bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Mark 10
Mark 10
Tajik NT 1999
← Chapter 9
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 11 →
1
Аз он ҷо баромада, аз он сӯи Урдун ба ҳудуди Яҳудия омад. Боз мардум назди Ӯ ҷамъ шуданд; ва Ӯ, аз рӯи одаташ, боз онҳоро таълим медод.
2
Фарисиён наздик омаданд ва Ӯро озмуданӣ шуда, пурсиданд: «Оё раво аст, ки мард зани худро талоқ диҳад?»
3
Дар ҷавоби онҳо гуфт: «Мусо ба шумо чӣ фармудааст?»
4
Гуфтанд: «Мусо иҷозат додааст, ки талоқномае навишта, ҷудо шаванд».
5
Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ба сабаби дилсахтии шумо ин фармударо барои шумо навиштааст;
6
лекин аз ибтидои офариниш Худо онҳоро марду зан офарид.
7
Аз ин сабаб мард падару модари худро тарк карда, бо зани худ мепайвандад,
8
ва ҳар ду як тан мешаванд, ба тавре ки онҳо акнун ду тан не, балки як тан мебошанд.
9
Пас он чиро, ки Худо бо ҳам пайвастааст, одам набояд ҷудо кунад.
10
Дар хона шогирдонаш боз дар ин бора аз Ӯ пурсиданд.
11
Ӯ ба онҳо гуфт: «Ҳар кӣ зани худро талоқ дода, зани дигаре гирад, дар ҳаққи вай зино мекунад;
12
ва агар зане аз шавҳари худ ҷудо шуда, ба никоҳи дигаре дарояд, низ зино мекунад».
13
Кӯдаконро назди Ӯ оварданд, то ба онҳо даст расонад; лекин шогирдон ба оварандагон монеъ шуданд.
14
Чун Исо дид, норозӣ шуда, гуфт: «Кӯдаконро гузоред, ки назди Ман оянд, ва ба онҳо монеъ нашавед, зеро Подшоҳии Худо аз они чунин касон аст».
15
Ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳар кӣ Подшоҳии Худоро монанди кӯдак қабул накунад, ба он дохил намешавад.
16
Ва онҳоро ба оғӯш гирифт ва даст ба онҳо гузошта, онҳоро баракат дод.
17
Вақте ки ба роҳ мебаромад, касе назди Ӯ шитофта, зону бар замин зад ва пурсид: «Эй Устоди некӯ, чӣ кунам, то вориси ҳаёти абадӣ шавам?»
18
Исо ба вай гуфт: «Чаро Маро некӯ мегӯӣ? Ҳеҷ кас некӯ нест, ғайр аз Худо.
19
Фармудаҳоро медонӣ: “Зино накун; накуш; дуздӣ накун; гувоҳии бардурӯғ надеҳ; озор надеҳ; падару модаратро эҳтиром намо”».
20
Вай дар ҷавоби Ӯ гуфт: «Эй Устод! Ҳамаи инро ман аз кӯдакӣ нигоҳ доштаам».
21
Исо ба вай нигариста, меҳр пайдо кард ва гуфт: «Туро як чиз намерасад: рав, ҳар он чи дорӣ, фурӯш ва ба камбағалон деҳ, ва дар осмон ганҷе меёбӣ; ва биё, салибро бардошта, Маро пайравӣ кун».
22
Лекин вай аз ин сухан ошуфта ва ғамгин шуда, рафт, чунки молу мулки бисёр дошт.
23
Исо ба гирду пеш нигариста, ба шогирдонаш гуфт: «Ба Подшоҳии Худо даромадани сарватмандон чӣ гуна душвор аст!»
24
Шогирдон аз суханони Ӯ ҳайрон шуданд. Исо боз дар ҷавоби онҳо гуфт: «Эй фарзандон! Ба онҳое ки ба сарват такя мекунанд, даромадан ба Подшоҳии Худо чӣ гуна душвор аст!
25
Аз сӯрохии сӯзан гузаштани шутур осонтар аст аз он ки сарватманд ба Подшоҳии Худо дохил шавад».
26
Онҳо хеле ҳайрон шуда, ба якдигар мегуфтанд: «Пас кӣ метавонад наҷот ёбад?»
27
Исо ба онҳо нигоҳ карда гуфт: «Барои одамизод ин ғайриимкон аст, лекин на барои Худо; чунки барои Худо ҳама чиз имконпазир аст».
28
Он гоҳ Петрус ба Ӯ гап сар кард: «Инак, мо ҳама чизро тарк карда, Туро пайравӣ намудаем».
