bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Romans 2
Romans 2
Tajik NT 1999
← Chapter 1
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 3 →
1
Бинобар ин ту, эй одами ҳукмкунанда, ҳар кӣ бошӣ, узре надорӣ, чунки бо он чи дигареро ҳукм мекунӣ, худатро маҳкум менамоӣ, зеро ту, ки ҳукм мекунӣ, худи ҳамон корҳоро мекунӣ.
2
Лекин мо медонем, ки доварии Худо бар кунандагони чунин корҳо барҳақ аст.
3
Наход ки ту, эй одамизод, гумон мекунӣ, ки бо ҳукм кардани кунандагони чунин корҳо аз доварии Худо халос мешавӣ, дар ҳоле ки худат ҳамон корҳоро мекунӣ?
4
Ё ту фаровонии меҳрубонӣ, тоқат ва пурсабрии Ӯро хор мешуморӣ, бехабар аз он ки меҳрубонии Худо туро ба тавба роҳнамоӣ мекунад?
5
Аммо, аз боиси саркашӣ ва дили тавбанопазири худ, ту ғазабро барои худ дар рӯзи ғазаб ва ошкоршавӣ ва доварии одилонаи Худо зиёд мегардонӣ,
6
ки Ӯ ба ҳар кас мувофиқи корҳояш сазо медиҳад:
7
ба онҳое ки доим кори нек карда, ҷалол, иззат ва бефаноӣ меҷӯянд, ҳаёти абадӣ медиҳад;
8
вале онҳоеро, ки худхоҳ буда, ба ростӣ итоат намекунанд, ва ба норостӣ итоат мекунанд, ба хашму ғазаб гирифтор мекунад.
9
Мусибату тангӣ ояд бар ҷони ҳар одаме ки кори бад мекунад: ҳам, аввалан, бар яҳудӣ ва ҳам бар юнонӣ!
10
Лекин ҷалол, иззат ва осоиш ояд ба ҳар касе ки кори нек мекунад: ҳам, аввалан, ба яҳудӣ ва ҳам ба юнонӣ!
11
Зеро ки Худо рӯйбинӣ надорад.
12
Онҳое ки бе шариат буда, гуноҳ кардаанд, берун аз шариат низ ҳалок мешаванд; вале онҳое ки зери шариат буда, гуноҳ кардаанд, ба воситаи шариат маҳкум мешаванд,
13
чунки на шунавандагони шариат пеши Худо росткоранд, балки иҷрокунандагони шариат сафед карда мешаванд.
14
Зеро, вақте халқҳое ки шариат надоранд, табиатан фармудаҳои шариатро ба ҷо меоваранд, шариат надошта бошанд ҳам, худашон барои худ шариат ҳастанд;
15
рафторашон нишон медиҳад, ки амали шариат дар дилашон навишта шудааст; виҷдон ва фикрҳояшон низ, ки якдигарро гоҳе айбдор ва гоҳе сафед мекунанд, дар ин бора гувоҳӣ медиҳанд, —
16
дар ҳамон рӯзе ки Худо, мувофиқи Инҷили ман, сирри одамонро ба воситаи Исои Масеҳ доварӣ мекунад.
17
Инак, ту яҳудӣ ном дорӣ, ва ба шариат такя мекунӣ, ва аз шинохтани Худо фахр мекунӣ,
18
ва хости Ӯро медонӣ, ва азбаски шариатро омӯхтаӣ, фарқи неку бадро мефаҳмӣ;
19
ва дилпур ҳастӣ, ки ту роҳнамои кӯрон, нуре барои бошандагони торикӣ,
20
тарбиятгари нодонон ва муаллими кӯдакон ҳастӣ, ва дар шариат намунаи дониш ва ростиро дорӣ.
21
Пас, ту, ки дигаронро таълим медиҳӣ, оё худатро таълим намедиҳӣ?
22
Ту, ки бар зидди дуздӣ мавъиза мекунӣ, оё худат дуздӣ мекунӣ? Ту, ки мегӯӣ, зино набояд кард, оё худат зино мекунӣ? Ту, ки аз бутҳо нафрат дорӣ, оё ибодатхонаҳоро ғорат мекунӣ?
23
Ту, ки бо шариат фахр мекунӣ, оё шариатро вайрон карда, ба Худо беҳурматӣ мекунӣ?
24
Зеро ба воситаи шумо, чунон ки навишта шудааст, дар миёни халқҳо номи Худоро хор медоранд.
25
Хатна фоиданок аст, ба шарте ки шариатро риоя кунӣ; аммо агар шариатро вайрон кунӣ, хатнаи ту бехатнагӣ шуд.
26
Пас, агар бехатнае фармудаҳои шариатро риоя кунад, оё бехатнагии вай хатна шумурда намешавад?
27
Ва бехатнаи табиӣ, ки шариатро ба ҷо меоварад, оё туро ҳукм намекунад, ки дорои Китоб ва хатна ҳастию шариатро вайрон мекунӣ?
28
Зеро яҳудӣ на он кас аст, ки зоҳиран чунин бошад, ва хатна на он чиз аст, ки бар ҷисм намоён бошад,
29
балки яҳудӣ он кас аст, ки дар ботин чунин бошад, ва хатна он чиз аст, ки дар дил мувофиқи рӯҳ, на мувофиқи ҳарф, ҷо дошта бошад; ва ситоиши чунин одам на аз ҷониби одамон, балки аз ҷониби Худост.
← Chapter 1
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 3 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16