bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Romans 10
Romans 10
Tajik NT 1999
← Chapter 9
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 11 →
1
Эй бародарон! Орзуи дили ман ва зории ман аз Худо барои Исроил ин аст, ки онҳо наҷот ёбанд.
2
Зеро дар бораи онҳо шаҳодат медиҳам, ки ғайрат барои Худо доранд, аммо на аз рӯи фаҳм.
3
Зеро ба росткории Худо сарфаҳм нарафта, росткории худашонро барпо карданӣ шуданд ва ба ин сабаб ба росткории Худо фармонбардор нашуданд;
4
чунки Масеҳ анҷоми шариат аст барои росткории ҳар касе ки имон меоварад.
5
Мусо дар бораи росткорие ки аз рӯи шариат аст, чунин менависад: “Одам онҳоро ба ҷо оварда, бо онҳо зинда мемонад”.
6
Аммо росткорие ки аз рӯи имон аст, чунин мегӯяд: «Дар дили худ нагӯ: “Кӣ ба осмон боло меравад?”» — яъне то Масеҳро поён фурорад.
7
Ё: “Кӣ ба ҷаҳони зерин поён меравад? ” — яъне то Масеҳро аз мурдагон боло барорад.
8
Аммо он чӣ мегӯяд? “Калом наздики туст, дар даҳони ту ва дар дили туст”, яъне каломи имон, ки мо онро мавъиза мекунем.
9
Зеро агар ту бо даҳони худ эътироф кунӣ, ки Исо Худованд аст, ва бо дили худ имон оварӣ, ки Худо Ӯро аз мурдагон бархезонд, наҷот меёбӣ;
10
чунки одам бо дили худ имон меоварад, то росткор шавад, ва бо даҳони худ эътироф мекунад, то наҷот ёбад.
11
Зеро Китоб мегӯяд: “Ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, шарманда намешавад”.
12
Ва ҳеҷ фарқе миёни яҳудӣ ва юнонӣ нест, зеро ҳама ҳамон Худовандро доранд, ки барои ҳамаи онҳое ки Ӯро мехонанд, сарватманд аст.
13
Зеро “ҳар кӣ номи Худовандро хонад, наҷот меёбад”.
14
Аммо чӣ гуна онҳо хонанд Касеро, ки ба Ӯ имон наовардаанд? Чӣ гуна имон оваранд ба Касе ки дар бораи Ӯ чизе нашунидаанд? Чӣ гуна бе воиз чизе шунаванд?
15
Ва чӣ гуна мавъиза кунанд бе он ки фиристода шаванд? Чунон ки навишта шудааст: “Чӣ зебоянд пойҳои онҳое ки аз осоиш башорат медиҳанд, аз некӣ башорат медиҳанд!”
16
Лекин на ҳама башоратро гӯш карданд. Зеро Ишаъё мегӯяд: “Худовандо! Кӣ ба паёми мо бовар кардааст?”
17
Пас, имон аз шунидани паём аст ва шунидани паём ба воситаи каломи Худост.
18
Аммо мегӯям: оё онҳо нашунидаанд? Баръакс: “Овози онҳо дар тамоми замин паҳн шуд, Ва суханонашон то канорҳои дунё расид”.
19
Аммо мегӯям: оё Исроил намедонист? Аввал Мусо мегӯяд: “Ман ба воситаи он чи халқ нест, рашки шуморо ба вуҷуд меоварам, Ба воситаи халқи бефаҳм шуморо ба хашм меоварам”.
20
Ва Ишаъё далерона мегӯяд: “Касоне ки Маро намеҷустанд, Маро ёфтанд, Ба касоне ки Маро пурсуҷӯй накарданд, Худро ошкор сохтам”.
21
Аммо дар бораи Исроил Ӯ мегӯяд: “Тамоми рӯз дастҳои Худро сӯи қавми беитоат ва гарданкаш дароз кардам”.
← Chapter 9
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 11 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16