bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Romans 11
Romans 11
Tajik NT 1999
← Chapter 10
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 12 →
1
Пас мегӯям: магар Худо қавми Худро рад кардааст? Ҳеҷ гоҳ. Зеро ман низ исроилӣ, аз насли Иброҳим, аз қабилаи Бинёмин ҳастам.
2
Худо қавми Худро, ки пешакӣ шинохта буд, рад накардааст. Оё намедонед, ки Китоб дар ҳикояти Илёс чӣ мегӯяд? Чӣ гуна ӯ ба Худо аз Исроил шикоят карда, мегӯяд:
3
“Худовандо! Пайғамбарони Туро куштанд, ва қурбонгоҳҳои Туро вайрон карданд; ва танҳо ман мондаам, дар қасди ҷони ман низ мебошанд”.
4
Аммо ҷавоби Худо ба ӯ чӣ буд? “Ҳафт ҳазор мардро, ки назди Баал зону назадаанд, барои Худ нигоҳ доштаам”.
5
Ҳамчунин дар замони ҳозира низ, мувофиқи интихоби файз, бақияе мондааст.
6
Аммо агар ин мувофиқи файз бошад, пас мувофиқи амалҳо нест, вагарна файз дигар файз нест. Ва агар мувофиқи амалҳо бошад, пас ин дигар файз нест, вагарна амал дигар амал нест.
7
Пас чӣ гӯем? Исроил он чиро, ки меҷуст, ба даст наовард. Аммо интихобшудагон ба даст оварданд, ва касони боқӣ сангдил шуданд,
8
чунон ки навишта шудааст: “Худо ба онҳо рӯҳи хоби гарон дод, Ва чашмоне ки намебинанд, Ва гӯшҳое ки то имрӯз намешунаванд”.
9
Довуд низ мегӯяд: “Бигзор дастархони онҳо барояшон банде ва доме ва қапқоне ва сазое гардад;
10
Бигзор чашмони онҳо торик шаванд, то набинанд, Ва тахтапушти онҳоро ҳамеша хам гардон”.
11
Пас, ман мегӯям: оё онҳо пешпо хӯрдаанд, ки фурӯ ғалтанд? Ҳеҷ гоҳ. Аммо аз пешпохӯрии онҳо ба халқҳо наҷот омад, то рашки онҳоро ба вуҷуд оварад.
12
Ва агар пешпохӯрии онҳо сарвати ҷаҳон ва шикасти онҳо сарвати халқҳо бошад, камоли онҳо чанд маротиба зиёдтар фоидабахш мешавад.
13
Зеро ба шумо, эй халқҳо, мегӯям: ҳамчун расули халқҳо ман хизмати худро ситоиш мекунам:
14
ба умеди он ки рашки ҳамқавмони худро ба вуҷуд оварам ва баъзеи онҳоро наҷот диҳам.
15
Зеро, агар радшавии онҳо оштии ҷаҳон шуда бошад, пас қабулшавии онҳо, ғайр аз ҳаёт аз мурдагон, чӣ мешавад?
16
Агар навбар муқаддас бошад, хамир низ муқаддас аст; ва агар реша муқаддас бошад, шохаҳо низ муқаддасанд.
17
Аммо агар баъзе аз шохаҳо шикаста ҷудо шуда бошанд, ва ту, ки зайтуни ёбоӣ будӣ, байни онҳо пайванд гашта, ба реша ва шираи зайтун шарик шуда бошӣ,
18
пас назди он шохаҳо ҳавобаланд машав; ва агар ҳавобаланд шавӣ, дон, ки ту решаро нигоҳ намедорӣ, балки реша туро нигоҳ медорад.
19
Шояд гӯӣ: “Шохаҳо шикаста ҷудо шудаанд, то ман пайванд шавам”.
20
Бале. Ба сабаби беимонӣ шикаста ҷудо шудаанд, аммо ту ба воситаи имон истодагӣ мекунӣ: ҳавобаландӣ макун, балки битарс.
21
Зеро ки агар Худо шохаҳои табииро амон надода бошад, туро низ амон намедиҳад.
22
Пас, некӯӣ ва сахтгирии Худоро бин: Ӯ сахтгир аст ба онҳое ки афтода ҷудо шудаанд, ва некӯ аст ба ту, агар дар некӯии Ӯ монӣ; вагарна ту низ бурида мешавӣ.
23
Лекин онҳо низ, агар дар беимонӣ намонанд, пайванд мешаванд, зеро Худо қодир аст онҳоро боз пайванд кунад.
24
Зеро, агар ту аз зайтуни табиатан ёбоӣ бурида шуда, бар хилофи табиат ба зайтуни хуб пайванд шуда бошӣ, пас инҳо, ки шохаҳои табиӣ ҳастанд, чӣ қадар осонтар ба зайтуни худ пайванд мешаванд.
25
Зеро, эй бародарон, ман намехоҳам, ки шумо худро доно пиндошта, аз чунин сир бехабар монед, ки як қисми Исроил ба сангдилӣ гирифтор шудааст то вақте ки шумораи пурраи ғайрияҳудиён дохил шаванд.
26
Ва он гоҳ тамоми Исроил наҷот меёбад, чунон ки навишта шудааст: “Аз Сион Раҳонанда меояд Ва худонотарсиро аз Яъқуб дур мекунад;
27
Ва ин аст аҳди Ман бо онҳо Дар замоне ки гуноҳҳошонро аз миён бардорам”.
28
Ба сабаби Инҷил, онҳо душманонанд ба хотири шумо, лекин ба сабаби интихоб, онҳо дӯстдоштагонанд ба хотири падарон;
29
зеро атоҳо ва даъвати Худо тағйирнопазиранд.
30
Зеро, чунон ки шумо низ як вақте ба Худо итоат накардед, вале акнун, ба сабаби беитоатии онҳо, марҳамат ёфтаед,
31
ҳамчунин онҳо низ акнун итоат накарданд, то худашон низ ба воситаи ҳамон марҳамате ки шумо ёфтаед, марҳамат ёбанд.
32
Зеро Худо ҳамаро дар банди беитоатӣ ниҳодааст, то ба ҳама марҳамат кунад.
33
Ваҳ чӣ амиқ аст сарвати ҳикмат ва дониши Худо! Чӣ ақлнорас аст довариҳои Ӯ ва таҳқиқнопазир аст роҳҳои Ӯ!
34
Зеро кӣ фикри Худовандро донистааст? Ё кӣ мушовири Ӯ шудааст?
35
Ё кӣ ба Ӯ пешакӣ чизе додааст, То подошашро ба вай баргардонад?
36
Зеро ҳама чиз аз Ӯст, ба воситаи Ӯст ва барои Ӯст. Ӯро то абад ҷалол бод. Омин.
← Chapter 10
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 12 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16