bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Mark 14
Mark 14
Tajik NT 1999
← Chapter 13
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 15 →
1
То иди Песаҳ ва Фатир ду рӯз монда буд; сардорони коҳинон ва китобдонон роҳе меҷустанд, ки чӣ гуна бо ҳила Ӯро дастгир карда, кушанд;
2
лекин мегуфтанд: «На дар ид, мабодо мардум ба шӯр оянд».
3
Ва ҳангоме ки Ӯ дар Байт-Анё, дар хонаи Шимъуни махавӣ назди дастархон нишаста буд, — зане бо зарфи гаҷине пур аз равғани хушбӯйи сунбули холиси гаронбаҳо омад ва зарфро шикаста, бар сари Ӯ рехт.
4
Баъзе касон норозӣ шуда, дар байни худ гуфтанд: «Чаро ин равғани хушбӯй исроф шуд?»
5
Зеро онро ба зиёда аз сесад динор фурӯхта, ба камбағалон додан мумкин буд». Ва он занро сарзаниш карданд.
6
Лекин Исо гуфт: «Вайро ором гузоред; чаро вайро меранҷонед? Вай барои Ман кори некӯ кард.
7
Зеро камбағалон ҳар вақт дар назди шумо ҳастанд ва ҳар гоҳ, ки хоҳед, ба онҳо некӣ карда метавонед; лекин Ман ҳамеша бо шумо нестам.
8
Вай он чи метавонист, ба ҷо овард: бадани Маро барои гӯрондан пешакӣ равған молид.
9
Ба ростӣ ба шумо мегӯям: дар тамоми ҷаҳон ҳар ҷо, ки Инҷил мавъиза шавад, кори вай низ барои ёдоварии вай зикр меёбад».
10
Ва Яҳудои Исқарютӣ, ки яке аз он дувоздаҳ буд, пеши сардорони коҳинон рафт, то Ӯро ба онҳо таслим кунад.
11
Онҳо чун сухани вайро шуниданд, шод гаштанд ва ваъда карданд, ки ба вай пул медиҳанд. Вай дар ҷустуҷӯи фурсати мувофиқ буд, ки Ӯро таслим кунад.
12
Дар рӯзи аввали иди Фатир, ки барои Песаҳ қурбонӣ мекарданд, шогирдонаш ба Ӯ гуфтанд: «Куҷо мехоҳӣ, ки Песаҳро хӯрӣ, то рафта тайёр кунем?»
13
Пас ду нафарро аз шогирдонаш фиристода, ба онҳо гуфт: «Ба шаҳр равед; марде ба шумо рӯ ба рӯ мешавад, ки кӯзаи обро бардошта мебарад; аз паси вай равона шавед,
14
ва ба куҷое ки дарояд, ба соҳиби хона гӯед: «Устод мегӯяд: меҳмонхона куҷост, ки он ҷо Песаҳро бо шогирдони Худ хӯрам?»
15
Ва он кас ба шумо болохонаи калони густурдашуда ва тайёрро нишон медиҳад; дар он ҷо барои мо тайёр кунед».
16
Шогирдонаш равона шуда, ба шаҳр омаданд, ва чунон ки Ӯ гуфта буд, ёфтанд; ва Песаҳро тайёр карданд.
17
Бегоҳи рӯз Ӯ бо он дувоздаҳ омад.
18
Ва ҳангоме ки нишаста хӯрок мехӯрданд, Исо гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки яке аз шумо, ки бо Ман хӯрок мехӯрад, Маро таслим мекунад».
19
Онҳо ғамгин шуда, паси ҳамдигар ба Ӯ гуфтанд: «Оё ин манам?» Ва дигаре: «Оё ин манам?»
20
Лекин Ӯ дар ҷавоби онҳо гуфт: «Яке аз дувоздаҳ, ки бо Ман даст ба табақ меандозад.
21
Албатта Писари Одам ончунон, ки дар бораи Ӯ навишта шудааст, меравад, лекин вой бар он касе ки Писари Одам ба воситаи вай таслим карда шавад: барои вай беҳтар мебуд, ки таваллуд намешуд».
22
Ва ҳангоме ки хӯрок мехӯрданд, Исо нонро гирифта, баракат дод ва пора карда, ба онҳо доду гуфт: «Гиред, хӯред, ин бадани Ман аст».
