bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Mark 5
Mark 5
Tajik NT 1999
← Chapter 4
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 6 →
1
Пас ба он канори кӯл ба сарзамини ҷадариён расиданд.
2
Чун аз киштӣ берун омад, дарҳол касе ки рӯҳи нопок дошт, аз миёни қабрҳо баромада, бо Ӯ рӯ ба рӯ шуд,
3
ки бошишгоҳи вай қабристон буд; ва ҳеҷ кас наметавонист бо занҷир ҳам вайро бандад,
4
зеро борҳо вайро бо завлона ва занҷирҳо баста буданд, лекин занҷирҳоро канда ва завлонаҳоро шикаста буд; ва ҳеҷ кас наметавонист вайро ром кунад.
5
Ва ҳамеша, шабу рӯз, дар кӯҳҳо ва дар миёни қабрҳо фарёд мекашид ва худро бо сангҳо мезад.
6
Чун Исоро аз дур дид, давон-давон омада, ба Ӯ саҷда кард.
7
Ва бо овози баланд фарёд зада, гуфт: «Бо ман чӣ кор дорӣ, эй Исо, Писари Худои Таоло? Туро ба Худо қасам медиҳам, ки маро азоб надиҳӣ!»
8
Зеро ба вай гуфта буд: «Эй рӯҳи нопок, аз ин шахс берун шав».
9
Ва аз вай пурсид: «Номи ту чист?» Вай ҷавоб дод: «Номи ман легион аст, чунки мо бисёрем».
10
Ва аз Ӯ бисёр илтимос мекард, ки онҳоро аз он сарзамин берун накунад.
11
Ва назди он кӯҳҳо галаи бузурги хукҳо мечарид.
12
Ва ҳамаи девҳо аз Ӯ илтимос карда, гуфтанд: «Моро ба хукҳо равона кун, то дар онҳо дохил шавем».
13
Исо дарҳол ба онҳо иҷозат дод. Ва рӯҳҳои нопок берун шуда, ба хукҳо даромаданд ва он гала аз баландӣ якбора ба кӯл ҷаст, ва онҳо қариб ду ҳазор буданд ва дар кӯл ғарқ шуданд.
14
Ва хукбонҳо гурехта рафтанд ва дар шаҳру деҳот инро нақл карданд. Ва мардум барои дидани он чи рӯй дод, берун рафтанд.
15
Ва назди Исо омада, он девзадаро нишаста диданд, ки дар вай легион буд, ва либос пӯшидааст ва ақлаш солим гаштааст; ва тарсиданд.
16
Касоне ки дида буданд, саргузашти девзадаро, ва он чиро, ки ба хукон рӯй дод, ба онҳо нақл карданд.
17
Ва аз Ӯ илтимос карданд, ки аз ҳудуди онҳо берун равад.
18
Ва чун ба киштӣ савор шуд, он ки девзада буд, аз Ӯ иҷозат пурсид, ки бо Ӯ бошад.
19
Аммо Исо иҷозат надод, балки ба вай гуфт: «Ба хона назди хешони худ рав ва хабар деҳ аз он чи Худованд бо ту кардааст, ва чӣ гуна ба ту марҳамат намудааст».
20
Пас вай равона шуда, он чиро, ки Исо бо вай карда буд, дар Декаполис мавъиза кардан гирифт. Ва ҳама дар ҳайрат мемонданд.
21
Чун Исо боз бо киштӣ ба он сӯи кӯл гузашт, мардуми бисёре назди Ӯ ҷамъ омаданд; ва Ӯ дар канори кӯл буд.
22
Ва инак яке аз сардорони куништ омад, ки Ёир ном дошт; ва чун Ӯро дид, назди пояш афтод,
23
ва аз Ӯ хеле илтимос карда, гуфт: «Духтараки ман дар ҳолати мурдан аст; биё ва даст ба вай гузор, то шифо ёбад ва зинда монад».
24
Пас бо вай равона шуд; ва мардуми бисёре аз пайи Ӯ рафта, Ӯро фишор медоданд.
25
Зане дувоздаҳ сол боз гирифтори хунравӣ буд
26
ва азоби бисёре аз табибони зиёд кашида, ҳамаи дороии худро сарф карда, ҳеҷ фоидае надида буд, балки аҳволаш торафт бадтар мешуд.
27
Чун овозаи Исоро шунид, дар миёни он мардум аз пас омада, ба либоси Ӯ даст расонд;
28
зеро гуфт: «Агар ба либоси Ӯ фақат даст расонам, шифо меёбам».
29
Ва дарҳол чашмаи хуни вай хушк шуд, ва дар ҷисми худ ҳис кард, ки аз беморӣ шифо ёфтааст.
30
Дар айни замон Исо дар Худ ҳис кард, ки қуввае аз Ӯ берун рафт, ва ба мардум муроҷиат карда, гуфт: «Кист, ки ба либоси Ман даст расонд?»
31
Шогирдонаш ба Ӯ гуфтанд: «Мебинӣ, ки мардум Туро фишор медиҳанд, ва мегӯӣ: “Кист, ки ба Ман даст расонд? ”».
32
Аммо Ӯ ба гирду пеш менигарист, то он занро, ки ин тавр амал кардааст, бинад.
33
Он зан, чун донист, ки ба вай чӣ ҳодиса рӯй дод, тарсону ларзон омада, пеши Ӯ афтод ва тамоми ҳақиқатро ба Ӯ гуфт.
34
Ӯ ба вай гуфт: «Духтарам! Имонат туро шифо бахшид; бо осоиш рав ва аз балои худ дар амон бош».
35
Ӯ ҳанӯз сухан мегуфт, ки аз хонаи сардори куништ омада, гуфтанд: «Духтарат мурд; боз барои чӣ Устодро ташвиш медиҳӣ?»
36
Аммо Исо ин суханонро шунида, ба сардори куништ гуфт: «Натарс, танҳо имон дошта бошу бас».
37
Ва ғайр аз Петрус, Яъқуб ва Юҳанно бародари Яъқуб, касеро иҷозат надод, ки аз паяш равад.
38
Чун ба хонаи сардори куништ расид, мардуми парешонҳолро дид, ки гиря ва навҳаи бисёр мекарданд.
39
Ва даромада, ба онҳо гуфт: «Чаро парешонҳол шудаед ва гиря мекунед? Духтар намурдааст, балки хобидааст».
40
Ва онҳо бар Ӯ хандиданд. Лекин Ӯ ҳамаро берун карда, бо падару модари духтар ва бо ҳамроҳонаш ба ҳуҷрае ки духтар хобида буд, даромад.
41
Ва дасти духтарро гирифта, гуфт: «Талито, қумӣ», ки маънояш ин аст: «Эй духтар, ба ту мегӯям, бархез».
42
Дарҳол духтар бархеста, равон шуд, чунки дувоздаҳсола буд. Онҳо хеле ҳайрон шуданд.
43
Ва Ӯ ба онҳо бо қатъият фармуд, ки касе аз он огоҳ нашавад, ва гуфт, то хӯроке ба вай диҳанд.
← Chapter 4
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 6 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16