29
Исо дар ҷавоб гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям: касе нест, ки хона ё бародарон ё хоҳарон ё падар ё модар ё зан ё фарзандон ё киштзорҳоро ба хотири Ман ва Инҷил тарк кунаду
30
акнун, дар ин замон, дар миёни таъқибот, сад чандон хонаҳо ва бародарон ва хоҳарон ва модарон ва фарзандон ва киштзорҳо ва дар давраи оянда ҳаёти абадӣ наёбад.
31
Лекин бисёре ки аввалин ҳастанд, охирин мешаванд, ва охиринҳо — аввалин».
32
Чун дар роҳ сӯи Уршалим буданд, Исо пешопеши онҳо мерафт, ва онҳо ҳайрон буданд, ва чун аз паси Ӯ мерафтанд, метарсиданд. Ва Ӯ он дувоздаҳро назди Худ хонда, боз ба гуфтани он чи бо Ӯ рӯй медиҳад, сар кард:
33
«Инак, мо сӯи Уршалим меравем, ва Писари Одам ба дасти сардорони коҳинон ва китобдонон супурда мешавад, ва Ӯро ба марг маҳкум мекунанд ва ба дасти ғайрияҳудиён месупоранд;
34
ва Ӯро масхара мекунанд, тозиёна мезананд, туфборон мекунанд ва мекушанд; ва дар рӯзи сеюм Ӯ бармехезад».
35
Он гоҳ Яъқуб ва Юҳанно, писарони Забдой, назди Ӯ омада, гуфтанд: «Эй Устод! Мехоҳем, он чи аз Ту хоҳиш мекунем, барои мо ба ҷо оварӣ».
36
Ба онҳо гуфт: «Чӣ мехоҳед, ки барои шумо кунам?»
37
Онҳо ба Ӯ гуфтанд: «Ба мо иҷозат деҳ, ки дар ҷалоли Ту яке дар тарафи ростат ва дигаре дар тарафи чапат шинем».
38
Исо ба онҳо гуфт: «Шумо намефаҳмед, ки чӣ мехоҳед. Оё метавонед он косаеро, ки Ман менӯшам, нӯшед ва он таъмидеро, ки Ман меёбам, ёбед?»
39
Онҳо ба Ӯ гуфтанд: «Метавонем». Аммо Исо ба онҳо гуфт: «Косаеро, ки Ман менӯшам, менӯшед ва таъмидеро, ки Ман меёбам, меёбед;
40
лекин имконияти дар тарафи росту чапи Ман нишастан дар дасти Ман нест, ки диҳам, ҷуз ба онҳое ки барояшон омода шуда бошад».
41
Ва он даҳ нафар, чун инро шуниданд, аз Яъқуб ва Юҳанно норозӣ шуданд.
42
Аммо Исо онҳоро назди Худ хонда, гуфт: «Шумо медонед, ононе ки мири халқҳо ба шумор мераванд, бар онҳо ҳукмронӣ мекунанд, ва бузургонашон бар онҳо фармонраво мешаванд.
43
Лекин дар миёни шумо набояд ин тавр шавад: балки ҳар кӣ дар байни шумо бузург будан хоҳад, бояд хизматгузори шумо шавад;
44
ва ҳар кӣ дар байни шумо аввалин будан хоҳад, бояд ғуломи шумо шавад.
45
Зеро Писари Одам низ на барои он омад, ки ба Ӯ хизмат кунанд, балки барои он ки хизмат кунад ва ҷони Худро барои фидияи бисёр касон диҳад».
46
Ба Ариҳо омаданд. Ҳангоме ки Ӯ бо шогирдонаш ва мардуми бисёр аз Ариҳо мебаромад, Бартимай ибни Тимай ном кӯре дар канори роҳ нишаста, гадоӣ мекард.
47
Чун шунид, ки ин Исои Носирист, фарёдкунон гуфт: «Эй Исо, Писари Довуд! Ба ман марҳамат кун».
48
Бисёр касон вайро ба хомӯш шудан водор мекарданд; лекин вай боз ҳам бештар фарёд мезад: «Эй Писари Довуд! Ба ман марҳамат кун».
49
Исо истода, фармуд, ки вайро ҷеғ зананд. Онҳо кӯрро ҷеғ зада, гуфтанд: «Осуда бош, бархез, ки туро ҷеғ мезанад».
50
Вай ҷомаи худро кашида, бархесту назди Исо омад.
51
Исо дар ҷавоби вай гуфт: «Чӣ мехоҳӣ, ки барои ту кунам?» Кӯр ба Ӯ гуфт: «Эй Устод! Мехоҳам бино шавам».
52
Исо ба вай гуфт: «Рав, имонат туро шифо бахшид». Вай дарҳол бино гашта, аз паси Исо дар роҳ равона шуд.
← Chapter 9
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 11 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16