bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Mark 6
Mark 6
Tajik NT 1999
← Chapter 5
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 7 →
1
Аз он ҷо баромада, ба шаҳри Худ омад, ва шогирдонаш аз ақиби Ӯ омаданд.
2
Чун рӯзи шанбе расид, дар куништ ба таълим додан сар кард, ва бисёр шунавандагон ҳайрон монда, мегуфтанд: «Аз куҷост дар Ӯ ин чизҳо? Чӣ ҳикматест, ки ба Ӯ ато шудааст, ки чунин муъҷизаҳо аз дасти Ӯ содир мегарданд?
3
Оё ин ҳамон устои хонасоз нест, ки писари Марям ва бародари Яъқуб, Юсӣ, Яҳудо ва Шимъун аст? Оё хоҳарони Ӯ ин ҷо дар байни мо намебошанд?» Ва аз Ӯ норозӣ буданд.
4
Лекин Исо ба онҳо гуфт: «Пайғамбар беқадр нест, ҷуз дар шаҳри худ ва дар байни хешовандон ва дар хонаи худ».
5
Ва дар он ҷо ҳеҷ муъҷиза нишон дода натавонист, ғайр аз он ки дастҳояшро бар чанд беморе гузошта, онҳоро шифо дод.
6
Ва аз беимонии онҳо ҳайрон шуд. Дар деҳоти атроф гашта, таълим медод.
7
Пас он дувоздаҳро назди Худ хонда, ба ҷуфт-ҷуфт фиристодани онҳо сар кард ва ба онҳо бар рӯҳҳои нопок қудрат дод.
8
Ва фармуд, ки барои роҳ бо худ чизе, ғайр аз асое, нагиранд: на тӯрбае, на ноне, на пуле дар камарбанд,
9
балки пойафзоле дар по кашанд ва ду пероҳан дар бар накунанд.
10
Ва ба онҳо гуфт: «Ҳар ҷо, ки ба хонае даромадед, то вақти сафар кардан дар он ҷо монед.
11
Ва ҳар ҷо, ки шуморо қабул накунанд ва ба суханони шумо гӯш надиҳанд, аз он ҷо берун рафта, чанги пойҳои худро афшонед, то шаҳодате бар онҳо гардад. Ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳолати Садӯм ва Амуро дар рӯзи доварӣ аз ҳолати он шаҳр сабуктар мешавад».
12
Онҳо равона шуда, мавъиза мекарданд, ки бояд тавба кард;
13
бисёр девҳоро берун карданд ва ба бисёр беморон равған молида, шифо доданд.
14
Чун подшоҳ Ҳиродус шунид, — зеро номи Ӯ шӯҳрат ёфта буд, — гуфт, ки Яҳёи Таъмиддиҳанда аз мурдагон бархестааст, ва аз ин сабаб ин муъҷизаҳо аз вай ба амал меоянд.
15
Баъзе мегуфтанд, ки ин Илёс аст. Аммо баъзе мегуфтанд, ки ин пайғамбарест монанди яке аз пайғамбарон.
16
Лекин Ҳиродус, чун шунид, гуфт: «Ин ҳамон Яҳёст, ки ман сарашро аз танаш ҷудо кардам; вай аз мурдагон бархестааст».
17
Зеро Ҳиродус одам фиристода, Яҳёро дастгир карда ба зиндон андохта буд, ба хотири Ҳиродия зани бародараш Филиппус, ки вайро ба никоҳи худ дароварда буд.
18
Зеро Яҳё ба Ҳиродус гуфта буд: «Зани бародари худро гирифтани ту раво нест».
19
Пас Ҳиродия ба Яҳё кина баста буд ва мехост ӯро кушад, лекин наметавонист.
20
Зеро Ҳиродус аз Яҳё метарсид, вайро марди росткору муқаддас медонист ва рӯихотир мекард; ба гапаш гӯш дода, бисёр корҳо мекард ва суханонашро ба хушӣ мешунид.
21
Фурсате расид, ки Ҳиродус ба муносибати зодрӯзи худ барои мансабдорони худ, ба мириҳазорон ва калонтарони Ҷалил базме орост,
22
ва духтари Ҳиродия /ба базм/ даромада рақсид ва Ҳиродусу ононеро, ки ҳамроҳаш нишаста буданд, шод намуд. Подшоҳ ба духтар гуфт: «Ҳар чи мехоҳӣ, аз ман хоҳиш кун, то ба ту диҳам».
23
Ва қасам ёд кард, ки «ҳар чи аз ман хоҳиш кунӣ, ҳатто нисфи қаламрави ман бошад ҳам, ба ту медиҳам».
24
Духтар берун рафта, аз модари худ пурсид, ки «чӣ хоҳиш кунам?» Модараш ҷавоб дод: «Сари Яҳёи Таъмиддиҳандаро».
25
Вай дарҳол назди подшоҳ шитофт ва хоҳиш кард: «Мехоҳам сари Яҳёи Таъмиддиҳандаро ҳамин дам дар табақе ба ман диҳӣ».
26
Подшоҳ басе ғамгин шуд; лекин барои поси савгандаш ва ба хотири ононе ки ҳамроҳаш нишаста буданд, хоҳиши вайро рад кардан нахост.
