».
28
Зан дар ҷавоб гуфт: «Ҳа, Хоҷаам! Лекин сагон низ нонрезаҳои бачаҳоро зери миз мехӯранд».
29
Ба вай гуфт: «Ба хотири ин суханат рав, ки дев аз духтарат берун шуд».
30
Чун зан ба хонаи худ омад, девро беруншуда ва духтарро бар бистар хобида ёфт.
31
Боз аз ҳудуди Сур ва Сидун баромада, Ӯ ба воситаи ҳудуди Декаполис сӯи кӯли Ҷалил равона шуд.
32
Назди Ӯ кареро оварданд, ки бо душворӣ гап мезад, ва илтимос карданд, ки даст бар вай гузорад.
33
Вайро аз миёни мардум ба хилват бурда, ангуштони Худро дар гӯшҳои вай ниҳод ва туф карда, ба забонаш расид;
34
ва ба осмон нигариста, оҳе кашид ва ба вай гуфт: «Ифатаҳ», яъне: «Воз шав».
35
Дарҳол гӯшҳояш кушода ва гиреҳи забонаш воз шуда, ба дурустӣ сухан гуфт.
36
Ва ба онҳо фармуд, ки ба касе хабар надиҳанд. Лекин ҳар қадар бештар ба онҳо манъ мекард, онҳо бештар овоза мекарданд.
37
Ва хеле ҳайрон шуда, мегуфтанд: «Ҳар корро нағз мекунад: карҳоро шунаво ва гунгҳоро гӯё мегардонад».
← Chapter 6
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 8 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16