bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Romans 4
Romans 4
Tajik NT 1999
← Chapter 3
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 5 →
1
Пас, чӣ гӯем, ки падари мо Иброҳим аз ҷиҳати ҷисм чӣ чизе пайдо кард?
2
Агар Иброҳим бо корҳо сафед шуда бошад, метавонист фахр кунад, аммо пеши Худо чунин нест.
3
Зеро Китоб чӣ мегӯяд: “Ва Иброҳим ба Худо имон овард, ва ин барои ӯ росткорӣ ҳисобида шуд”.
4
Барои касе ки кор мекунад, муздаш на аз рӯи файз, балки аз рӯи ӯҳдадорӣ ҳисоб карда мешавад;
5
лекин барои касе ки кор намекунад, балки имон меоварад ба Он ки худонотарсонро сафед мекунад, имонаш росткорӣ ҳисобида мешавад.
6
Чунон ки Довуд низ одамеро хушбахт меномад, ки Худо ба вай росткориро новобаста ба корҳояш ба ҳисоб мегирад:
7
“Хушо касоне ки хатоҳошон бахшида шудаанд ва гуноҳҳошон пӯшонда шудаанд;
8
хушо касе ки Худованд гуноҳи вайро ба ҳисоб намеоварад”.
9
Оё ин хушбахтӣ барои аҳли хатна аст ё барои бехатнагон низ? Зеро гуфтем, ки барои Иброҳим имонаш росткорӣ ҳисобида шуд.
10
Кай ҳисобида шуд? Пас аз хатна ё пеш аз хатна? Пас аз хатна не, балки пеш аз хатна буд.
11
Ва аломати хатнаро ӯ, ҳамчун мӯҳри росткорӣ мувофиқи имоне ки дар ҳолати бехатнагии худ дошт, пайдо кард, бинобар ин ӯ падари ҳамаи имондорони бехатна шуд, то барои онҳо низ росткорӣ ҳисобида шавад;
12
ва ҳамчунин падари аҳли хатна шуд, ки онҳо на танҳо аз аҳли хатнаанд, балки низ имонеро, ки Иброҳим дар ҳолати бехатнагӣ дошт, пайравӣ мекунанд.
13
Зеро ба Иброҳим, ё ба наслаш, ваъдаи он ки ӯ вориси ҷаҳон мешавад, ба воситаи шариат не, балки ба воситаи росткории имон дода шудааст.
14
Зеро агар аҳли шариат ворис бошанд, дар он ҳол имон ҳеҷ асту ваъда пуч;
15
чунки шариат сабаби ғазаб мешавад, зеро дар ҷое ки шариат нест, вайронкунии он ҳам нест.
16
Бинобар ин мувофиқи имон аст, то аз рӯи файз бошад, то ки ваъда ба тамоми насл таъмин шавад, на танҳо ба аҳли шариат, балки низ ба аҳли имони Иброҳим, ки ӯ падари ҳамаи мост,
17
чунон ки навишта шудааст: “Ман туро падари халқҳои бисёр гардондам”, пеши Худое ки Иброҳим ба Ӯ имон овард, пеши Худое ки мурдагонро зинда мекунад ва номавҷудро ҳамчун мавҷуд мехонад.
18
Дар ҳоле ки ҳеҷ умеде набуд, Иброҳим умедвор шуда, имон овард, то падари халқҳои бисёр шавад, аз рӯи он чи гуфта шудааст: “Насли ту чунин мешавад”.
19
Ва дар имон суст нашуда, ба он нигоҳ накард, ки бадани ӯ дар синни қариб садсолагӣ аллакай мурдааст, ва бачадони Соро низ мурдааст;
20
ва ба ваъдаи Худо аз беимонӣ шубҳа накард, балки дар имонаш устувор истода, Худоро ҳамду сано хонд,
21
ва боварии комил дошт, ки Ӯ ба иҷрои ваъдаи Худ низ қодир аст.
22
Аз ҳамин сабаб барои ӯ росткорӣ ҳисобида шуд.
23
Аммо на танҳо дар ҳаққи ӯ навишта шудааст, ки барои ӯ ҳисобида шуд,
24
балки дар ҳаққи мо низ: барои мо низ ҳисобида мешавад, ки имон дорем ба Он ки Худованди мо Исоро аз мурдагон бархезонд,
25
ки Ӯ ба сабаби хатоҳои мо таслим гардид ва барои сафед кардани мо бархезонда шуд.
← Chapter 3
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 5 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16