bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Romans 5
Romans 5
Tajik NT 1999
← Chapter 4
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 6 →
1
Пас, мо бо имон сафед шуда, бо Худо ба воситаи Худованди мо Исои Масеҳ осоиш дорем,
2
ки ба воситаи Ӯ мо бо имон сӯи ин файзе роҳ ёфтаем, ки дар он истодаем ва бо умеди ҷалоли илоҳӣ фахр мекунем.
3
Ва на танҳо бо ин, балки бо азобҳо низ фахр мекунем, зеро медонем, ки азоб сабрро ба вуҷуд меоварад,
4
ва сабр — ботаҷрибагиро, ва ботаҷрибагӣ — умедро,
5
ва умед шарманда намекунад, чунки муҳаббати Худо дар дилҳои мо ба воситаи Рӯҳулқудс, ки ба мо дода шуд, ҷорӣ шудааст.
6
Зеро Масеҳ, ҳангоме ки мо ҳанӯз нотавон будем, дар вақти муқарраршуда барои худонотарсон мурд.
7
Зеро гумон намеравад, ки касе барои росткоре мурад, вале эҳтимол дорад, ки барои ягон некӯкоре касе ба мурдан ҷуръат кунад.
8
Лекин Худо муҳаббати Худро нисбат ба мо бо ҳамин исбот мекунад, ки ҳангоме ҳанӯз гуноҳкор будем, Масеҳ барои мо мурд.
9
Пас, хусусан акнун, ки бо Хуни Ӯ сафед шудаем, ба воситаи Ӯ аз ғазаб наҷот меёбем.
10
Зеро агар бо Худо, ҳангоми душман будани худ, ба воситаи марги Писари Ӯ оштӣ карда бошем, пас, хусусан баъд аз оштӣ кардан, мо ба воситаи ҳаёти Ӯ наҷот меёбем.
11
Ва на танҳо ин, балки низ бо Худо ба воситаи Худованди мо Исои Масеҳ фахр мекунем, ки ба воситаи Ӯ акнун оштӣ ба даст овардаем. Ҳаёт бо,,,,\ Масеҳ ва марг бо Одам
12
Пас, чунон ки ба воситаи як одам гуноҳ ба ҷаҳон дохил шуд ва бо гуноҳ марг омад, ончунон низ ба ҳамаи одамон гузашт, чунки ҳама гуноҳ карданд.
13
Зеро пеш аз шариат ҳам гуноҳ дар ҷаҳон буд, лекин ҳангоме ки шариат нест, гуноҳ ҳисобида намешавад.
14
Бо ин ҳама, аз Одам то Мусо марг бар онҳое низ ҳукмрон буд, ки хатое монанди гуноҳи Одам накарда буданд, ки ӯ намунаи Шахси оянда аст.
15
Лекин атои файз ба хато монанд нест. Зеро агар бо хатои як кас бисёр касон гирифтори марг шуда бошанд, пас, хусусан файзи Худо ва тӯҳфаи он барои бисёр касон ба воситаи файзи як Одам, яъне Исои Масеҳ, фаровон мегардад.
16
Ва тӯҳфа ба он чи ба воситаи як гуноҳкор омад, монанд нест; зеро доварӣ пас аз як хато сабаби маҳкумият мешавад, лекин атои файз пас аз хатоҳои бисёр сафед мекунад.
17
Зеро агар бо хатои як кас марг ба воситаи ҳамин як кас ҳукмрон шуда бошад, пас, хусусан онҳое ки фаровонии файз ва тӯҳфаи росткориро қабул мекунанд, дар ҳаёт ба воситаи Исои Масеҳи ягона ҳукмрон мешаванд.
18
Бинобар ин, чунон ки ба воситаи хатои як кас ҳамаи одамон маҳкум шуданд, ончунон ба воситаи росткории як Кас ҳамаи одамон барои ҳаёт сафед шуданд.
19
Зеро, чунон ки ба воситаи беитоатии як кас бисёр касон гуноҳкор шуданд, ончунон ба воситаи итоати як Кас бисёр касон росткор мешаванд.
20
Аммо шариат баъд ба майдон омад, то хато зиёд шавад; ва ҳангоме ки гуноҳ зиёд шуд, файз хеле фаровон гардид,
21
то ки, чунон ки гуноҳ ба воситаи марг ҳукмрон шуд, ончунон файз ҳам ба воситаи росткорӣ барои ҳаёти абадӣ ба воситаи Худованди мо Исои Масеҳ ҳукмрон шавад.
← Chapter 4
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 6 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16