bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Romans 15
Romans 15
Tajik NT 1999
← Chapter 14
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 16 →
1
Ва мо, ки тавоно ҳастем, бояд сустиҳои нотавононро бардорем ва дар пайи хушнудии худ набошем:
2
ҳар яке аз мо бигзор дар пайи хушнудии ёри худ бошад дар он чи ба фоидаи вай ва барои ободии вай аст.
3
Зеро Масеҳ низ дар пайи хушнудии Худ набуд, балки чунон ки навишта шудааст: “Бадгӯиҳои бадгӯёни Ту бар Ман афтодаанд”.
4
Зеро ҳар он чи пештар навишта шудааст, барои омӯхтани мо пештар навишта шудааст, то аз Китоб сабр ва тасаллӣ пайдо карда, умед дошта бошем.
5
Ва Худои сабру тасаллӣ бигзор ба шумо ато кунад, ки бо ҳамдигар мувофиқи Масеҳ Исо ҳамфикр бошед,
6
то якдилона, бо як забон Худо ва Падари Худованди мо Исои Масеҳро ҳамду сано гӯед.
7
Пас якдигарро қабул кунед, чунон ки Масеҳ низ шуморо барои ҷалоли Худо қабул кардааст.
8
Ва ман мегӯям, ки Масеҳ Исо ба хотири ростии Худо барои аҳли хатна хизматгузор шуд, то ваъдаҳои ба падарон додашударо тасдиқ кунад,
9
ва барои он ки халқҳо Худоро ба хотири марҳамати Ӯ ҳамду сано гӯянд, чунон ки навишта шудааст: “Бинобар ин Туро дар миёни халқҳо сипос хоҳам гуфт Ва номи Туро хоҳам сароид”.
10
Ва боз гуфта шудааст: “Эй халқҳо, бо қавми Ӯ шод бошед”.
11
Ва боз: “Худовандро ситоиш кунед, эй ҳамаи халқҳо, Ва Ӯро сипос гӯед, эй ҳамаи қавмҳо”.
12
Ишаъё низ мегӯяд: “Решаи Ишой хоҳад омад, Ва Ӯ барои ҳукмронӣ кардани халқҳо хоҳад бархест; Халқҳо ба Ӯ умед хоҳанд баст”.
13
Пас, Худои умед бигзор шуморо дар имон аз ҳар гуна шодӣ ва осоиш пур кунад, то бо қуввати Рӯҳулқудс умедатон афзун гардад.
14
Худи ман ҳам, эй бародарон, дар бораи шумо дилпур ҳастам, ки шумо низ пур аз некӯӣ ва саршор аз ҳар гуна дониш мебошед ва дигаронро насиҳат карда метавонед.
15
Лекин ман каме ҷуръат намуда, ба шумо, эй бародарон, навиштам, то баъзе чизҳоро хотиррасон кунам, мувофиқи файзе ки Худо ба ман додааст,
16
то ки барои халқҳо ходими Исои Масеҳ бошам ва коҳинии Инҷили Худоро ба ҷо оварам, то ҳадияи халқҳо аз Рӯҳулқудс муқаддас гардида, ба Худо писанд афтад.
17
Пас ман метавонам дар Масеҳ Исо пеши Худо фахр намоям;
18
зеро ҷуръат намекунам чизе гӯям, ғайр аз он чи Масеҳ ба воситаи ман барои фармонбардор кардани халқҳо бо сухан ва амал,
19
бо қуввати аломатҳову муъҷизаҳо, бо қуввати Рӯҳи Худо ба ҷо овардааст, ба тавре ки ман аз Уршалим ва атрофаш то Илурикӯн Инҷили Масеҳро паҳн кардаам.
20
Дар айни ҳол ман саъю кӯшиш намудаам на дар он ҷойҳое ки номи Масеҳ машҳур аст, башорат диҳам, то бар бунёде ки дигарон ниҳоданд, бино накунам,
21
балки, чунон ки навишта шудааст: “Онҳое ки аз Ӯ бехабар буданд, хоҳанд дид, Онҳое ки нашунида буданд, хоҳанд фаҳмид”.
22
Ба ҳамин сабаб борҳо аз омадан назди шумо боздошта шудаам.
23
Лекин акнун, ки маро дар ин кишварҳо дигар коре нест, ва чандин сол боз орзумандам назди шумо биёям,
24
ҳамин ки ба сафари Испания равам, назди шумо меоям. Зеро умедворам, ки ҳангоми гузашта рафтанам шуморо бинам, ва шумо маро, пас аз он ки аз дидоратон андаке сер шавам, ба он ҷо гусел намоед.
25
Аммо акнун ба Уршалим меравам, то ба муқаддасон хизмат кунам,
26
зеро ба аҳли Мақдуния ва Охоия писанд омад, ки барои камбағалони муқаддасони Уршалим ёрии молӣ фиристанд.
27
Инро писандиданд, ва ба онҳо ӯҳдадор ҳам ҳастанд; зеро, модоме ки халқҳо ба онҳо дар чизҳои рӯҳонӣ шарик шудаанд, бояд ҳамчунин ба онҳо дар чизҳои ҷисмонӣ хизмат кунанд.
28
Пас ин корро анҷом дода ва ин самарро барои онҳо мӯҳр зада, ман бо роҳи кишвари шумо ба Испания меравам.
29
Ва дилпур ҳастам, ки чун назди шумо биёям, бо баракати пурраи Инҷили Масеҳ меоям.
30
Пас, эй бародарон, ба хотири Худованди мо Исои Масеҳ ва ба хотири муҳаббати Рӯҳ аз шумо илтимос дорам, ки ҳамроҳи ман дар дуоҳо барои ман назди Худо ҷидду ҷаҳд намоед,
31
то аз беимонони Яҳудия раҳо шавам, ва хизмати ман барои Уршалим ба муқаддасон хуш ояд,
32
ва ман, бо хости Худо, бо шодмонӣ назди шумо биёям ва бо шумо ором ёбам.
33
Ва Худои осоиш бо ҳамаи шумо бод. Омин.
← Chapter 14
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 16 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16