bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Mark 15
Mark 15
Tajik NT 1999
← Chapter 14
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 16 →
1
Бомдодон фавран сардорони коҳинон бо пирон ва китобдонон ва тамоми шӯро машварат карданд ва Исоро баста бурданд ва ба Пилотус супурданд.
2
Пилотус аз Ӯ пурсид: «Оё Ту Подшоҳи яҳудиён ҳастӣ?» Ӯ дар ҷавоб ба вай гуфт: «Ту мегӯӣ».
3
Ва сардорони коҳинон Ӯро бисёр айбдор мекарданд.
4
Пилотус боз аз Ӯ пурсид: «Ту ҳеҷ ҷавобе намедиҳӣ? Бин, чӣ қадар зидди Ту гувоҳӣ медиҳанд».
5
Лекин Исо боз ҳеҷ ҷавоб надод, ба тавре ки Пилотус дар ҳайрат монд.
6
Ба муносибати ид вай як бандиро, ки мехостанд, барои онҳо озод мекард.
7
Бараббо ном касе бо шариконаш дар ҳабс буд, ки онҳо дар вақти шӯриш одам кушта буданд.
8
Ва мардум фарёд зада, талаб карданд, ки он чиро, ки ҳамеша барои онҳо мекард, ба ҷо оварад.
9
Вай дар ҷавоби онҳо гуфт: «Оё мехоҳед, Подшоҳи яҳудиёнро барои шумо озод кунам?»
10
Зеро медонист, ки сардорони коҳинон Ӯро аз рӯи ҳасад таслим карда буданд.
11
Лекин сардорони коҳинон мардумро барангехта буданд, ки Барабборо барои онҳо озод кунад, беҳтар аст.
12
Пилотус боз дар ҷавоби онҳо гуфт: «Пас бо он Касе ки Ӯро Подшоҳи яҳудиён меномед, чӣ кунам?»
13
Онҳо боз фарёд заданд: «Ӯро ба салиб каш!»
14
Пилотус ба онҳо гуфт: «Ӯ чӣ бадӣ кардааст?» Лекин онҳо боз ҳам зиёдтар фарёд заданд: «Ӯро ба салиб каш!»
15
Пас Пилотус, мардумро хушнуд карданӣ шуда, Барабборо барои онҳо озод кард ва фармуд, ки Исоро тозиёна зананд, ва Ӯро барои ба салиб кашидан супурд.
16
Ва сарбозон Ӯро ба даруни ҳавлӣ, яъне ба сарбозхона бурданд ва тамоми фавҷро гирд оварданд;
17
ва ҷомаи арғувон ба Ӯ пӯшонданд ва тоҷе аз хор бофта, бар сараш гузоштанд;
18
ва ба салом гуфтан сар карданд: «Салом, эй Подшоҳи яҳудиён!»
19
Ва най бар сараш мезаданд ва бар Ӯ туф мекарданд ва, зону зада, ба Ӯ таъзим мекарданд.
20
Пас аз он ки Ӯро хеле масхара карданд, ҷомаи арғувонро аз танаш кашида, либоси Худашро пӯшонданд ва Ӯро берун бурданд, то ба салиб кашанд.
21
Ва роҳгузари қайравониеро, ки Шимъун ном дошт ва падари Искандар ва Руфус буд ва аз саҳро меомад, маҷбур карданд, ки салиби Ӯро бардорад.
22
Ва Исоро ба ҷое бурданд, ки Ҷолҷолто, яъне “Ҷои косахонаи сар” ном дошт.
23
Ва майи бо мурр омехтаро барои нӯшиданаш доданд; лекин Ӯ нанӯшид.
24
Ононе ки Ӯро ба салиб кашиданд, либоси Ӯро қуръа партофта тақсим карданд, то ҳар кас чизе гирад.
25
Ва соат се буд, ки Ӯро ба салиб кашиданд.
26
Ва бар Ӯ чунин айбномае навишта шуда буд: «Подшоҳи яҳудиён».
27
Бо Ӯ ду роҳзанро ба салиб кашиданд, якеро аз дасти рост ва дигареро аз дасти чапи Ӯ.
28
Пас ба амал омад он навиштае ки мегӯяд: «Аз бадкирдорон шумурда шуд».
29
Ва роҳгузарон Ӯро дашном дода ва сар ҷунбонда, мегуфтанд: «Эй Ту, ки ибодатхонаро вайрон карда, дар се рӯз аз нав месозӣ!
30
Худатро наҷот дода, аз салиб фуруд ой».
31
Ҳамчунин сардорони коҳинон бо китобдонон Ӯро масхара карда, ба якдигар мегуфтанд: «Дигаронро наҷот медод, лекин Худашро наҷот дода наметавонад!
32
Масеҳ, Подшоҳи Исроил, бигзор акнун аз салиб фуруд ояд, то бинем ва ба Ӯ имон оварем». Ҳамчунин онҳое ки бо Ӯ ба салиб кашида шуда буданд, Ӯро дашном медоданд.
33
Чун соат шаш шуд, тамоми заминро то соати нӯҳ торикӣ фаро гирифт.
34
Ва дар соати нӯҳ Исо бо овози баланд фарёд зада гуфт: «Элоҳӣ, Элоҳӣ! Лама шабақтанӣ?», яъне: «Худои Ман, Худои Ман! Чаро Маро тарк кардаӣ?»
35
Баъзе аз ҳозирон, чун шуниданд, гуфтанд: «Инак, Илёсро ҷеғ мезанад».
36
Пас шахсе шитобон исфанҷеро аз сирко пур кард ва бар сари най гузошта, ба Ӯ нӯшонданӣ шуд ва гуфт: «Истед, бинем, ки оё Илёс меояд, то Ӯро фуруд оварад?»
37
Аммо Исо садои баланде бароварда, ҷон дод.
38
Ва пардаи ибодатхона аз боло то поён дарида, ду пора шуд.
39
Мирисаде ки рӯ ба рӯи Ӯ меистод, чун дид, ки Ӯ бо чунин садо ҷон дод, гуфт: «Ба ростӣ ин одам Писари Худо буд».
40
Якчанд зан низ буданд, ки аз дур нигоҳ мекарданд: аз он ҷумла Марями Маҷдалия ва Маряме ки модари Яъқуби хурдӣ ва Юсӣ буд, ва Салӯмит,
41
ки ҳангоми дар Ҷалил буданаш аз пайи Ӯ мерафтанд ва ба Ӯ хизмат мекарданд, ва бисёр занони дигар, ки ҳамроҳи Ӯ ба Уршалим омада буданд. Қабри,,,,\ Исо
42
Ва чун бегоҳ шуд, зеро рӯзи тайёрӣ, яъне рӯзи пеш аз шанбе буд,
43
Юсуф ном шахсе аз Ромо, узви боэътибори шӯро, ки худаш низ интизори Подшоҳии Худо буд, омад ва далерона назди Пилотус даромад ва ҷасади Исоро хоҳиш кард.
44
Пилотус ҳайрон шуд, ки Ӯ зуд мурдааст; ва мирисадро ҷеғ зада, аз вай пурсид, ки оё мурд?
45
Ва чун аз мирисад фаҳмид, ҷасадро ба Юсуф дод.
46
Вай катоне харид ва ҷасадро аз салиб фуроварда, ба катон печонд ва ба қабре ки дар санг тарошида шуда буд, гузошт; ва сангеро бар даҳанаи қабр ғелонд.
47
Ва Марями Маҷдалия ва Марями модари Юсӣ диданд, ки куҷо гузошта шуд.
← Chapter 14
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 16 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16