bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Romans 1
Romans 1
Tajik NT 1999
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 2 →
1
Павлус, бандаи Исои Масеҳ, расули даъватшуда ва барои Инҷили Худо ҷудо кардашуда,
2
ки онро Худо пештар, ба воситаи пайғамбарони Худ, дар Китоби Муқаддас ваъда карда буд,
3
яъне Инҷил дар бораи Писари Худ, ки аз ҷиҳати ҷисм аз насли Довуд ба дунё омадааст,
4
ва аз ҷиҳати рӯҳи қудсият, ба воситаи бархестанаш аз мурдагон, чун Писари Худо бо қувват маълум шудааст, яъне дар бораи Худованди мо Исои Масеҳ,
5
ки ба воситаи Ӯ мо файз ва вазифаи расулиро пайдо кардаем, то ба хотири номи Ӯ ҳамаи халқҳоро ба итоати имон дароварем,
6
ки дар миёни онҳо шумо низ даъватшудагони Исои Масеҳ ҳастед, —
7
ба ҳамаи дӯстдоштагони Худо, муқаддасони даъватшуда, ки дар Рум ҳастанд, аз ҷониби Падари мо Худо ва Худованд Исои Масеҳ файз ва осоиш бар шумо бод.
8
Пеш аз ҳама ба Худои худ ба воситаи Исои Масеҳ барои ҳамаи шумо шукр мегӯям, ки имони шумо дар тамоми ҷаҳон шӯҳрат ёфтааст.
9
Худое ки Ӯро дар башорати Писараш бо рӯҳи худ ибодат мекунам, маро шоҳид аст, ки чӣ гуна пайваста шуморо ба ёд меоварам
10
ва ҳамеша дар дуоҳои худ илтимос мекунам, ки хости Худо ягон вақт ба ман мусоидат намояд, ки назди шумо биёям.
11
Зеро хеле орзуманди дидани шумо мебошам, то як атои рӯҳоние барои устувор шуданатон ба шумо тақдим намоям,
12
яъне бо якҷоягии шумо аз имони умумиамон, аз имони шумо ва худам, тасаллӣ ёбам.
13
Эй бародарон, намехоҳам бехабар бошед ки борҳо ният доштам назди шумо биёям, — лекин то кунун чизе ба ман монеъ мешуд, — то дар миёни шумо низ, чун дар халқҳои дигар, самаре ҳосил кунам.
14
Ман нисбат ба юнониён ва барбариён, нисбат ба хирадмандон ва нодонон, қарзе ба гардан дорам;
15
пас, хоҳони онам, ки ба шумо низ, ки дар Рум ҳастед, башорат диҳам.
16
Зеро аз Инҷили Масеҳ шармсор нестам, чунки он қуввати Худост барои наҷоти ҳар касе ки имон оварад: ҳам, аввалан, яҳудӣ ва ҳам юнонӣ.
17
Зеро росткории Худо дар он аз имон ба имон ошкор мешавад, чунон ки навишта шудааст: “Вале росткор бо имон зиндагӣ мекунад”.
18
Зеро ғазаби Худо аз осмон зоҳир мешавад бар ҳар гуна худонотарсӣ ва бадкирдории одамоне ки ростиро бо бадкирдорӣ поймол мекунанд.
19
Зеро ки он чи дар бораи Худо донистан мумкин аст, ба онҳо маълум аст, чунки Худо ба онҳо маълум кардааст;
20
зеро моҳияти нонамоёни Ӯ, яъне қуввати абадӣ ва илоҳияти Ӯ, аз офариниши ҷаҳон ба воситаи дидани офаридаҳояш ба назар намоён аст, бинобар ин онҳо ҳеҷ узре надоранд.
21
Агарчи онҳо Худоро шинохтанд, Ӯро чун Худо ситоиш накарданд ва шукр нагуфтанд, балки хаёлоти онҳо ҳеҷ гардиданд, ва дили бефаросати онҳо тира шуд.
22
Худро хирадманд номида, аҳмақ шуданд,
23
ва ҷалоли Худои нобуднашавандаро ба сурате табдил доданд, ки ба одами нобудшаванда, ба парандагон, чорпоён ва хазандагон монанд аст.
24
Бинобар ин Худо онҳоро бо шаҳватҳои дилашон ба нопокӣ гирифтор кард, ба тавре ки онҳо баданҳои худро бо ҳамдигар нангин карданд;
25
онҳо ростии Худоро ба дурӯғ иваз карданд ва парастишу ибодат карданд офаридаро ба ҷои Офаридгоре ки то абад муборак аст, омин.
26
Аз ин сабаб Худо онҳоро ба ҳавасҳои нангин гирифтор кард: занони онҳо алоқаи табииро ба алоқаи ғайритабиӣ иваз карданд;
27
ҳамчунин мардон алоқаи табииро бо занон тарк карда, оташи шаҳваташон ба якдигар баланд шуд, ва мард бо мард ба кирдори нангин машғул шуда, сазои гумроҳии худро дар худашон диданд.
28
Ва азбаски Худоро бо ақли худ шинохтан нахостанд, Худо онҳоро ба фикрҳои ношоиста вогузошт, то ки корҳои носазо кунанд,
29
бинобар ин онҳо аз ҳар гуна норостӣ, фосиқӣ, бадӣ, тамаъ ва кина, ҳамчунин аз ҳасад, куштор, ҷанҷол, фиреб ва бадхӯӣ пур ҳастанд,
30
бадгап, тӯҳматчӣ, худобадбин, дилозор, мағрур, худсито ва бадандеш ҳастанд, ба падару модарон итоат намекунанд,
31
бефаҳм, аҳдшикан, номеҳрубон, оштинопазир ва бераҳманд.
32
Агарчи доварии Худоро медонанд, ки кунандагони чунин корҳо сазовори марганд, на фақат худашон ин корҳоро мекунанд, балки аз кунандагони дигар низ хуш ҳастанд.
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 2 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
Recommended Reading
Commentary
Romans Commentaries
→
Devotional
Romans Devotional Guide
→
Get This Bible
Tajik NT Study Bible
→