bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Mark 4
Mark 4
Tajik NT 1999
← Chapter 3
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 5 →
1
Ва боз дар канори кӯл ба таълим додан сар кард; ва мардуми бисёре назди Ӯ ҷамъ омаданд, бинобар ин Ӯ ба киштӣ даромада, дар кӯл қарор гирифт, ва тамоми мардум дар канори кӯл меистоданд.
2
Ва бо масалҳо онҳоро чизҳои бисёр меомӯхт ва дар таълими Худ ба онҳо мегуфт:
3
«Гӯш диҳед, инак корандае барои пошидани тухм берун рафт;
4
ва чун тухм мепошид, миқдоре дар канори роҳ афтод, ва парандагон омада, онро хӯрданд.
5
Миқдоре бар санглох афтод, дар ҷое ки хок бисёр набуд, ва бо тезӣ сабзид, зеро хок чуқур набуд.
6
Чун офтоб баромад, пажмурда шуд ва, азбаски реша надошт, хушк шуд.
7
Миқдоре дар миёни хорҳо афтод, ва хорҳо қад кашида онро пахш карданд, ва самаре надод.
8
Миқдоре дар хоки нағз афтод ва самар дод, ки он сабзид ва нашъунамо ёфт, ва бор овард, баъзе сӣ баробар, баъзе шаст ва баъзе сад».
9
Ва гуфт: «Ҳар кӣ гӯши шунаво дорад, шунавад!»
10
Ҳангоме ки танҳо монд, онҳое ки дар гирдаш буданд, бо он дувоздаҳ нафар шарҳи ин масалро аз Ӯ пурсиданд.
11
Ва ба онҳо гуфт: «Ба шумо донистани сирри Подшоҳии Худо дода шудааст, лекин ба онҳое ки дар берунанд, ҳама чиз бо масалҳо мешавад,
12
то “Бо чашмони худ нигаранд, вале набинанд, Бо гӯшҳои худ шунаванд, вале нафаҳманд, Мабодо /ба Худо/ рӯ оваранд Ва гуноҳҳои онҳо бахшида шаванд”».
13
Ва ба онҳо гуфт: «Оё ин масалро нафаҳмидед? Пас чӣ тавр дигар масалҳоро мефаҳмед?
14
Коранда каломро мекорад.
15
Кошташудагон дар канори роҳ касоне мебошанд, ки дар онҳо калом кошта мешавад, ва чун шуниданд, дарҳол шайтон омада, каломи кошташударо аз дили онҳо мерабояд.
16
Ҳамчунин кошташудагон дар санглох касоне мебошанд, ки чун каломро шунаванд, дарҳол онро қабул мекунанд;
17
лекин дар худ реша надоранд ва ноустуворанд; ва чун аз боиси калом сахтие ё таъқибе рӯй диҳад, дарҳол ба васваса меафтанд.
18
Кошташудагон дар миёни хорҳо касоне мебошанд, ки чун каломро шунаванд,
19
ташвишҳои ин зиндагӣ, фиребандагии сарват ва ҳаваси чизҳои дигар дохил шуда, каломро пахш мекунанд, ва он бесамар мегардад.
20
Кошташудагон дар хоки нағз касоне мебошанд, ки каломро шунида, қабул мекунанд, ва бор меоваранд, баъзе сӣ баробар, баъзе шаст ва баъзе сад».
21
Ва ба онҳо гуфт: «Оё шамъро меоваранд, то зери зарфе ё кате гузоранд? Оё на барои он ки ба шамъдон гузоранд?
22
Зеро чизи ниҳоне нест, ки ошкор нагардад; ва ҳеҷ чизи махфие нест, ки аён нашавад.
23
Ҳар кӣ гӯши шунаво дорад, шунавад!»
24
Ва ба онҳо гуфт: «Диққат диҳед, ки чӣ мешунавед: ба ҳар андозае ки чен кунед, ба шумо чен карда мешавад ва ба шумо, ки мешунавед, боз ҳам меафзояд.
25
Зеро, ҳар кӣ дорад, ба вай дода мешавад; ва ҳар кӣ надорад, аз вай он чи низ дорад, гирифта мешавад».
26
Ва гуфт: «Подшоҳии Худо монанди касест, ки тухм бар замин мепошад,
27
ва шабу рӯз мехобаду бармехезад, ва тухм чӣ гуна месабзаду нашъунамо меёбад, вай намедонад.
28
Зеро замин худ аз худ бор меоварад, аввал майса, баъд хӯша, пас аз он донаи пурра дар хӯша.
29
Ва чун ҳосил расад, фавран досро ба кор меандозад, чунки вақти дарав расидааст».
30
Ва гуфт: «Подшоҳии Худоро ба чӣ монанд кунем ва бо кадом масал онро тасвир намоем?
31
Монанди донаи хардалест: ҳангоме ки ба замин кошта мешавад, хурдтарини тухмҳои рӯи замин аст.
32
Лекин чун кошта шуд, месабзад ва аз ҳамаи растаниҳо бузургтар мегардад ва шохаҳои калон мерасонад, ба тавре ки парандагони осмон зери сояи он метавонанд паноҳ баранд».
33
Ва бо ин гуна масалҳои бисёр, ба қадре ки тавоноии шунидан доштанд, Каломро ба онҳо баён мекард.
34
Бе масал ба онҳо сухан намегуфт, лекин дар хилват ҳама чизро ба шогирдони Худ мефаҳмонд.
35
Бегоҳии ҳамон рӯз ба онҳо гуфт: «Биёед, ба соҳили дигар гузарем».
36
Онҳо мардумро рухсати рафтан дода, Ӯро ҳамон тавре ки дар киштӣ буд, бурданд; ва чанд киштии дигар низ ҳамроҳи Ӯ буд.
37
Ва тундбоди сахте бархест, ва мавҷҳо ба киштӣ бармехӯрданд, ба тавре ки он пур аз об мешуд.
38
Ва Ӯ дар ақиби киштӣ бар болине хобида буд. Ӯро бедор карда, гуфтанд: «Эй Устод, оё Туро парвое нест, ки мо ҳалок мешавем?»
39
Ӯ бархеста, бодро манъ кард ва ба кӯл гуфт: «Хомӯш шав! Ором бош!» Бод хомӯш шуд, ва оромии комил фаро расид.
40
Ва ба онҳо гуфт: «Барои чӣ чунин ҳаросонед? Чаро имон надоред?»
41
Ва онҳо хеле ба ҳарос афтода, ба якдигар гуфтанд: «Ин кист, ки боду кӯл низ ба Ӯ итоат мекунанд?»
← Chapter 3
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 5 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16