bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Mark 11
Mark 11
Tajik NT 1999
← Chapter 10
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 12 →
1
Чун наздики Уршалим, ба Байт-Фоҷӣ ва Байт-Анё, назди кӯҳи Зайтун расиданд, Ӯ ду шогирди Худро фиристода,
2
ба онҳо гуфт: «Ба ин деҳа, ки рӯ ба рӯи шумост, равед; чун даромадед, харкурраеро баста меёбед, ки ҳанӯз касе бар он савор нашудааст; онро воз карда, ин ҷо биёред.
3
Ва агар касе ба шумо гӯяд: “Чаро чунин мекунед?” — гӯед, ки Худованд ба он эҳтиёҷ дорад; ва дарҳол онро ба ин ҷо мефиристад».
4
Онҳо рафта, курраеро дар кӯча назди дарвоза баста ёфтанд; ва онро воз карданд.
5
Баъзе касоне ки дар он ҷо истода буданд, ба онҳо гуфтанд: «Чаро курраро воз мекунед?»
6
Ба онҳо он чиро гуфтанд, ки Исо фармуда буд; ва онҳоро ба ҳоли худ гузоштанд.
7
Ва курраро назди Исо оварда, ҷомаҳои худро бар он партофтанд, ва ба он савор шуд.
8
Бисёр касон ҷомаҳои худро бар роҳ густурданд, ва дигарон шохаҳои дарахтонро бурида, бар роҳ густурданд.
9
Ва онҳое ки аз пеш ва аз пас равона буданд, фарёд мекарданд: «Ҳӯшионо! Муборак аст он ки ба номи Худованд меояд!
10
Муборак аст Подшоҳии падари мо Довуд, Ки ба номи Худованд меояд! Ҳӯшионо дар арши аъло!»
11
Ва Исо вориди Уршалим шуда, ба ибодатгоҳ даромад; ва ҳама чизро аз назар гузаронд, ва чун рӯз бевақт шуда буд, бо он дувоздаҳ ба Байт-Анё рафт.
12
Рӯзи дигар, чун аз Байт-Анё берун омаданд, гурусна монд.
13
Ва аз дур дарахти анҷирро, ки барг дошт, дида, омад, то шояд чизе бар он ёбад; чун наздик шуд, ғайр аз баргҳо чизе наёфт, зеро мавсими анҷир ҳанӯз нарасида буд.
14
Ва Исо ба он гуфт: «Пас аз ин то абад касе аз ту мева нахӯрад». Ва шогирдонаш инро шуниданд.
15
Ба Уршалим омаданд. Исо ба ибодатгоҳ даромада, ба берун рондани онҳое ки дар ибодатгоҳ харидуфурӯш мекарданд, сар кард; мизҳои саррофон ва курсиҳои кафтарфурӯшонр чаппа кард.
16
Ва нагузошт, ки касе барои бурдани чизе аз миёни ибодатгоҳ гузарад.
17
Ва онҳоро таълим дода, мегуфт: «Оё навишта нашудааст, ки “ онаи Ман барои ҳамаи халқҳо хонаи дуо номида мешавад”? Аммо шумо онро дуздхона кардаед».
18
Чун китобдонон ва сардорони коҳинон шуниданд, дар пайи он буданд, ки чӣ тавр Ӯро нобуд кунанд; зеро аз Ӯ метарсиданд, чунки тамоми мардум аз таълимоти Ӯ дар ҳайрат буданд.
19
Чун рӯз бевақт шуд, Ӯ аз шаҳр берун рафт.
20
Бомдодон, вақте ки мегузаштанд, дарахти анҷирро диданд, ки то реша хушк шудааст.
21
Ва Петрус ба ёд оварда, гуфт: «Эй Устод! Инак, дарахти анҷире ки лаънат кардаӣ, хушк шудааст».
22
Исо дар ҷавоби онҳо гуфт:
23
«Ба Худо имон дошта бошед. Зеро ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳар кӣ ба ин кӯҳ гӯяд: “Бархоста, худро ба баҳр парто”, ва дар дили худ шубҳа надошта бошад, балки бовар кунад, ки он чи гӯяд мешавад, — ҳар чи гӯяд, ба вай ато мешавад.
24
Бинобар ин ба шумо мегӯям: ҳар он чи дар дуо хоҳиш мекунед, бовар кунед, ки ба даст меоваред, — ва ба шумо ато мешавад».
25
Ва ҳангоме ки дар дуо меистед, агар аз касе озор дида бошед, вайро бахшед, то ки Падари шумо низ, ки дар осмон аст, хатоҳои шуморо бахшад.
26
Аммо агар набахшед, Падари шумо низ, ки дар осмон аст, хатоҳои шуморо намебахшад».
27
Боз ба Уршалим омаданд. Ва ҳангоме ки Ӯ дар ибодатгоҳ мегашт, сардорони коҳинон, китобдонон ва пирон назди Ӯ омада,
28
гуфтанд: «Бо кадом ҳуқуқ ин корҳоро мекунӣ? Ва кист, ки ин ҳуқуқро ба Ту додааст, то ин корҳоро кунӣ?»
29
Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ман ҳам аз шумо чизе мепурсам, ба Ман ҷавоб диҳед; он гоҳ Ман ҳам ба шумо мегӯям, ки бо кадом ҳуқуқ ин корҳоро мекунам.
30
Таъмиди Яҳё аз осмон буд, ё аз инсон? Ба Ман ҷавоб диҳед».
31
Онҳо дар дили худ андеша карда, мегуфтанд: «Агар гӯем, ки “аз осмон буд”, Ӯ мегӯяд: “Пас чаро ба вай бовар накардед? ”
32
Ва агар гӯем, ки “аз инсон буд”» — аз мардум метарсиданд; зеро ҳама Яҳёро пайғамбари барҳақ медонистанд.
33
Ба Исо ҷавоб дода, гуфтанд: «Намедонем». Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ман ҳам ба шумо намегӯям, ки бо кадом ҳуқуқ ин корҳоро мекунам».
← Chapter 10
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 12 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16