bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Mark 9
Mark 9
Tajik NT 1999
← Chapter 8
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 10 →
1
Ва ба онҳо гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям: аз истодагон дар ин ҷо баъзе ҳастанд, ки то Подшоҳии Худоро, ки бо қувват меояд, набинанд, маргро намечашанд».
2
Ва пас аз шаш рӯз Исо Петрус, Яъқуб ва Юҳанноро ҳамроҳи Худ бурд ва онҳоро танҳо ба кӯҳи баланде баровард ва дар пеши назари онҳо дигаргун шуд:
3
либосаш дурахшон ва чун барф хеле сафед шуд, ки дар рӯи замин ҳеҷ шустагаре наметавонад чунин сафед кунад.
4
Ва Илёс бо Мусо ба онҳо намоён шуданд, ки бо Исо гуфтугӯ мекарданд.
5
Он гоҳ Петрус ба Исо гуфт: «Эй Устод! Дар ин ҷо будани мо некӯст; пас се соябон месозем: яке барои Ту, яке барои Мусо ва яке барои Илёс».
6
Зеро намедонист, чӣ гӯяд: чунки сахт тарсида буданд.
7
Ва абре пайдо шуда, бар онҳо соя андохт, ва овозе аз даруни абр баромад, ки мегуфт: «Ин аст Писари дӯстдоштаи Ман; Ӯро гӯш кунед».
8
Баногоҳ, чун ба атрофи худ нигаристанд, касеро ғайр аз Исо назди худ надиданд.
9
Чун аз кӯҳ мефуромаданд, Исо фармуд, ки то Писари Одам аз мурдагон барнахезад, он чи дидаанд, ба касе нагӯянд.
10
Ва онҳо ин суханонро дар ёд дошта, аз якдигар мепурсиданд, ки аз мурдагон бархестан чист?
11
Ва аз Ӯ пурсиданд: «Чаро китобдонон мегӯянд, ки Илёс бояд аввал биёяд?»
12
Ӯ дар ҷавоби онҳо гуфт: «Дуруст аст, ки Илёс аввал меояд ва ҳама чизро соз мекунад; ва Писари Одам, чунон ки дар бораи Ӯ навишта шудааст, бояд ранҷи бисёр бинад ва хор шумурда шавад.
13
Лекин ба шумо мегӯям, ки Илёс ҳам омад ва бо вай он чи хостанд, карданд, чунон ки дар бораи вай навишта шудааст».
14
Чун назди шогирдонаш омад, мардуми бисёрро гирди онҳо дид, ва китобдононро, ки бо онҳо баҳс мекарданд.
15
Дарҳол тамоми мардум, чун Ӯро диданд, дар ҳайрат монданд ва давон-давон омада, ба Ӯ салом доданд.
16
Ӯ аз китобдонон пурсид: «Бо инҳо чӣ баҳс мекунед?»
17
Яке аз байни мардум дар ҷавоб гуфт: «Эй Устод! Писари худро назди Ту овардам, ки рӯҳи гунге дорад:
18
Ҳар ҷо, ки вайро гирад, ба замин мезанад, вай кафк бароварда, дандонҳо бо ҳам месояд ва карахт мешавад. Ба шогирдони Ту гуфтам, ки онро берун кунанд, лекин натавонистанд».
19
Ӯ дар ҷавоби вай гуфт: «Эй насли беимон! То кай бо шумо бошам? То кай шуморо тоқат кунам? Вайро назди Ман биёред».
20
Вайро назди Ӯ оварданд. Чун Ӯро дид, рӯҳ вайро ба ларза андохт; вай ба замин афтода ва ғел зада, кафк баровард.
21
Ва Исо аз падари вай пурсид: «Аз кай ба ин ҳолат гирифтор аст?» Гуфт: «Аз кӯдакӣ;
22
борҳо вайро ба оташ ва ба об партофт, то вайро ҳалок кунад; лекин, агар метавонӣ, ба мо раҳм кун ва ёрӣ расон».
23
Исо ба вай гуфт: «Агар имон оварда тавонӣ, барои имондор ҳама чиз имконпазир аст».
24
Дарҳол падари кӯдак фарёд зада, гирякунон гуфт: «Имон меоварам, Хоҷаам! Ёрӣ деҳ, ки бар беимонии худ ғолиб оям».
25
Чун Исо дид, ки мардум сӯяш шитоб мекунанд, ба рӯҳи нопок фармуд: «Эй рӯҳи гунг ва кар! Ба ту мефармоям, ки аз вай берун рав ва дигар ба вай дохил нашав».
