bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Romans 9
Romans 9
Tajik NT 1999
← Chapter 8
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 10 →
1
Дар Масеҳ рост мегӯям, дурӯғ намегӯям, виҷдонам дар Рӯҳулқудс б ман шаҳодат медиҳад,
2
ки ғуссаи бузургест барои ман, ва сӯзи дили ман поён надорад.
3
Зеро мехостам ба хотири бародаронам, ки аз ҷиҳати ҷисм хешони мананд, худам аз Масеҳ маҳрум шавам.
4
Онҳо исроилиёнанд; писархондагӣ ва ҷалол, аҳдҳо ва шариат, ибодат ва ваъдаҳо аз они онҳост;
5
ва падарон аз онҳоянд, ва Масеҳ аз ҷиҳати ҷисм аз онҳост, ки Ӯ бар ҳама то абад Худои муборак аст, мин.
6
Аммо чунин нест, ки каломи Худо нопойдор шуда бошад. Зеро на ҳама исроилиянд, ки аз Исроил бошанд,
7
ва на ҳама фарзандони Иброҳиманд, ки наслаш ҳастанд; балки “насли ту аз Исҳоқ хонда мешавад”.
8
Яъне на фарзандони ҷисм фарзандони Худо ҳастанд, балки фарзандони ваъда насл ҳисоб меёбанд.
9
Зеро каломи ваъда чунин аст: “Дар ҳамин вақт меоям, ва Соро писардор мешавад”.
10
Ва на танҳо ин, балки Ривқо низ аз яке, яъне аз падарамон Исҳоқ ҳомила буд.
11
Зеро пеш аз таваллуди кӯдакон, ки ҳанӯз ҳеҷ кори неке ё баде накарда буданд, барои он ки нақшаи Худо дар интихобашон на аз корҳо, балки аз Даъваткунанда устувор монад,
12
ба вай гуфта шуд: “Калонӣ бандаи хурдӣ мешавад”.
13
Чунон ки навишта шудааст: “Яъқубро дӯст доштам, аммо Эсавро бад дидам”.
14
Пас чӣ гӯем? Магар назди Худо беинсофӣ ҳаст? Ҳеҷ гоҳ.
15
Зеро Ӯ ба Мусо мегӯяд: “Ҳар киро марҳамат кардан хоҳам, марҳамат мекунам, ва ба ҳар кӣ меҳрубонӣ кардан хоҳам, меҳрубонӣ мекунам”.
16
Пас, гап на дар он кас аст, ки майл дорад ва саъю кӯшиш мекунад, балки дар Худост, ки марҳамат мекунад.
17
Зеро Китоб ба фиръавн мегӯяд: “Барои он туро ба по гузоштаам, ки қуввати Худро дар ту нишон диҳам ва номи Ман дар тамоми рӯи замин шӯҳрат ёбад”.
18
Пас, Ӯ ба ҳар кӣ хоҳад, марҳамат мекунад, ва ҳар киро хоҳад, сангдил мегардонад.
19
Пас ба ман мегӯӣ: “Чаро Ӯ боз сарзаниш мекунад? Зеро кист, ки ба хости Ӯ муқобилат карда тавонад?”
20
Аммо ту кистӣ, эй одамизод, ки бо Худо баҳс мекунӣ? Оё сохташуда ба созанда мегӯяд: “Чаро маро чунин сохтӣ? ”
21
Оё кӯзагар бар гил ихтиёр надорад, ки аз ҳамон як хамира зарфе иззатнок ва зарфе беиззат созад?
22
Пас, чӣ ҷои баҳс аст, ки агар Худо, бо мақсади нишон додани ғазаби Худ ва ошкор сохтани тавоноии Худ, зарфҳои ғазабро, ки барои ҳалокат муҳайё шудаанд, бо пурсабрии бузурге бардошт карда бошад,
23
то фаровонии ҷалоли Худро бар зарфҳои марҳамат, ки Ӯ пешакӣ онҳоро барои ҷалол омода кардааст, ошкор созад.
24
Ва он зарфҳои марҳамат моем, ки Ӯ моро на танҳо аз байни яҳудиён, балки аз байни халқҳо низ даъват намудааст,
25
чунон ки дар китоби Ҳушаъ низ мегӯяд: «Онҳоеро, ки қавми Ман нестанд, қавми Худ хоҳам хонд, ва онро, ки маҳбуба нест, маҳбуба хоҳам хонд;
26
ва дар он ҷое ки ба онҳо гуфта шудааст: “Шумо қавми Ман нестед”, онҳо писарони Худои зинда номида хоҳанд шуд».
27
Ва Ишаъё дар бораи Исроил нидо мекунад: “Шумораи банӣ-Исроил чун реги баҳр бошад ҳам, бақияе наҷот хоҳад ёфт;
28
зеро Худованд коре ба анҷом мерасонад ва ба зудӣ аз рӯи адолат ҳал мекунад, кори қатъие бар замин мекунад”.
29
Ва чунон ки Ишаъё пешгӯӣ кардааст: “Агар Худованди лашкарҳо барои мо насле боқӣ намегузошт, мо чун Садӯм мешудем ва ба Амуро монандӣ медоштем”.
30
Пас чӣ гӯем? Халқҳое ки дар пайи росткорӣ набуданд, росткорӣ ба даст оварданд: росткорие ки аз имон аст;
31
аммо Исроил, ки дар пайи шариати росткорӣ буд, ба шариати росткорӣ нарасид.
32
Чаро? Чунки на аз роҳи имон, балки бо корҳои шариат дар пайи он буданд. Зеро онҳо ба санги пешпое пешпо хӯрданд,
33
чунон ки навишта шудааст: “Инак, дар Сион санги пешпо ва харсанги монеа мегузорам, ва ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, шарманда намешавад”.
← Chapter 8
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 10 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16