23
Ва косаро гирифта, шукргузорӣ намуд ва ба онҳо дод; ва ҳама аз он нӯшиданд.
24
Ва ба онҳо гуфт: «Ин аст хуни Ман аз аҳди нав, ки барои бисёр касон рехта мешавад.
25
Ба ростӣ ба шумо мегӯям: Ман дигар аз шираи ангур наменӯшам, то ҳамон рӯзе ки дар Подшоҳии Худо онро нав нӯшам».
26
Ва суруд хонда, ба сӯи кӯҳи Зайтун равона шуданд.
27
Ва Исо ба онҳо гуфт: «Ҳамаи шумо имшаб Маро тарк мекунед; чунки навишта шудааст: “Чӯпонро мезанам, ва гӯсфандон пароканда мешаванд”.
28
Аммо пас аз растохезам, пеш аз шумо ба Ҷалил меравам».
29
Петрус ба Ӯ гуфт: «Агар ҳама тарк кунанд ҳам, ман тарк намекунам».
30
Исо ба вай гуфт: «Ба ростӣ ба ту мегӯям, ки ту имрӯз, дар ҳамин шаб, пеш аз он ки хурӯс ду бор бонг занад, Маро се бор инкор мекунӣ».
31
Лекин вай бо таъкиди бисёр мегуфт: «Агар бо Ту мурданам лозим ояд ҳам, Туро инкор намекунам». Дигарон низ ҳаминро гуфтанд. Ҷатсимонӣ
32
Ба маконе омаданд, ки Ҷатсимонӣ ном дошт; ва Ӯ ба шогирдонаш гуфт: «Дар ин ҷо шинед, то Ман дуо гӯям».
33
Ва Петрус, Яъқуб ва Юҳанноро бо Худ бурд; ва парешону дилтанг шуд.
34
Ва ба онҳо гуфт: «Ҷони Ман аз шиддати ғам наздик ба марг аст; дар ин ҷо монед ва бедор бошед».
35
Ва каме пештар рафта, рӯ ба замин афтод ва дуо гуфт, ки агар мумкин бошад, он соат аз Ӯ гузарад;
36
ва гуфт: «Аббо, Падар! Ҳама чиз ба Ту мумкин аст; ин косаро аз Ман гузарон; лекин на хости Ман, балки хости Ту шавад».
37
Ва омада, онҳоро хобида ёфт, ва ба Петрус гуфт: «Эй Шимъун! Ту хобидаӣ? Оё натавонистӣ соате бедор бошӣ?
38
Бедор бошед ва дуо гӯед, то ба озмоиш дучор нашавед; рӯҳ хоҳон аст, лекин ҷисм нотавон».
39
Ва боз рафта бо ҳамон суханон дуо гуфт.
40
Ва баргашта, боз онҳоро хобида ёфт, зеро чашмонашон хоболуд буданд; ва онҳо намедонистанд, ки ба Ӯ чӣ ҷавоб диҳанд.
41
Ва бори сеюм омада, ба онҳо гуфт: «Шумо ҳанӯз мехобед ва истироҳат мекунед? Бас аст, соат расидааст. Инак, Писари Одам ба дасти гуноҳкорон супурда мешавад.
42
Бархезед, равем: инак, он ки Маро таслим мекунад, наздик омад».
43
Ва дарҳол, ҳанӯз ки Ӯ сухан мегуфт, Яҳудо, ки яке аз он дувоздаҳ буд, ва бо вай мардуми бисёре аз ҷониби сардорони коҳинон, китобдонон ва пирон бо шамшеру калтакҳо омаданд.
44
Таслимкунандаи Ӯ ишорае ба онҳо дода, гуфта буд: «Ҳар киро бӯсам, Ӯ ҳамон аст; Ӯро дастгир кунед ва зери назорати сахт баред».
45
Ва чун омад, дарҳол ба Ӯ наздик шуда, гуфт: «Эй Устод! Эй Устод!» Ва Ӯро бӯсид.
46
Ва онҳо дастҳои худро бар Ӯ андохта, Ӯро гирифтанд.
47
Аммо яке аз онҳое ки истода буданд, шамшери худро кашида, ба ғуломи саркоҳин зад ва як гӯши вайро бурид.
48
Исо ба онҳо рӯ оварда, гуфт: «Гӯё бар зидди роҳзане бо шамшеру калтакҳо берун омадаед, то Маро дастгир кунед.