26
Пас дод зада, вайро сахт ба ларза андохта, берун рафт; вай монанди мурда гашт, чунон ки бисёр касон гуфтанд, ки вай мурдааст.
27
Лекин Исо дасташро гирифта, бархезонд; ва вай ба по истод.
28
Ва чун ба хона даромад, шогирдонаш аз Ӯ ба танҳоӣ пурсиданд: «Чаро мо онро берун карда натавонистем?»
29
Ба онҳо гуфт: «Ин ҷинс бо ҳеҷ восита берун намеравад, ҷуз бо дуо ва рӯза».
30
Ва аз он ҷо равона шуда, аз Ҷалил мегузаштанд; ва Ӯ намехост, ки касе инро донад.
31
Зеро шогирдони Худро таълим дода мегуфт, ки Писари Одам ба дасти одамон супурда мешавад, ва Ӯро мекушанд; пас аз кушта шудан, рӯзи сеюм бармехезад.
32
Лекин онҳо ин суханонро нафаҳмиданд ва тарсиданд, ки аз Ӯ пурсанд.
33
Ба Кафарнаҳум омад; чун дар хона буд, аз онҳо пурсид: «Дар роҳ бо якдигар дар бораи чӣ баҳс мекардед?»
34
Онҳо хомӯш монданд, чунки дар роҳ бо якдигар баҳс мекарданд, ки кист бузургтар.
35
Ӯ нишаста, он дувоздаҳро наздаш хонд ва ба онҳо гуфт: «Ҳар кӣ мехоҳад аввалин бошад, бояд охирин ва хизматгузори ҳама шавад».
36
Пас кӯдакеро гирифта, дар миёни онҳо ба по гузошт ва дар оғӯш гирифта, ба онҳо гуфт:
37
«Ҳар кӣ яке аз ин гуна кӯдаконро ба номи Ман қабул кунад, Маро қабул мекунад; ва ҳар кӣ Маро қабул кунад, на Маро, балки Фиристандаи Маро қабул мекунад».
38
Он гоҳ Юҳанно дар ҷавоб гуфт: «Эй Устод! Мо касеро дидем, ки ба номи Ту девҳоро берун мекард, лекин моро пайравӣ намекард, ва мо ӯро манъ кардем, чунки моро пайравӣ намекард».
39
Исо гуфт: «Ӯро манъ накунед; зеро ҳеҷ касе нест, ки ба номи Ман муъҷиза ба амал овараду ба зудӣ дар ҳаққи Ман бад гуфта тавонад.
40
Зеро ҳар кӣ зидди шумо нест, бо шумост.
41
Ва ҳар кӣ ба номи Ман шуморо, аз он рӯ ки пайрави Масеҳ ҳастед, косаи обе диҳад, ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки бе подош намемонад.
42
Ва ҳар кӣ яке аз ин хурдонро, ки ба Ман имон доранд, ба васваса андозад, барои ӯ беҳтар аст, ки санги осиёе ба гарданаш овехта, ба баҳр партоянд.
43
Ва агар дастат туро ба васваса андозад, онро бур: барои ту беҳтар аст, ки маъюб шуда ба ҳаёт дароӣ, аз ин ки бо ду даст ба дӯзах равона шавӣ, ба оташе ки хомӯшнашаванда аст,
44
ки дар он ҷо кирми онҳо намемурад ва оташ хомӯш намешавад.
45
Ва агар поят туро ба васваса андозад, онро бур: барои ту беҳтар аст, ки ланг шуда ба ҳаёт дароӣ, аз ин ки бо ду по ба дӯзах партофта шавӣ, ба оташе ки хомӯшнашаванда аст,
46
ки дар он ҷо кирми онҳо намемурад ва оташ хомӯш намешавад.
47
Ва агар чашмат туро ба васваса андозад, онро кан; барои ту беҳтар аст, ки якчашма шуда ба Подшоҳии Худо дароӣ, аз ин ки бо ду чашм ба оташи дӯзах партофта шавӣ,
48
ки дар он ҷо кирми онҳо намемурад ва оташ хомӯш намешавад.
49
Зеро ҳар кас бо оташ намакин мешавад, ва ҳар қурбонӣ бо намак намакин мешавад.
50
Намак хуб аст; лекин агар намак шӯр набошад, бо чӣ шумо онро ислоҳ мекунед? Пас дар худ намак дошта бошед, ва бо якдигар муросо кунед».
← Chapter 8
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 10 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16