bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Mark 3
Mark 3
Tajik NT 1999
← Chapter 2
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 4 →
1
Ва боз ба куништ даромад; дар он ҷо шахсе буд, ки дасти хушкшудае дошт.
2
Ва аз пайи Исо мепоиданд, ки шояд вайро дар рӯзи шанбе шифо диҳад, то Ӯро айбдор кунанд.
3
Пас ба шахси дастхушк гуфт: «Дар миёнҷо исто».
4
Ва ба онҳо гуфт: «Дар рӯзи шанбе кадом кор раво аст — некӣ кардан, ё бадӣ кардан? Ҷонеро наҷот додан, ё ҳалок кардан?» Лекин онҳо хомӯш монданд.
5
Ва ба онҳо бо ғазаб нигариста ва аз сахтдилиашон ғамгин гашта, ба он шахс гуфт: «Дасти худро дароз кун». Вай дароз кард, ва он монанди дасти дигараш сиҳат шуд.
6
Фарисиён фавран берун рафта, бо ҳиродиён дар ҳаққи Ӯ машварат намуданд, ки чӣ тавр Ӯро ҳалок кунанд.
7
Лекин Исо бо шогирдонаш сӯи кӯл рафт, ва мардуми бисёре аз Ҷалил, Яҳудия,
8
Уршалим, Адум ва он тарафи Урдун аз пайи Ӯ равона шуданд; ва аз атрофи Сур ва Сидун мардуми бисёре, чун корҳои Ӯро шуниданд, назди Ӯ омаданд.
9
Ва ба шогирдони Худ фармуд, ки ба сабаби бузургии издиҳом киштие барои Ӯ омода бошад, то ки Ӯро фишор надиҳанд.
10
Зеро бисёр касонро Ӯ шифо дода буд, бинобар ин ҳар кӣ захме дошт, назди Ӯ мешитофт, то ба Ӯ даст расонад.
11
Ва рӯҳҳои нопок, чун Ӯро медиданд, пешаш меафтиданд ва фарёдзанон мегуфтанд: «Ту Писари Худо ҳастӣ».
12
Лекин Ӯ онҳоро сахт таъкид мекард, ки нагӯянд Ӯ кист.
13
Пас аз он ба кӯҳе баромада, ҳар киро, ки хост, назди Худ даъват намуд; ва онҳо назди Ӯ омаданд.
14
Ва дувоздаҳ нафарро таъйин кард, то ҳамроҳи Ӯ бошанд ва онҳоро барои мавъиза фиристад,
15
ва онҳо қудрат дошта бошанд, ки бемориҳоро шифо диҳанд ва девҳоро берун кунанд:
16
Шимъунро, ки Петрус ном гузошт;
17
ва Яъқуб ибни Забдой ва Юҳанно бародари Яъқубро, ки ба онҳо Банӣ-Рагаш, яъне «писарони тундар» ном гузошт;
18
ва Андриёс, Филиппус, Барталмо, Матто, Тумо, Яъқуб ибни Ҳалфой, Шимъуни Ғаюр
19
ва Яҳудои Исқарютиро, ки Ӯро таслим кард.
20
Ва чун ба хонае даромаданд, боз тӯдаи мардум гирд омаданд, ба дараҷае ки онҳо фурсати нон хӯрдан ҳам надоштанд.
21
Ва хешовандони Ӯ, чун шуниданд, барои бурдани Ӯ омаданд, зеро мегуфтанд, ки Ӯ бехуд шудааст.
22
Китобдононе ки аз Уршалим омада буданд, мегуфтанд, ки Ӯ Баал-Забул дорад ва ба воситаи сарвари девҳо девҳоро берун мекунад.
23
Пас онҳоро наздаш талабида, ба онҳо бо масалҳо сухан гуфт: «Чӣ гуна метавонад шайтон шайтонро берун кунад?
24
Агар подшоҳие дар худ ҷудоӣ дорад, он подшоҳӣ устувор истода наметавонад;
25
ва агар хонаводае дар худ ҷудоӣ дорад, он хона устувор истода наметавонад;
26
ва агар шайтон бар зидди худ бархеста, аз ҳам ҷудо шуда бошад, вай устувор истода наметавонад, балки поёнаш фаро мерасад.
27
Ҳеҷ кас наметавонад ба хонаи шахси зӯрманде даромада, чизҳои вайро ғорат кунад, бе он ки аввал он зӯрмандро бандад, — ва пас аз он хонаи вайро ғорат мекунад.
28
Ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳамаи гуноҳҳои банӣ-одам ва ҳар куфре ки гуфта бошанд, бахшида мешаванд;
29
лекин ҳар кӣ ба Рӯҳулқудс куфр гӯяд, то абад бахшида намешавад, балки ба азоби абадӣ маҳкум мегардад».
30
Зеро гуфтанд: «Ӯ рӯҳи нопок дорад».
31
Модар ва бародарони Ӯ омада, дар берун истоданд ва назди Ӯ касеро фиристода, Ӯро талабиданд.
32
Дар гирди Ӯ мардум нишаста буданд. Ва ба Ӯ гуфтанд: «Инак, модарат ва бародаронат ва хоҳаронат дар берун истода, Туро металабанд».
33
Ва дар ҷавоби онҳо гуфт: «Кист модари Ман ва бародарони Ман?»
34
Ва ба онҳое ки гирди Ӯ нишаста буданд, нигариста, гуфт: «Инак модари Ман ва бародарони Ман;
35
зеро ҳар кӣ хости Худоро ба ҷо оварад, ҳамон кас бародару хоҳару модари Ман аст».
← Chapter 2
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 4 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16