bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Mark 8
Mark 8
Tajik NT 1999
← Chapter 7
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 9 →
1
Дар он рӯзҳо, ки мардуми бисёре ҷамъ омада буданд ва барои хӯрдан чизе надоштанд, Исо шогирдонро назди Худ хонда, ба онҳо гуфт:
2
«Ба ин мардум дилам месӯзад, зеро се рӯз аст, ки назди Ман мебошанд, ва барои хӯрдан чизе надоранд.
3
Агар онҳоро гурусна ба хонаҳошон баргардонам, дар роҳ беҳол мешаванд, чунки баъзе аз онҳо аз роҳи дур омадаанд».
4
Шогирдонаш ба Ӯ ҷавоб доданд: «Аз куҷо касе метавонад дар ин биёбон онҳоро аз нон сер кунад?»
5
Аз онҳо пурсид: «Чанд нон доред?» Гуфтанд: «Ҳафтто».
6
Пас мардумро фармуд, ки бар замин шинанд; ва ҳафт нонро гирифт, шукр гуфт, пора кард ва ба шогирдонаш дод, то пеши мардум гузоранд, ва онҳо гузоштанд.
7
Ва чанд моҳии хурд низ доштанд; баракат дода, фармуд, ки онҳоро низ пеши мардум гузоранд.
8
Онҳо хӯрда сер шуданд; ва аз пораҳои боқимонда ҳафт сабадро пур карда, бардоштанд.
9
Хӯрандагон қариб чор ҳазор нафар буданд. Ва онҳоро рухсати рафтан дод.
10
Дарҳол бо шогирдонаш ба киштӣ савор шуда, ба ҳудуди Далмонуто омад.
11
Фарисиён берун омада, бо Ӯ ба баҳс даромаданд ва Ӯро озмуда, аломати осмонӣ аз Ӯ талаб карданд.
12
Ӯ аз дил оҳе кашида, гуфт: «Чаро ин насл аломате талаб мекунад? Ба ростӣ ба шумо мегӯям: аломате ба ин насл дода намешавад».
13
Пас онҳоро гузошта, боз ба киштӣ савор шуд ва ба соҳили дигар гузашт.
14
Онҳо нон гирифтанро фаромӯш карданд ва бо худ дар киштӣ танҳо як нон доштанд.
15
Ӯ ба онҳо фармуд: «Бохабар бошед, аз хамиртуруши фарисиён ва аз хамиртуруши Ҳиродус ҳазар кунед».
16
Онҳо бо якдигар муҳокима ронда, мегуфтанд: «Ин аз он сабаб аст, ки нон надорем».
17
Исо инро дарёфта, ба онҳо гуфт: «Чаро андеша мекунед, ки нон надоред? Оё ҳанӯз нафаҳмидаед ва дарк накардаед? Оё то ҳол дили шумо сахт аст?
18
Чашм дореду намебинед? Гӯш дореду намешунавед? Ва дар ёд надоред,
19
ҳангоме ки панҷ нонро барои панҷ ҳазор нафар пора кардам, чанд сабад пур аз пораҳо бардоштед?» Ба Ӯ гуфтанд: «Дувоздаҳ».
20
«Ва ҳангоме ки ҳафт нонро барои чор ҳазор нафар пора кардам, чанд сабад пур аз пораҳо бардоштед?» Гуфтанд: «Ҳафт».
21
Ба онҳо гуфт: «Пас чаро намефаҳмед?»
22
Чун ба Байт-Сайдо омад, кӯреро назди Ӯ оварда, зорӣ намуданд, ки ба вай даст расонад.
23
Ӯ дасти кӯрро гирифта, вайро аз деҳа берун бурд ва ба чашмони вай туф карда, дастҳои Худро бар вай гузошт ва пурсид: «Оё чизе мебинӣ?»
24
Вай нигариста, гуфт: «Одамонро чун дарахтон мебинам, ки роҳ мераванд».
25
Он гоҳ дастҳояшро бори дигар бар чашмони вай гузошта, фармуд, ки нигарад. Вай шифо ёфт ва ҳама чизро ба хубӣ дид.
26
Пас вайро ба хонааш фиристода, гуфт: «Ба деҳа надаро ва дар он ҷо ба касе нагӯй».
27
Ва Исо бо шогирдонаш ба деҳоти Қайсарияи Филиппус рафт. Дар роҳ аз шогирдонаш пурсид: «Одамон Маро кӣ мегӯянд?»
28
Онҳо ҷавоб доданд: «Мегӯянд, ки Яҳёи Таъмиддиҳандаӣ; баъзе мегӯянд, ки Илёсӣ; ва баъзе мегӯянд, ки яке аз пайғамбаронӣ».
29
Ӯ ба онҳо гуфт: «Шумо Маро кӣ мегӯед?» Петрус дар ҷавоб гуфт: «Ту Масеҳ ҳастӣ».
30
Пас ба онҳо фармуд, ки дар бораи Ӯ ба ҳеҷ кас гап назананд.
31
Он гоҳ ба таълими онҳо оғоз намуда, гуфт, ки «Писари Одам бояд бисёр азоб кашад ва аз тарафи пирон, сардорони коҳинон ва китобдонон рад карда ва кушта шавад ва пас аз се рӯз бархезад».
32
Чун ин суханро ошкоро мегуфт, Петрус Ӯро ба як сӯ бурда, ба эътироз намудан сар кард.
33
Лекин Ӯ баргашта, ба шогирдонаш нигарист ва Петрусро манъ карда, гуфт: «Эй шайтон, аз Ман дур шав, зеро ту на оид ба чизҳои илоҳӣ, балки оид ба чизҳои инсонӣ андеша мекунӣ».
34
Пас мардумро бо шогирдонаш назди Худ хонда, гуфт: «Агар касе аз пайи Ман омадан хоҳад, бояд худро инкор кунад ва салиби худро бардошта, Маро пайравӣ намояд.
35
Зеро ҳар кӣ ҷони худро раҳондан хоҳад, онро барбод медиҳад; ва ҳар кӣ ҷони худро дар роҳи Ман ва Инҷил барбод диҳад, онро мераҳонад.
36
Зеро ба одам чӣ фоида дорад, ки агар вай тамоми дунёро ба даст оварад ва ҷони худро аз даст диҳад?
37
Ё ки одамизод ба ивази ҷони худ чӣ фидияе медиҳад?
38
Зеро, ҳар кӣ дар ин насли зинокор ва гуноҳкор аз Ман ва аз суханони Ман шарм кунад, Писари Одам низ, ҳангоме ки бо фариштаҳои муқаддас дар ҷалоли Падари Худ меояд, аз вай шарм мекунад».
← Chapter 7
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 9 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16