bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Romans 14
Romans 14
Tajik NT 1999
← Chapter 13
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 15 →
1
Касеро, ки дар имон суст аст, қабул кунед бе он ки дар бораи ақидаҳо баҳс намоед.
2
Яке боварӣ дорад, ки хӯрдани ҳама чиз раво аст, вале он ки суст аст, танҳо сабзавот мехӯрад.
3
Касе ки мехӯрад, набояд он касро, ки намехӯрад, хор шуморад; ва касе ки намехӯрад, набояд он касро, ки мехӯрад, ҳукм кунад: чунки Худо ӯро қабул кардааст.
4
Ту кистӣ, ки бандаи Каси дигарро ҳукм мекунӣ? Ӯ пеши хоҷаи худ меистад ё меафтад; аммо ба по меистад, зеро Худо қодир аст ӯро ба по истонад.
5
Як кас як рӯзро аз рӯзи дигар муҳимтар меҳисобад; лекин каси дигар ҳамаи рӯзҳоро баробар меҳисобад. Бигзор ҳар яке дар ақидаи худ устувор бошад.
6
Он ки рӯзеро муҳимтар меҳисобад, барои Худованд муҳимтар меҳисобад; ва он ки рӯзеро муҳимтар намеҳисобад, барои Худованд муҳимтар намеҳисобад. Он ки мехӯрад, барои Худованд мехӯрад, зеро Худоро шукр мегӯяд. Ва он ки намехӯрад, барои Худованд намехӯрад ва Худоро шукр мегӯяд.
7
Зеро ҳеҷ яке аз мо барои худ зиндагӣ намекунад, ва ҳеҷ яке барои худ намемурад.
8
Зеро агар зиндагӣ кунем, барои Худованд зиндагӣ мекунем, ва агар мурем, барои Худованд мемурем. Бинобар ин, хоҳ зиндагӣ кунем, хоҳ мурем, аз они Худованд ҳастем.
9
Зеро Масеҳ барои он мурд ва бархест ва аз нав зиндагӣ кард, ки ҳам бар мурдагон ва ҳам бар зиндагон Худованд бошад.
10
Пас чаро ту бародаратро ҳукм мекунӣ? Ё низ ту чаро бародаратро хор мешуморӣ? Ҳамаи мо пеши курсии доварии Масеҳ ҳозир мешавем.
11
Зеро навишта шудааст: “Қасам ба ҳаёти Худам, мегӯяд Худованд, Пеши Ман ҳар зонуе хам хоҳад шуд, Ва ҳар забоне Худоро эътироф хоҳад кард”.
12
Пас, ҳар яке аз мо дар бораи худ ба Худо ҳисобот хоҳад дод.
13
Пас якдигарро дигар ҳукм накунем; балки беҳтар аст дар он хусус муҳокима кунед, ки дар роҳи бародар пешпое ё васвасае нагузоред.
14
Ман медонам ва дар Худованд Исо дилпур ҳастам, ки ҳеҷ чизе дар худ ҳаром нест; танҳо барои касе ки чизеро ҳаром мешуморад, он ҳаром аст.
15
Ва агар бародарат барои хӯрокат озурда шавад, ту дигар аз рӯи муҳаббат рафтор намекунӣ; бо хӯроки худ он касро, ки Масеҳ барои ӯ мурдааст, нобуд накун.
16
Пас эҳтиёт бошед, ки аз кори неки шумо бадгӯӣ накунанд.
17
Зеро Подшоҳии Худо аз хӯрдан ва нӯшидан иборат нест, балки росткорӣ, осоиш ва шодмонӣ дар Рӯҳулқудс аст.
18
Ва ҳар кӣ бо ин чизҳо Масеҳро бандагӣ менамояд, писандидаи Худо ва пазируфтаи одамон аст.
19
Пас дар роҳи осоиш ва ободии якдигар кӯшиш кунем.
20
Барои хӯрок кори Худоро вайрон накун. Ҳама чиз пок аст, лекин агар ба сабаби хӯрдан касе пешпо хӯрад, ин кор дуруст нест.
21
Беҳтар аст, ки гӯшт нахӯрӣ, май нанӯшӣ ва коре накунӣ, ки боиси пешпо хӯрдан, ё ба васваса афтодан ё суст шудани бародарат гардад.
22
Ту имон дорӣ? Онро барои худ, пеши Худо дошта бош. Хушо касе ки худро барои он чи дуруст меҳисобад, маҳкум накунад.
23
Аммо он ки шубҳа дорад, агар хӯрад, маҳкум мегардад, чунки ин корро аз рӯи имон накард; ва ҳар коре ки мувофиқи имон нест, гуноҳ аст.
24
Ба Ӯ, ки қодир аст шуморо устувор гардонад ва аз рӯи Инҷили ман ва мавъиза дар бораи Исои Масеҳ, аз рӯи ошкоршавии он сирре ки аз замонҳои азал ниҳон буд,
25
вале акнун ошкор шуда, ба воситаи Китоби пайғамбарон, бо амри Худои абадӣ ба ҳамаи халқҳо маълум шудааст, то ба итоати имон дароянд,
26
ба Худои хирадманди якто, ба воситаи Исои Масеҳ, то абад ҷалол бод. Омин.
← Chapter 13
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 15 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16