bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Mark 2
Mark 2
Tajik NT 1999
← Chapter 1
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 3 →
1
Пас аз чанд рӯз Ӯ боз ба Кафарнаҳум омад; овоза шуд, ки Ӯ дар хона аст.
2
Дарҳол мардуми бисёр ҷамъ омаданд, ба андозае ки назди дари хона низ дигар ҷой набуд; ва Ӯ ба онҳо Каломро баён мекард.
3
Ва назди Ӯ бо марди шале омаданд, ки вайро чор кас бардошта буданд;
4
Ва чун ба сабаби бисёрии мардум ба Ӯ наздик омада натавонистанд, боми он ҷоеро, ки Ӯ буд, кушода шикоф карданд ва бистареро, ки марди шал дар болояш хобида буд, поён фуроварданд.
5
Ва Исо имони онҳоро дида, ба шал гуфт: «Эй фарзанд, гуноҳҳои ту бахшида шуданд».
6
Баъзе китобдонон, ки дар он ҷо нишаста буданд, дар дили худ андеша доштанд,
7
ки «чаро Ӯ чунин куфр мегӯяд? Ғайр аз Худо кист, ки гуноҳҳоро бахшида тавонад?»
8
Исо дарҳол дар рӯҳи Худ дарёфт, ки онҳо чунин андеша доранд, ва ба онҳо гуфт: «Барои чӣ дар дили худ ин тавр андеша доред?»
9
Кадомаш осонтар аст: ба ин шал гуфтани он ки “гуноҳҳои ту бахшида шуданд”, ё гуфтани он ки “бархез, бистари худро бардор ва равона шав”?
10
Лекин то донед, ки Писари Одам дар рӯи замин қудрати бахшидани гуноҳҳоро дорад...», — ба шал гуфт:
11
«Ба ту мегӯям: бархез, бистари худро бардор ва ба хонаи худ равона шав».
12
Вай дарҳол бархест ва бистари худро бардошта, дар пеши назари ҳама равона шуд, ба тавре ки ҳама ҳайрон шуданд ва Худоро ҳамду сано хонда, гуфтанд: «Монанди инро ҳаргиз надидаем». Даъват шудани Левӣ (Матто)
13
Ва боз ба канори кӯл рафт; мардум назди Ӯ омаданд, ва Ӯ онҳоро таълим медод.
14
Ҳангоми рафтанаш Левӣ ибни Ҳалфойро дид, ки дар боҷгоҳ нишаста буд, ва ба вай гуфт: «Аз пайи Ман биё». Вай бархеста, аз пайи Ӯ равона шуд.
15
Ва ҳангоме ки Ӯ дар хонаи вай нишаста буд, бисёре аз боҷгирон ва гуноҳкорон низ бо Исо ва шогирдонаш менишастанд; зеро бисёр буданд, ва Ӯро пайравӣ менамуданд.
16
Чун китобдонон ва фарисиён диданд, ки Ӯ бо боҷгирон ва гуноҳкорон хӯрок мехӯрад, ба шогирдонаш гуфтанд: «Чаро Ӯ бо боҷгирон ва гуноҳкорон мехӯраду менӯшад?»
17
Исо инро шунида, ба онҳо гуфт: «На тандурустон, балки беморон ба табиб эҳтиёҷ доранд. Ман омадаам, ки на росткоронро, балки гуноҳкоронро ба тавба даъват кунам».
18
Шогирдони Яҳё ва фарисиён рӯза медоштанд. Ва назди Ӯ омада, гуфтанд: «Чаро шогирдони Яҳё ва фарисиён рӯза медоранду шогирдони Ту рӯза намедоранд?»
19
Исо ба онҳо гуфт: «Оё меҳмонони базми арӯсӣ, то замоне ки домод бо онҳост, рӯза дошта метавонанд? То даме ки домод бо онҳост, наметавонанд рӯза доранд;
20
лекин рӯзҳое фаро мерасанд, ки домод аз онҳо гирифта мешавад, ва дар он рӯзҳо рӯза медоранд.
21
Ҳеҷ кас ба либоси кӯҳна аз матои нав дарбеҳ намемонад: чунки дарбеҳи нав аз чизи кӯҳна ҷудо шуда, ҷои даридаи он боз ҳам бадтар мешавад.
22
Ва ҳеҷ кас майи навро ба машки кӯҳна намеандозад: вагарна майи нав машкро медаронад, май ҳам мерезад, машк ҳам ҳайф мешавад; балки майи навро ба машки нав андохтан даркор аст».
23
Ва чунин шуд, ки Ӯ рӯзи шанбе аз киштзор мегузашт, ва шогирдонаш ҳангоми роҳравӣ ба хӯшачинӣ сар карданд.
24
Фарисиён ба Ӯ гуфтанд: «Инак, чаро онҳо дар рӯзи шанбе кореро мекунанд, ки раво нест?»
25
Ӯ ба онҳо гуфт: «Магар ҳаргиз нахондаед, ки Довуд дар эҳтиёҷмандӣ чӣ кард, ҳангоме ки худаш ва ҳамроҳонаш гурусна буданд?
26
Чӣ гуна вай дар замони Абётори саркоҳин ба хонаи Худо даромада, нони тақдимро хӯрд, ки хӯрдани он, ғайр аз коҳинон, ба касе раво набуд, ва ба ҳамроҳони худ низ дод?»
27
Ба онҳо гуфт: «Шанбе барои инсон муқаррар шудааст, на инсон барои шанбе;
28
бинобар ин Писари Одам хоҷаи рӯзи шанбе низ мебошад».
← Chapter 1
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 3 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16