bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Romans 12
Romans 12
Tajik NT 1999
← Chapter 11
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 13 →
1
Пас шуморо, эй бародарон, дар партави марҳамати Худо даъват менамоям, ки баданҳои худро ҳамчун қурбонии зинда, муқаддас ва писандидаи Худо тақдим кунед: ибодати оқилонаи шумо ҳамин аст;
2
ва худро ба ин дунё ҳамшакл насозед, балки бо нав шудани фикратон дигаргун шавед, то дарёбед, ки хости нек, писандида ва комили Худо чист.
3
Зеро бо файзе ки ба ман дода шудааст, ба ҳар яки шумо мегӯям: дар ҳаққи худ бештар аз он чи шоён аст, фикр накунед, балки хоксорона, ба андозаи имоне ки Худо ба ҳар кас насиб кардааст, фикр кунед.
4
Зеро, чунон ки дар як бадан узвҳои бисёре дорем, лекин на ҳамаи узвҳо ҳамон як корро ба ҷо меоваранд,
5
ҳамчунин мо, ки бисёрем, як бадан дар Масеҳ ҳастем, аммо ҳар яке ба танҳоӣ узвҳои якдигарем;
6
ва мувофиқи файзе ки ба мо дода шудааст, атоҳои гуногун дорем; агар атои касе пайғамбарӣ бошад, ба андозаи имон ба кор барад;
7
агар хизмат бошад, хизмат кунад; агар касе муаллим бошад, таълим диҳад;
8
агар насиҳатгӯй бошад, насиҳат диҳад; агар бахшанда бошад, бо саховат чунин кунад; агар сардор бошад, бо ҷидду ҷаҳд сардорӣ кунад; агар меҳрубон бошад, хурсандона чунин кунад.
9
Муҳаббат бе дурӯягӣ бошад; аз бадӣ нафрат кунед, ба некӣ часпед;
10
якдигарро бо муҳаббати бародарӣ дӯст доред; ҳар яке дигареро бештар аз худ эҳтиром кунед.
11
Ғайрати шумо суст нашавад, рӯҳи пурҳарорат дошта бошед; Худовандро бандагӣ намоед.
12
Дар умед шодмон бошед; дар азоб пуртоқат бошед; ҳамеша дуо гӯед.
13
Дар рафъи эҳтиёҷоти муқаддасон иштирок кунед; дар меҳмоннавозӣ кӯшиш кунед.
14
Баракат хоҳед барои онҳое ки шуморо таъқиб мекунанд; баракат хоҳед, вале лаънат нагӯед.
15
Бо шодикунандагон шодӣ кунед ва бо гирякунандагон гиря кунед.
16
Бо якдигар ҳамфикр бошед; ҳавобаландӣ накунед, балки фурӯтан бошед; худро доно мапиндоред.
17
Ба ҳеҷ кас дар ивази бадӣ бадӣ накунед; пеши ҳамаи одамон дар пайи некӣ бошед.
18
Ба қадри имкон, то ҳадде ки ба шумо вобаста аст, бо ҳамаи одамон дар осоиш зиндагӣ кунед.
19
Эй азизон, қасоси худро нагиред, балки ба ғазаби Худо вогузор кунед; зеро навишта шудааст: “Қасос аз ҷониби Ман аст, Ман сазо медиҳам, мегӯяд Худованд”.
20
“Пас, агар душманат гурусна бошад, ба ӯ хӯрок деҳ; агар ташна бошад, ба ӯ об деҳ; зеро бо чунин рафторат бар сари ӯ оташпораҳо фурӯ мерезӣ”.
21
Ба бадӣ мағлуб нашав, балки бадиро бо некӣ мағлуб кун.
← Chapter 11
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 13 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16