bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Romans 3
Romans 3
Tajik NT 1999
← Chapter 2
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 4 →
1
Пас, яҳудӣ чӣ бартарӣ дорад, ё ки хатна чӣ фоида дорад?
2
Бартарии бузурге аз ҳар ҷиҳат, ва пеш аз ҳама аз он ҷиҳат, ки ба дасташон суханони Худо супурда шудаанд.
3
Зеро чӣ гӯем? Агар баъзеашон бевафо бошанд, оё бевафоии онҳо вафои Худоро ҳеҷ мекунад?
4
Ҳеҷ гоҳ. Балки Худо барҳақ аст, агарчи ҳар одам дурӯғгӯй бошад, чунон ки навишта шудааст: “То ки Ту дар суханони Худ ҳақ бароӣ Ва дар мурофиа ғолиб оӣ”.
5
Лекин агар бадкирдории мо росткории Худоро ошкор мекарда бошад, чӣ гӯем? Оё Худо, ҳангоме ки ба ғазаб меояд, ноҳақ аст? — Инро ба таври одамӣ мегӯям.
6
Ҳеҷ гоҳ. Вагарна Худо чӣ гуна метавонад ҷаҳонро доварӣ кунад?
7
Зеро агар ба воситаи дурӯғи ман ростии Худо барои ҷалоли Ӯ афзун мешуда бошад, пас чаро ман боз ҳамчун гуноҳкоре ҳукм мешавам?
8
Ва магар чунон кунем, ки баъзеҳо ба мо тӯҳмат карда, даъво менамоянд, гӯё мо мегуфта бошем: “Биёед бадӣ кунем, то некӣ ҳосил шавад”? Маҳкумияти чунин касон одилона аст.
9
Пас чӣ гӯем? Оё мо бартарӣ дорем? Не, надорем, зеро пеш аз ин даъво кардаем, ки ҳам яҳудиён ва ҳам юнониён, ҳама зери ҳукми гуноҳ ҳастанд,
10
чунон ки навишта шудааст: “Касе росткор нест, як нафар ҳам нест;
11
Касе бофаҳм нест; касе худоҷӯй нест;
12
Ҳама гумроҳ шудаанд, аз як сар ношояманд: Некӯкоре нест, як нафар ҳам нест.
13
Гулӯяшон қабри кушода аст; Бо забонашон фиреб медиҳанд; Зери лабонашон заҳри мори афъӣ аст;
14
Даҳонашон пур аз дашном ва талхист;
15
Пойҳошон барои хунрезӣ шитобон ҳастанд;
16
Вайронӣ ва бадбахтӣ дар роҳҳои онҳост;
17
Онҳо роҳи осоишро намедонанд.
18
Дар пеши чашмашон тарси Худо нест”.
19
Лекин мо медонем, ки ҳар чи шариат мегӯяд, ба аҳли шариат мегӯяд, то ҳар даҳоне баста шавад ва тамоми ҷаҳон пеши Худо айбдор гардад,
20
чунки бо корҳои шариат ҳеҷ башаре пеши Ӯ сафед намешавад; зеро гуноҳ ба воситаи шариат дониста мешавад.
21
Аммо акнун, берун аз шариат, росткории Худо ошкор шудааст, ки Таврот ва пайғамбарон бар он гувоҳӣ медиҳанд, —
22
росткории Худо ба воситаи имон ба Исои Масеҳ барои ҳама кас ва бар ҳамаи имондорон; зеро ҳеҷ фарқе нест,
23
чунки ҳама гуноҳ карда, аз ҷалоли илоҳӣ маҳрум шудаанд
24
ва муфт, бо файзи Ӯ, ба воситаи раҳоие ки дар Исои Масеҳ аст, сафед карда мешаванд,
25
ки Ӯро Худо пешниҳод кард, то ки дар хуни Ӯ ба воситаи имон кафорате бошад, барои нишон додани адолати Ӯ дар нодида гирифтани гуноҳҳои пештара дар замони пурсабрии Худо,
26
ва барои нишон додани адолати Ӯ дар замони ҳозира, то ки Ӯ одил бошад ва ҳар киро, ки ба Исо имон меоварад, сафед кунад.
27
Пас, чӣ ҷои фахр аст? Он аз байн рафтааст. Бо кадом шариат? Оё бо шариати амалҳо? Не, балки бо шариати имон.
28
Пас, чунин меҳисобем, ки одамизод, бе корҳои шариат, ба воситаи имон сафед мешавад.
29
Ё Худо фақат Худои яҳудиён аст? Магар Худои халқҳо ҳам нест? Албатта, Ӯ Худои халқҳо ҳам ҳаст;
30
чунки Худо ягона аст, ва Ӯ аҳли хатнаро аз рӯи имон ва бехатнагонро ба воситаи имон сафед мекунад.
31
Пас, оё мо шариатро ба воситаи имон ҳеҷ мегардонем? Ҳеҷ гоҳ, балки шариатро устувор мегардонем.
← Chapter 2
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 4 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16