bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Romans 7
Romans 7
Tajik NT 1999
← Chapter 6
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 8 →
1
Эй бародарон, магар намедонед, — зеро ба донандагони шариат сухан мегӯям, — ки шариат бар одамизод дар вақти зиндагии вай ҳукмронӣ мекунад?
2
Зеро зани шавҳардор мувофиқи шариат ба шавҳари зинда вобаста аст, ва агар шавҳараш мурад, вай аз шариати шавҳардорӣ озод мешавад.
3
Бинобар ин агар вай дар вақти зиндагии шавҳараш аз марди дигаре шавад, зинокор номида мешавад; лекин агар шавҳараш мурад, вай аз шариат озод мешавад ва ҳар гоҳ аз марди дигар шавад, зинокор ҳисоб намеёбад.
4
Шумо низ, эй бародарони ман, ба воситаи бадани Масеҳ нисбат ба шариат ба марг супурда шудаед, то аз они Дигаре бошед, яъне аз они Ӯ, ки аз мурдагон бархезонда шуд, то барои Худо самаре оварем.
5
Зеро, ҳангоме ки дар ҷисм будем, ҳавасҳои гуноҳҳое ки ба воситаи шариат барангехта мешуданд, дар узвҳои мо амал мекарданд, то барои марг самаре оварем.
6
Лекин акнун нисбат ба шариате ки моро баста буд, мурда, аз он озод шудаем, то бо Рӯҳи нав бандагӣ намоем, на бо ҳарфи кӯҳна.
7
Пас чӣ гӯем? Оё шариат гуноҳ аст? Ҳеҷ гоҳ. Лекин агар шариат намебуд, гуноҳро намешинохтам. Зеро агар шариат намегуфт, ки “тамаъ накун”, ман намедонистам, ки тамаъ чист.
8
Аммо гуноҳ, аз фармуда фурсат ёфта, дар ман ҳар гуна тамаъро ба вуҷуд овард, зеро бе шариат гуноҳ мурда аст.
9
Ман замоне бе шариат зинда будам, аммо вақте ки фармуда ба майдон омад, гуноҳ зинда шуд,
10
ва ман мурдам, ва он фармудае ки барои ҳаёт дода шуда буд, сабаби марги ман шуд;
11
чунки гуноҳ, аз фармуда фурсат ёфта, маро фирефта кард ва ба воситаи он кушт.
12
Бинобар ин шариат муқаддас аст, фармуда муқаддас, одилона ва нек.
13
Пас, оё чизи нек барои ман сабаби марг шуд? Ҳеҷ гоҳ. Балки гуноҳ ба воситаи чизи нек ба ман марг овард, то ҳамчун гуноҳ ошкор шавад ва бадии беандозаи гуноҳ ба воситаи фармуда маълум гардад.
14
Зеро мо медонем, ки шариат рӯҳонӣ мебошад, вале ман ҷисмонӣ ҳастам ва ба гуноҳ фурӯхта шудаам.
15
Зеро он чи мекунам, намефаҳмам; чунки он чи мехоҳам, намекунам, балки он чи бад мебинам, ба ҷо меоварам.
16
Аммо агар он чи намехоҳам, ба ҷо меоварам, бо ҳамин қабул мекунам, ки шариат нек аст.
17
Ва акнун кунандаи он ман нестам, балки гуноҳест, ки дар ман сокин аст.
18
Зеро медонам, ки дар ман, яъне дар ҷисми ман, чизи нек сокин нест; чунки ҳарчанд майли кардани кори нек дар ман ҳаст, онро карда наметавонам.
19
Зеро он кори неке ки мехоҳам, ба ҷо намеоварам, лекин кори баде ки намехоҳам, мекунам.
20
Аммо агар он чи намехоҳам, ба ҷо меоварам, акнун кунандаи он ман нестам, балки гуноҳест, ки дар ман сокин аст.
21
Пас чунин қонун пайдо мекунам, ки ҳангоме ман мехоҳам кори нек кунам, аз ман кори бад сар мезанад.
22
Зеро ботинан аз шариати Худо лаззат мебарам,
23
лекин дар узвҳои худ қонуни дигаре мебинам, ки ба муқобили қонуни хиради ман меҷангад ва маро асири қонуни гуноҳ мегардонад, ки дар узвҳои ман аст.
24
Вой бар ман, ки шахси бечора ҳастам! Кӣ маро аз ин бадани гирифтори марг раҳоӣ медиҳад?
25
Худоро ба воситаи Худованди мо Исои Масеҳ шукр мегӯям. Пас ман бо ақли худ шариати Худоро бандагӣ менамоям, вале бо ҷисми худ қонуни гуноҳро.
← Chapter 6
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 8 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16