bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Romans 13
Romans 13
Tajik NT 1999
← Chapter 12
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 14 →
1
Ҳар шахс бояд ба ҳокимиятҳои боло фармонбардор бошад; зеро ҳеҷ ҳокимияте нест, ки аз Худо набошад, ва ҳокимиятҳои мавҷуда аз ҷониби Худо барпо шудаанд.
2
Бинобар ин ҳар кӣ ба ҳокимият муқобилат кунад, бар зидди тартиби Худо исён кардааст; ва исёнгарон гирифтори маҳкумият мешаванд.
3
Зеро ҳокимон на барои некӯкорон, балки барои бадкорон хавфноканд. Оё мехоҳӣ аз ҳокимият тарсе надошта бошӣ? Корҳои нек кун, ва аз он таҳсин мешунавӣ;
4
чунки вай хизматгузори Худост ба фоидаи ту. Аммо агар корҳои бад кунӣ, битарс; зеро вай шамшерро беҳуда бардошта нагаштааст; вай хизматгузори Худост ва бо ғазаб аз бадкорон қасос мегирад.
5
Бинобар ин на танҳо аз тарси ҷазо, балки низ аз рӯи виҷдон фармонбардор будан даркор аст.
6
Ба ҳамин сабаб шумо андоз ҳам медиҳед; зеро онҳо ходимони Худо ҳастанд, ки доим бо ин кор машғуланд.
7
Пас, ба ҳар кас он чиро, ки ҳаққи ӯст, диҳед: андозро — ба касе ки андоз меситонад; боҷро — ба касе ки боҷ мегирад; тарсро — ба касе ки сазовори тарс аст; иззатро — ба касе ки шоистаи иззат аст.
8
Аз касе чизе қарздор нашавед, ғайр аз қарзи муҳаббат ба якдигар; зеро ҳар кӣ каси дигарро дӯст медорад, шариатро ба ҷо овардааст.
9
Зеро /фармудаҳои/ “зино накун”, “накуш”, “дуздӣ накун”, “тамаъ накун” ва ҳар фармудаи дигар дар ин калом ҷамъбаст шудааст: “Ёратро монанди худат дӯст дор”.
10
Муҳаббат ба ёр бадӣ намекунад; пас, муҳаббат иҷрои пурраи шариат аст.
11
Дар айни ҳол вақтро медонем, ки аллакай соати аз хоб бедор шуданамон расидааст; зеро акнун наҷоти мо назар ба он вақте ки имон овардем, наздиктар аст.
12
Шаб гузашту рӯз наздик омад, пас, биёед, амалҳои торикиро бадар кунем ва аслиҳаи нурро дар бар кунем.
13
Монанди он ки рӯзона бошад, боодобона рафтор кунем: на бо базмҳо ва мастигарӣ, на бо шаҳватпарастӣ ва бадахлоқӣ, на бо ҷанҷол ва ҳасад;
14
балки Худованд Исои Масеҳро дар бар кунед ва дар бораи ҳавасҳои ҷисм ғамхорӣ накунед.
← Chapter 12
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 14 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16