bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Mark 12
Mark 12
Tajik NT 1999
← Chapter 11
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 13 →
1
Пас бо масалҳо ба онҳо гап сар карда, гуфт: «Шахсе ток шинонд, деворе гирдаш кашид, чархуште сохт, бурҷе барпо кард ва онро ба токдорон супурду ба сафар рафт.
2
Чун мавсим расид, ғуломеро назди токдорон фиристод, то аз меваи токзор аз токдорон гирад:
3
Лекин онҳо вайро дошта заданд ва дастхолӣ равона карданд.
4
Боз ғуломи дигарро назди онҳо фиристод; вайро низ сангборон карда, сарашро кафонданд ва беҳурматӣ карда баргардонданд.
5
Боз як нафари дигарро фиристод: вайро куштанд; ва бисёр касони дигарро — баъзеро заданд ва баъзеро куштанд.
6
Як писари дӯстдоштааш буд; ва дар охир вайро низ назди онҳо фиристода, дар дили худ гуфт: “Аз писарам шарм хоҳанд дошт”.
7
Лекин токдорон ба якдигар гуфтанд: “Ин ворис аст; биёед, вайро кушем, то ки мерос аз они мо гардад”.
8
Вайро дастгир карда, куштанд ва аз токзор берун бароварда партофтанд.
9
Пас соҳиби токзор чӣ мекунад? Омада, токдоронро нобуд мекунад ва токзорро ба дигарон месупорад.
10
Магар ин навиштаро нахондаед: “Санге ки бинокорон рад карданд, Санги сари гӯшаи бино гардид:
11
Ин аз ҷониби Худованд шуд Ва дар назари мо ҳайратангез аст”?»
12
Ва хостанд Ӯро дастгир кунанд, лекин аз мардум тарсиданд; зеро фаҳмиданд, ки ин масалро дар ҳаққи онҳо мегӯяд. Пас Ӯро вогузашта, рафтанд.
13
Ва чанд нафар аз фарисиён ва ҳиродиёнро назди Ӯ фиристоданд, то Ӯро аз сухани Худаш ба дом афтонанд.
14
Онҳо омада, ба Ӯ гуфтанд: «Эй Устод! Медонем, ки Ту ҳақгӯй ҳастӣ ва аз касе парвое надорӣ; зеро ҳеҷ рӯбинӣ намекунӣ, балки роҳи Худоро ба ростӣ таълим медиҳӣ; оё ба қайсар андоз додан раво аст ё не? Диҳем ё надиҳем?»
15
Аммо Ӯ дурӯягии онҳоро дарёфта, гуфт: «Чаро Маро меозмоед? Диноре ба Ман биёред, то онро бинам».
16
Онҳо оварданд. Он гоҳ ба онҳо гуфт: «Ин сурат ва навишта аз они кист?» Онҳо ба Ӯ гуфтанд: «Аз они қайсар».
17
Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Он чи аз они қайсар аст, ба қайсар диҳед, ва он чи аз они Худост — ба Худо». Ва аз Ӯ ҳайрон монданд.
18
Ва саддуқиён, ки растохезро инкор мекунанд, назди Ӯ омада, пурсиданд:
19
«Эй Устод! Мусо ба мо навиштааст, ки агар бародари касе мурад ва зане аз худ гузошта ва фарзанде надошта бошад, бояд бародараш зани вайро ба никоҳи худ дароварад ва барои бародари худ насле ба вуҷуд оварад.
20
Ҳафт бародар буданд. Якумӣ зан гирифта, мурд ва фарзанде нагузошт.
21
Вайро дуюмӣ ба занӣ гирифта, мурд ва фарзанде нагузошт; сеюмӣ низ ҳамчунин.
22
Ҳамаи он ҳафт вайро гирифтанд ва насле нагузоштанд. Баъд аз ҳама зан низ мурд.
23
Пас, дар рӯзи растохез, чун бармехезанд, вай зани кадоми онҳо мешавад? Зеро ҳар ҳафт вайро ба занӣ гирифта буданд».
24
Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Магар гумроҳ нестед аз он рӯ, ки на Китобро медонед, на қуввати Худоро?»
