bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Romans 16
Romans 16
Tajik NT 1999
← Chapter 15
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
1
Хоҳари мо Фибиро, ки хизматгузори ҷамоати Канхария аст, ба шумо мешиносонам,
2
то вайро дар Худованд ба таври шоистаи муқаддасон қабул кунед ва дар ҳар чизе ки ба шумо мӯҳтоҷ бошад, ба вай мадад расонед; зеро вай низ ба бисёр касон ва ба худи ман мададгор буд.
3
Ба Приска ва Акило, ҳамкорони ман дар Масеҳ Исо, салом гӯед;
4
онҳо ҷони худро барои ман ба хатар андохтаанд, ва аз онҳо на танҳо ман, балки ҳамаи ҷамоатҳои халқҳо низ миннатдоранд; ҳамчунин ба аҳли ҷамоате ки дар хонаи онҳо ҷамъ мешаванд, салом гӯед.
5
Ба азизи ман Апайнитус, ки барои Масеҳ навбари Охоия аст, салом гӯед.
6
Ба Марям, ки барои мо бисёр меҳнат кардааст, салом гӯед.
7
Ба хешони ман Андрониқус ва Юниёс, ки бо ман бандӣ буданд, салом гӯед; онҳо дар миёни расулон машҳуранд ва аз ман пештар дар Масеҳ буданд.
8
Ба Амплиёс, ки дар Худованд азизи ман аст, салом гӯед.
9
Ба Урбонус, ки дар Масеҳ ҳамкори мост, ва ба Истохис, ки азизи ман аст, салом гӯед.
10
Ба Апиллис, ки дар Масеҳ озмуда шудааст, салом гӯед. Ба аҳли хонаи Аристобулус салом гӯед.
11
Ба хеши ман Ҳиродиюн салом гӯед. Ба онҳое ки аз аҳли хонаи Наркисус дар Худованд ҳастанд, салом гӯед.
12
Ба Трифайно ва Трифусо, ки дар Худованд меҳнат мекунанд, салом гӯед. Ба Парсиси азиз, ки дар Худованд бисёр меҳнат мекунад, салом гӯед.
13
Ба Руфус, интихобшуда дар Худованд, ва ба модари ӯ, ки барои ман низ модар аст, салом гӯед.
14
Ба Асинкритус, Флигӯн, Ҳермос, Патрубос, Ҳермис ва бародароне ки бо онҳоянд, салом гӯед.
15
Ба Филӯлӯгус ва Юлиё, Нириёс ва хоҳараш, ва Улимпос, ва ҳамаи муқаддасоне ки бо онҳоянд, салом гӯед.
16
Ба якдигар бо бӯсаи муқаддас салом гӯед. Ҷамоатҳои Масеҳ ба шумо салом мегӯянд.
17
Шуморо, эй бародарон, даъват менамоям, ки аз касоне ки бар хилофи таълими омӯхтаатон ҷудоӣ ва васваса меандозанд, эҳтиёт бошед ва аз онҳо канорагирӣ кунед;
18
зеро онҳо на бандаи Худованди мо Исои Масеҳ, балки бандаи шиками худ ҳастанд ва бо хушомадгӯӣ ва суханороӣ дилҳои содалавҳонро фиреб медиҳанд.
19
Итоати шумо ба ҳама маълум аст; ва ман низ аз шумо хурсандам, лекин орзумандам, ки шумо дар некӣ хирадманд ва дар бадӣ содадил бошед.
20
Ва Худои осоиш ба зудӣ шайтонро зери пойҳои шумо сарнагун мекунад. Файзи Худованди мо Исои Масеҳ бо шумо бод! Омин!
21
Ҳамкорам Тимотиюс ва хешонам Лукюс, Ёсун ва Сӯсипатрус ба шумо салом мегӯянд.
22
Ман, Тартиюс, ки ин номаро навиштаам, ба шумо дар Худованд салом мегӯям.
23
Ғоюс, ки мизбони ман ва тамоми аҳли ҷамоат мебошад, ба шумо салом мегӯяд. Хазинадори шаҳр Арастус ва бародар Квартус ба шумо салом мегӯянд.
24
Файзи Худованди мо Исои Масеҳ бо ҳамаи шумо бод. Омин.
← Chapter 15
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16