bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Romans 6
Romans 6
Tajik NT 1999
← Chapter 5
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 7 →
1
Пас чӣ гӯем? Оё дар гуноҳ монем, то файз зиёд шавад? Ҳеҷ гоҳ.
2
Мо, ки нисбат ба гуноҳ мурдаем, чӣ гуна метавонем дар он боз зиндагӣ кунем?
3
Оё намедонед, ки ҳамаи мо, ки дар Масеҳ Исо таъмид ёфтаем, дар марги Ӯ таъмид ёфтаем?
4
Пас мо, дар маргаш таъмид ёфта, бо Ӯ гӯронда шудаем, то ки, чунон ки Масеҳ бо ҷалоли Падар аз мурдагон бархезонда шуд, ончунон мо низ дар ҳаёти нав қадамгузор шавем.
5
Зеро агар мо дар монандии марги Ӯ бо Ӯ пайванд шуда бошем, дар монандии растохези Ӯ низ пайванд мешавем.
6
Зеро медонем, ки инсони кӯҳнаи мо бо Ӯ ба салиб кашида шудааст, то бадани пургуноҳ ҳеҷ гардад, ва мо дигар бандагони гуноҳ набошем;
7
чунки мурда аз гуноҳ озод аст.
8
Агар мо бо Масеҳ мурда бошем, боварӣ дорем, ки бо Ӯ зиндагӣ низ мекунем.
9
Зеро медонем, чун Масеҳ аз мурдагон бархезонда шуд, дигар намемурад: марг дигар бар Ӯ ҳукмронӣ намекунад.
10
Зеро, ин ки Ӯ мурд, як бор барои ҳамеша нисбат ба гуноҳ мурд, аммо ин ки зинда аст, барои Худо зинда аст.
11
Ҳамин тавр шумо низ худро нисбат ба гуноҳ мурда, аммо барои Худо дар Худованди мо Масеҳ Исо зинда ҳисоб кунед.
12
Пас, бигзор гуноҳ дар бадани мирандаи шумо подшоҳӣ накунад, то ба он дар ҳавасҳои бадан итоат накунед;
13
ва узвҳои худро чун асбоби бадкирдорӣ ба гуноҳ насупоред, балки худро, ҳамчун касони аз мурдагон зиндашуда, ба Худо супоред ва узвҳои худро чун асбоби росткорӣ дар ихтиёри Худо вогузор намоед.
14
Зеро гуноҳ бар шумо ҳукмронӣ намекунад, чунки на зери шариат, балки зери файз ҳастед.
15
Пас чӣ кунем? Оё гуноҳ кунем, зеро на зери шариат, балки зери файз ҳастем? Ҳеҷ гоҳ.
16
Оё намедонед, ки ба ҳар кӣ худро чун бандагон барои итоат супоред, бандагони ҳамон кас ҳастед, ки ба вай итоат мекунед, хоҳ гуноҳе барои марг бошад, хоҳ итоате барои росткорӣ?
17
Аммо, Худоро шукр, ки агарчи бандагони гуноҳ будед, аз таҳти дил ба ҳамон тарзи таълим фармонбардор шудаед, ки ба он супорида шудаед.
18
Ва аз гуноҳ озод шуда, бандагони росткорӣ гардидаед.
19
Ба хотири нотавонии ҷисматон, ба таври одамӣ мегӯям: чунон ки шумо узвҳои худро ба бандагии нопокӣ ва бадкорӣ супорида, ба бадкорӣ афтода будед, ончунон акнун узвҳои худро ба бандагии росткорӣ барои муқаддасшавӣ вогузор намоед.
20
Зеро вақте ки бандагони гуноҳ будед, аз росткорӣ озод будед.
21
Пас он вақт чӣ самаре доштед? Корҳое мекардед, ки акнун аз онҳо шарм медоред, чунки анҷоми онҳо марг аст.
22
Лекин акнун, ки аз гуноҳ озод шуда, бандагони Худо гардидаед, самари шумо муқаддасшавист, ва анҷоми кор ҳаёти абадист.
23
Зеро музди гуноҳ марг аст, аммо атои Худо ҳаёти абадист дар Худованди мо Масеҳ Исо.
← Chapter 5
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 7 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16