49
Ҳар рӯз Ман назди шумо дар ибодатгоҳ будам ва таълим медодам, ва шумо Маро дастгир накардед. Лекин бигзор /гуфтаҳои/ Китоб ба амал оянд».
50
Он гоҳ ҳама Ӯро вогузошта, гурехтанд.
51
Ҷавоне ҷисми бараҳнаи худро бо порчаи катоне печонда, аз паси Ӯ мерафт; ва сарбозон вайро дастгир карданд.
52
Лекин вай порчаи катонро партофта, тани бараҳна аз дасти онҳо гурехт.
53
Ва Исоро назди саркоҳин оварданд; ва ҳамаи сардорони коҳинон ва пирон ва китобдонон назди вай гирд омаданд.
54
Петрус аз дур, то даруни ҳавлии саркоҳин аз пайи Ӯ равона шуда, бо нигаҳбонон нишаст ва назди оташ худро гарм мекард.
55
Сардорони коҳинон ва тамоми шӯро дар ҷустуҷӯи гувоҳие бар зидди Исо буданд, то Ӯро кушанд, лекин наёфтанд.
56
Зеро бисёр касон бар зидди Ӯ гувоҳии бардурӯғ доданд, лекин ин гувоҳиҳо ба якдигар мувофиқ набуданд.
57
Ва баъзе касон бархеста, бар зидди Ӯ гувоҳии бардурӯғ дода, гуфтанд:
58
«Мо шунидем, ки Ӯ мегуфт: “Ман ин ибодатхонаи бо дасти одам сохташударо вайрон мекунам ва дар се рӯз дигареро бино мекунам, ки бо дасти одам сохта нашуда бошад”».
59
Лекин чунин гувоҳии онҳо низ мувофиқ набуд.
60
Пас саркоҳин бархест ва дар миёна истода, аз Исо пурсид: «Ҳеҷ ҷавоб намедиҳӣ? Ин чист, ки инҳо бар зидди Ту гувоҳӣ медиҳанд?»
61
Аммо Ӯ хомӯш монд ва ҳеҷ ҷавоб надод. Боз саркоҳин аз Ӯ пурсида, гуфт: «Оё Ту Масеҳ, Писари Худои Муборак ҳастӣ?»
62
Исо гуфт: «Ман ҳастам; ва шумо рӯзе Писари Одамро мебинед, ки аз дасти рости Қудрат нишаста, бо абрҳои осмон меояд».
63
Он гоҳ саркоҳин ҷомаи худро даронда, гуфт: «Дигар ба гувоҳон чӣ эҳтиёҷ дорем?
64
Шумо куфрро шунидед; чӣ мулоҳиза доред?» Пас ҳама Ӯро айбдор карда, сазовори марг донистанд.
65
Ва баъзе касон ба сару рӯи Ӯ туф кардан гирифтанд ва рӯяшро пӯшида, Ӯро мезаданд ва мегуфтанд: «Пайғамбарӣ кун». Ва нигаҳбонон Ӯро торсакӣ мезаданд.
66
Ҳангоме ки Петрус дар поён, дар рӯи ҳавлӣ буд, яке аз канизони саркоҳин омад
67
ва чун дид, ки Петрус худро гарм мекунад, ба вай нигоҳ карда, гуфт: «Ту низ бо Исои Носирӣ будӣ».
68
Лекин вай инкор карда, гуфт: «Намедонам ва намефаҳмам, ки ту чӣ мегӯӣ». Ва ба ҳавлии берун рафта буд, ки хурӯс бонг зад.
69
Каниз бори дигар вайро дида, ба онҳое ки истода буданд, гуфт: «Ин яке аз онҳост».
70
Вай бори дигар инкор кард. Пас аз муддате онҳое ки истода буданд, ба Петрус гуфтанд: «Ба ростӣ ту яке аз онҳо мебошӣ; зеро ту ҷалилӣ ҳастӣ ва лаҳҷаи ту ҳамон хел аст».
71
Лекин вай ба савганду қасам хӯрдан сар карда, гуфт: «Он одамро, ки мегӯед, намешиносам».
72
Ва хурӯс бори дуюм бонг зад. Он гоҳ Петрус суханони Исоро ба ёд овард, ки вай гуфта буд: «Пеш аз он ки хурӯс ду бор бонг занад, Маро се бор инкор мекунӣ». Ва ба гиристан сар кард.
← Chapter 13
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 15 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16