27
Дарҳол подшоҳ ҷаллодеро фиристода, фармуд, ки сари вайро биёрад.
28
Ҷаллод рафта, дар зиндон сари вайро аз тан ҷудо кард ва бар табақе гузошта овард ва ба духтар дод, ва духтар онро ба модари худ дод.
29
Чун шогирдонаш шуниданд, омада, ҷасади вайро бардошта бурданду ба қабр монданд.
30
Расулон назди Исо ҷамъ омада, ҳар он чиро, ки ба ҷо оварда ва таълим дода буданд, ба Ӯ нақл карданд.
31
Ӯ ба онҳо гуфт: «Шумо ба танҳоӣ ба ягон ҷои хилват оед ва каме истироҳат кунед». Зеро омаду рафт чунон бисёр буд, ки фурсати хӯрок хӯрдан ҳам надоштанд.
32
Пас ба танҳоӣ бо киштӣ ба ҷои хилвате равона шуданд.
33
Чун онҳоро диданд, бисёре Ӯро шинохтанд, аз ҳамаи шаҳрҳо пиёда ба он сӯ шитофтанд ва аз онҳо пеш гузашта, назди Ӯ ҷамъ шуданд.
34
Исо берун омада, мардуми бисёрро дид ва ба онҳо раҳмаш омад, зеро онҳо монанди гӯсфандоне буданд, ки чӯпон надоштанд. Ва онҳоро бисёр таълим додан гирифт.
35
Азбаски вақт хеле гузашта буд, шогирдонаш назди Ӯ омада, гуфтанд: «Ин ҷо ҷои беодам аст, вақт ҳам дер шуд;
36
инҳоро рухсати рафтан деҳ, то ки ба бошишгоҳҳо ва деҳоти атроф рафта, барои худ ноне харанд; зеро ҳеҷ хӯроке надоранд».
37
Ӯ дар ҷавобашон гуфт: «Шумо ба онҳо хӯрок диҳед». Ба Ӯ гуфтанд: «Магар мо рафта, ба дусад динор нон харем ва барои хӯрдани онҳо диҳем?»
38
Аз онҳо пурсид: «Чандто нон доред? Рафта бинед». Пас дарёфта, гуфтанд: «Панҷ нон ва ду моҳӣ».
39
Он гоҳ фармуд, ки ҳамаро гурӯҳ-гурӯҳ бар сабза шинонанд.
40
Пас қатор-қатор, саднафарӣ ва панҷоҳнафарӣ нишастанд.
41
Ӯ панҷ нону ду моҳиро гирифта ва ба осмон нигариста, баракат дод ва нонро пора карда, ба шогирдонаш дод, то пеши онҳо гузоранд; ду моҳиро низ ба ҳама тақсим кард.
42
Ҳама хӯрданду сер шуданд;
43
ва аз пораҳои нон ва моҳӣ дувоздаҳ сабадро пур карда бардоштанд;
44
ва хӯрандагони нон панҷ ҳазор мард буданд.
45
Дарҳол Ӯ шогирдонашро фармуд, ки ба киштӣ савор шуда, пеш аз Ӯ ба он соҳил сӯи Байт-Сайдо равона шаванд, то Ӯ мардумро рухсати рафтан диҳад.
46
Ва чун онҳоро рухсати рафтан дод, барои дуо гуфтан ба кӯҳе баромад.
47
Шомгоҳон киштӣ ба миёнаи кӯл расида буд, ва Ӯ танҳо бар хушкӣ буд.
48
Ва онҳоро дар рондани киштӣ беҳол дид, чунки боди мухолиф мевазид. Тахминан поси чоруми шаб бар кӯл қадам зада, назди онҳо омад, ва мехост аз онҳо гузарад.
49
Онҳо чун Ӯро диданд, ки бар кӯл қадам мезанад, гумон карданд, ки ин шабаҳ аст, ва фарёд заданд,
50
зеро ҳама Ӯро дида, тарсиданд. Дарҳол Ӯ ба онҳо хитоб карда, гуфт: «Хотирҷамъ бошед; ин Манам, натарсед».
51
Ва назди онҳо ба киштӣ даромад; ва бод ором шуд. Ва онҳо хеле ҳайрон шуданд ва тааҷҷуб карданд.
52
Зеро муъҷизаи нонро дарк накарда буданд, чунки дилашон сахт буд.
53
Ва аз кӯл гузашта, ба сарзамини Ҷинесор омаданд ва лангар андохтанд.
54
Чун аз киштӣ баромаданд, дарҳол мардум Ӯро шинохтанд.
55
Ва ба сар то сари он атроф шитофтанд ва беморонро бар бистарҳо ба ҳар ҷое ки мешуниданд Ӯ он ҷост, меоварданд.
56
Ва ба ҳар ҷо, ки Ӯ ба деҳот ё шаҳрҳо ё бошишгоҳҳо меомад, беморонро дар сари гузар мегузоштанд ва аз Ӯ илтимос менамуданд, ки фақат ба домани либоси Ӯ даст расонанд; ва ҳар кӣ даст расонд, шифо ёфт.
← Chapter 5
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 7 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16