25
Зеро, ҳангоме ки аз мурдагон бармехезанд, на зан мегиранд ва на ба шавҳар мераванд, балки монанди фариштаҳо дар осмон мебошанд.
26
Аммо дар бораи мурдагон, ки бармехезанд, магар дар китоби Мусо нахондаед, ки чӣ гуна Худо дар назди бутта ба вай гуфт: “Манам Худои Иброҳим ва Худои Исҳоқ ва Худои Яъқуб”?
27
Ӯ на Худои мурдагон, балки Худои зиндагон аст. Пас шумо хеле гумроҳ шудаед».
28
Яке аз китобдонон гуфтугӯи онҳоро шунида, дид, ки ба онҳо ҷавоби некӯ дод, ва пеш омада, аз Ӯ пурсид: «Муҳимтарини ҳамаи фармудаҳо кадом аст?»
29
Исо ба вай ҷавоб дод: «Муҳимтарин фармуда ин аст: “Гӯш кун, эй Исроил! Худованд Худои мо Худованди ягона аст;
30
ва Худованд Худои худро бо тамоми дил ва бо тамоми ҷон ва бо тамоми ҳуш ва бо тамоми қуввати худ дӯст дор”; муҳимтарин фармуда ҳамин аст!
31
Ва дуюмаш монанди он аст: “Ёратро монанди худат дӯст дор”; фармудаи дигаре бузургтар аз инҳо нест».
32
Китобдон ба Ӯ гуфт: «Офарин, эй Устод! Ту рост гуфтӣ, ки Худо ягона аст ва ғайр аз Ӯ дигаре нест;
33
ва Ӯро бо тамоми дил ва бо тамоми фаҳм ва бо тамоми ҷон ва бо тамоми қувват дӯст доштан ва ёратро монанди худат дӯст доштан аз ҳамаи қурбониҳои сӯхтанӣ ва ҳадияҳо муҳимтар аст».
34
Чун Исо дид, ки вай оқилона ҷавоб дод, ба вай гуфт: «Ту аз Подшоҳии Худо дур нестӣ». Пас аз он касе ҷуръат накард, ки аз Ӯ чизе пурсад.
35
Ва Исо, ҳангоме ки дар ибодатгоҳ таълим медод, пурсид: «Чӣ гуна китобдонон мегӯянд, ки Масеҳ писари Довуд аст?
36
Ва ҳол он ки худи Довуд бо илҳоми Рӯҳулқудс мегӯяд: “Худованд ба Худованди ман гуфт: Аз дасти рости Ман нишин, То даме ки душманони Туро пойандози Ту созам”.
37
Инак, худи Довуд Ӯро Худованд меномад: пас чӣ гуна Ӯ писари вай будааст?» Ва мардуми бисёр суханони Ӯро бо хушнудӣ мешуниданд.
38
Ва Ӯ ба онҳо таълим дода, мегуфт: «Аз китобдонон ҳазар кунед, ки дӯст медоранд либосҳои дароз пӯшида гарданд, ва дар кӯчаву бозор салом шунаванд,
39
ва дар ҷойҳои беҳтарини куништҳо нишинанд ва дар зиёфатҳо болонишин бошанд;
40
онҳо ки хонаҳои бевазанонро фурӯ мебаранд ва намоишкорона дуру дароз дуо мегӯянд, сахттар маҳкум карда мешаванд».
41
Ва Исо дар рӯ ба рӯи ганҷина нишаста нигоҳ мекард, ки чӣ гуна мардум ба ганҷина пул меандозанд. Аксари сарватмандон бисёр меандохтанд.
42
Ва бевазани камбағале омада, ду танга андохт, ки як тин мешавад.
43
Пас шогирдонашро пеши Худ хонда, гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки ин бевазани камбағал аз ҳамаи ононе ки ба ганҷина андохтанд, бештар дод;
44
зеро ҳама аз зиёдатии худ доданд, лекин вай аз камбағалии худ ҳар чи дошт, андохт, яъне тамоми рӯзии худро дод».
← Chapter 11
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 13 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16