bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Mark 13
Mark 13
Tajik NT 1999
← Chapter 12
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 14 →
1
Чун Исо аз ибодатгоҳ мебаромад, яке аз шогирдонаш ба Ӯ гуфт: «Эй Устод! Нигоҳ кун, чӣ гуна сангҳо ва чӣ гуна иморатҳост!»
2
Исо дар ҷавоби вай гуфт: «Ин иморатҳои бузургро мебинӣ? Санге бар санге намемонад; ҳамааш хароб мешавад».
3
Ва ҳангоме ки Ӯ бар кӯҳи Зайтун рӯ ба рӯи ибодатгоҳ нишаста буд, Петрус, Яъқуб, Юҳанно ва Андриёс ба танҳоӣ аз Ӯ пурсиданд:
4
«Моро огоҳ кун, ки ин кай рӯй медиҳад, ва аломати рӯй додани ҳамаи ин чӣ гуна аст?»
5
Он гоҳ дар ҷавоби онҳо ба гуфтан сар кард: «Ҳушёр бошед, ки касе шуморо гумроҳ накунад;
6
зеро бисёр касон бо номи Ман меоянд ва мегӯянд, ки “ман Ҳамонам”, ва мардуми бисёрро гумроҳ мекунанд.
7
Аммо чун ҷангҳо ва овозаи ҷангҳоро шунавед, натарсед: зеро ин бояд рӯй диҳад; лекин ин ҳанӯз поёни кор нест.
8
Зеро халқе бар зидди халқе ва подшоҳие бар зидди подшоҳие бармехезад; ва дар ҳар ҷо заминҷунбиҳо рӯй медиҳанд, ва гуруснагиҳо ва нооромиҳо мешаванд. Инҳо саршавии дардҳои зоиш мебошанд.
9
Лекин шумо худро эҳтиёт кунед; зеро шуморо ба додгоҳҳо мекашанд, ва дар куништҳо тозиёна мезананд, ва шуморо ба хотири Ман назди ҳокимону подшоҳон мебаранд, то барои онҳо шаҳодате гардад.
10
Ва даркор аст, ки Инҷил аввал дар байни тамоми халқҳо мавъиза карда шавад.
11
Чун шуморо барои таслим кардан гирифта баранд, пешакӣ ғамхорӣ ва андеша накунед, ки чӣ бояд гӯед; балки он чи дар он соат ба шумо ато шавад, онро гӯед: зеро гӯянда шумо нестед, балки Рӯҳулқудс аст.
12
Он гоҳ бародар бародарро ва падар фарзандро ба марг месупорад; ва фарзандон бар зидди падарону модарон бархеста, ба куштани онҳо мусоидат мекунанд.
13
Ва ҳама барои номи Ман аз шумо нафрат мекунанд; лекин ҳар кӣ то охир сабр кунад, наҷот меёбад».
14
Чун зиштии харобиро, ки Дониёли пайғамбар ба забон овардааст, дар ҷое ки намебояд, бар по бинед, — ҳар кӣ хонад, диққат диҳад, — он гоҳ онҳое ки дар Яҳудия мебошанд, ба кӯҳистон гурезанд;
15
ва ҳар кӣ бар бом бошад, поён нафурояд ва барои гирифтани чизе ба хонаи худ надарояд;
16
ва он ки дар киштзор аст, барои гирифтани ҷомаи худ барнагардад.
17
Лекин вой бар ҳомиладорон ва ширдорон дар он рӯзҳо!
18
Дуо кунед, ки гурехтани шумо дар зимистон рӯй надиҳад.
19
Зеро дар он рӯзҳо чунон мусибате мешавад, ки аз ибтидои офариниш, ки Худо офарид, то ҳол нашудааст ва бори дигар намешавад.
20
Ва агар Худованд он айёмро кӯтоҳ намекард, ҳеҷ кас наҷот намеёфт; лекин аз барои интихобшудагоне ки Ӯ интихоб намудааст, он айёмро кӯтоҳ кардааст.
21
Дар он ҳангом агар касе ба шумо гӯяд: “Инак, Масеҳ дар ин ҷост”, ё “дар он ҷост”, — бовар накунед;
22
зеро масеҳони дурӯғин ва пайғамбарони дурӯғин ба майдон омада, аломатҳо ва муъҷизаҳо нишон медиҳанд, то ки, агар мумкин бошад, интихобшудагонро низ гумроҳ кунанд.
23
Лекин шумо ҳушёр бошед; инак, Ман ҳамаашро ба шумо пешакӣ гуфтам.
24
Лекин дар он рӯзҳо, пас аз он мусибат, офтоб хира мешавад ва моҳ рӯшноии худро намедиҳад.
25
Ва ситорагон аз осмон фурӯ мерезанд, ва қувваҳои осмон ба ларза меоянд.
26
Он гоҳ Писари Одамро мебинанд, ки бо қуввату ҷалоли бузург бар абрҳо меояд.
27
Ва он гоҳ Ӯ фариштаҳои Худро фиристода, интихобшудагони Худро аз чор тараф, аз канори замин то канори осмон гирд меоварад.
28
Акнун аз дарахти анҷир масал омӯзед; чун шохааш нарм шуда, барг бароварад, медонед, ки тобистон наздик аст.
29
Ҳамчунин шумо чун мебинед, ки ин чизҳо рӯй медиҳанд, донед, ки наздик аст, назди дар аст.
30
Ба ростӣ ба шумо мегӯям: то ин ҳама рӯй надиҳад, ин насл дарнамегузарад.
31
Осмону замин гузарон аст, лекин каломи Ман гузарон нест.
32
Аммо он рӯзу соатро, ғайр аз Падар, ҳеҷ кас намедонад, ҳатто фариштаҳои осмон ва Писар намедонанд.
33
Пас, огоҳ ва бедор бошед ва дуо гӯед; зеро намедонед, ки он вақт кай фаро мерасад.
34
Ин монанди касест, ки ба сафар рафта ва хонаи худро тарк карда, ба ғуломони худ ихтиёр дод ва барои ҳар яке кори хосе супурд ва дарбонро фармуд, ки бедор бошад.
35
Пас, бедор бошед; зеро намедонед, ки соҳиби хона кай меояд, дар бегоҳ, ё ними шаб, ё ҳангоми бонги хурӯс, ё саҳарӣ;
36
мабодо ногаҳон омада, шуморо хобида ёбад.
37
Аммо он чи ба шумо мегӯям, ба ҳама мегӯям: «Бедор бошед».
← Chapter 12
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 14 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16