bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Romans 8
Romans 8
Tajik NT 1999
← Chapter 7
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 9 →
1
Пас ҳеҷ маҳкумияте нест барои онҳое ки дар Масеҳ Исо ҳастанд ва на аз рӯи ҷисм, балки аз рӯи Рӯҳ рафтор мекунанд,
2
чунки қонуни Рӯҳи ҳаёт дар Масеҳ Исо маро аз қонуни гуноҳ ва марг озод кардааст.
3
Зеро, азбаски шариат бо айби ҷисм нотавон шуда, ноилоҷ монда буд, Худо Писари Худро ба сурати ҷисми пургуноҳ ва барои гуноҳ фиристода, гуноҳро дар ҷисм маҳкум кард,
4
то ки фармудаҳои одилонаи шариат дар мо, ки на аз рӯи ҷисм, балки аз рӯи Рӯҳ рафтор мекунем, ба амал оянд.
5
Зеро онҳое ки ҷисмонианд, дар фикри чизҳои ҷисмонӣ ҳастанд, вале онҳое ки рӯҳонианд, дар фикри чизҳои рӯҳонӣ.
6
Фикрҳои ҷисмонӣ марг аст, аммо фикрҳои рӯҳонӣ ҳаёт ва осоиш,
7
чунки фикрҳои ҷисмонӣ душманӣ ба Худост, зеро ба шариати Худо фармонбардор нест ва буда ҳам наметавонад.
8
Бинобар ин онҳое ки дар ҷисманд, ба Худо писанд афтода наметавонанд.
9
Лекин шумо на дар ҷисм, балки дар Рӯҳ ҳастед, агар ҳақиқатан Рӯҳи Худо дар шумо сокин бошад. Аммо агар касе дорои Рӯҳи Масеҳ набошад, вай аз они Ӯ нест.
10
Ва агар Масеҳ дар шумо бошад, бадан ба воситаи гуноҳ мурда аст, вале рӯҳ ба воситаи росткорӣ зинда аст.
11
Ва агар Рӯҳи Он ки Исоро аз мурдагон бархезонд, дар шумо сокин бошад, Он ки Масеҳро аз мурдагон бархезонд, баданҳои мирандаи шуморо низ бо Рӯҳи Худ, ки дар шумо сокин аст, зинда мекунад.
12
Пас, эй бародарон, мо ӯҳдадори ҷисм нестем, то аз рӯи ҷисм зиндагӣ кунем;
13
зеро агар аз рӯи ҷисм зиндагӣ кунед, мемуред; аммо агар амалҳои баданро ба воситаи Рӯҳ кушед, зинда мемонед.
14
Зеро ҳамаи онҳое ки роҳнамояшон Рӯҳи Худост, писарони Худо ҳастанд;
15
чунки шумо рӯҳи бандагиро қабул накардаед, ки боз тарсон бошед, балки Рӯҳи писархондагиро қабул кардаед, ки бо Ӯ мо нидо мекунем: “Эй Або, эй Падар! ”
16
Ҳамон Рӯҳ бо рӯҳи мо шаҳодат медиҳад, ки мо фарзандони Худо ҳастем.
17
Ва агар фарзандон бошем, ворисон низ ҳастем: ворисони Худо ва ҳамроҳи Масеҳ ворисонем, агар ҳақиқатан бо Ӯ азоб кашем, то низ бо Ӯ ҷалол ёбем.
18
Зеро ман дилпурам, ки азобҳои замони ҳозира дар муқоиса бо он ҷалоле ки дар мо ошкор мешавад, ҳеҷ аст.
19
Зеро офариниш бо майли том мунтазири ошкоршавии писарони Худо аст,
20
чунки офариниш на бо ихтиёри худ, балки бо хости фармонравои худ фармонбардори нестшавӣ шудааст, ба умеди он ки
21
худи офариниш ҳам аз бандагии нобудшавӣ халосӣ ёфта, ба озодии ҷалоли фарзандони Худо шарик шавад.
22
Зеро медонем, ки тамоми офариниш бо ҳам то ҳол менолад ва дарди зоиш мекашад;
23
ва на танҳо он, балки худи мо низ, ки соҳиби навбари Рӯҳ ҳастем, дар даруни худ менолем ва мунтазири писархондагӣ ва раҳоии бадани худ мебошем.
24
Зеро бо умед наҷот ёфтаем. Аммо умед, вақте ки онро мебинанд, дигар умед нест; зеро кас агар чизеро бинад, чаро боз дар умеди он бошад?
25
Аммо агар мо дар умеди чизе бошем, ки онро намебинем, бо сабр мунтазираш мешавем.
26
Ва ҳамчунин Рӯҳ низ дар нотавониҳои мо ёрӣ медиҳад; зеро намедонем дар чӣ хусус ба таври бояду шояд дуо гӯем, лекин Худи Рӯҳ барои мо бо нолаҳои баённошуданӣ шафоат мекунад.
27
Санҷандаи дилҳо аз фикри Рӯҳ огоҳ аст, чунки Ӯ барои муқаддасон мувофиқи хости Худо шафоат мекунад.
28
Ва мо медонем, ки ба дӯстдорони Худо, ки мувофиқи нақшаи Ӯ даъват шудаанд, ҳама чиз барои некӣ хизмат мекунад;
29
зеро онҳоеро, ки пешакӣ шинохтааст, низ пешакӣ муайян кардааст, ки ба сурати Писараш монанд шаванд, то Ӯ дар миёни бародарони бисёр нахустзода бошад;
30
ва онҳоеро, ки пешакӣ муайян кардааст, низ даъват намудааст; ва онҳоеро, ки даъват намудааст, низ сафед кардааст; ва онҳоеро, ки сафед кардааст, низ ҷалол додааст.
31
Пас мо ба ин чӣ гӯем? Агар Худо бо мост, кӣ метавонад зидди мо бошад?
32
Он ки Писари Худро дареғ надоштааст, балки Ӯро барои ҳамаи мо фидо кардааст, чӣ гуна ҳамроҳи Ӯ ҳама чизро ба мо намебахшад?
33
Кӣ интихобшудагони Худоро айбдор мекунад? Худост, ки сафед мекунад.
34
Кист, ки маҳкум мекунад? Масеҳ аст, ки мурдааст, вале низ бархезонда шудааст, ва низ ба дасти рости Худост, ва дар ҳаққи мо шафоат низ мекунад.
35
Кӣ моро аз муҳаббати Масеҳ ҷудо мекунад? Оё мусибат, ё тангӣ, ё таъқибот, ё гуруснагӣ, ё бараҳнагӣ, ё хатар, ё шамшер?
36
Чунон ки навишта шудааст: “Ба хотири Ту мо ҳар рӯз кушта мешавем, чун гӯсфандони куштанӣ ба шумор меравем”.
37
Аммо бар ҳамаи ин мо ба воситаи Оне ки моро дӯст доштааст, пурра ғолиб меоем.
38
Зеро ман дилпурам, ки на марг, на ҳаёт, на фариштаҳо, на сарвариҳо, на қувваҳо, на ҳозира, на оянда,
39
на баландӣ, на пастӣ, на ҳар гуна офаридаи дигар моро аз муҳаббати Худо, ки дар Худованди мо Масеҳ Исо аст, ҷудо карда наметавонад.
← Chapter 7
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 9 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16