bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Job 10
Job 10
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 9
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 11 →
1
Ҷони ман аз зиндагии ман безор шудааст; ба андӯҳи худ дода мешавам; аз талхии ҷони худ сухан меронам.
2
Ба Худо мегӯям: „Маро айбдор накун; ба ман бифаҳмон, ки аз барои чӣ бо ман мубориза мекунӣ?
3
Оё барои Ту хуб аст, вақте ки ситам мекунӣ, вақте ки аз амали дастҳои Худ нафрат менамоӣ, ва бар машварати шарирон нурафкан мешавӣ?
4
Оё Туро чашмони башар аст? Оё дидани Ту мисли дидани инсон аст?
5
Оё рӯзҳои Ту мисли рӯзҳои инсон аст? Оё солҳои Ту мисли рӯзҳои мард аст,
6
Ки гуноҳи маро ҷустуҷӯ менамоӣ ва хатои маро кофтуков мекунӣ,
7
Агарчи медонӣ, ки айбдор нестам, ва аз дасти Ту халоскунандае нест?
8
Дастҳои Ту сурати маро сохта, ҳаматарафа мукаммал намудааст ва маро офаридааст, — ва маро нобуд мекунӣ?
9
Ба ёд овар, ки маро мисли сафол сириштаӣ, — ва маро ба хок бармегардонӣ?
10
Ту, охир, маро мисли шир рехтаӣ, ва маро мисли панир ба қиём овардаӣ.
11
Маро пӯст ва гӯшт пӯшондаӣ, ва маро бо устухонҳо ва пайҳо пайвастаӣ.
12
Ҳаёт ва эҳсон ба ман ато кардаӣ, ва тафаққуди Ту рӯҳи маро нигаҳбонӣ намудааст.
13
Вале ин чизҳоро низ дар дили худ пинҳон доштаӣ, — медонам, ки ин андаруни Ту буд, —
14
Ки агар хатое кунам, Ту бар ман камин хоҳӣ кард, ва аз гуноҳи ман нахоҳӣ гузашт.
15
Агар айбдор бошам, вой бар ман! Ва агар ҳақ ба ҷониби ман бошад, ҷуръат надорам сари худро бардорам: аз нанг сер шудаам ва доим залолати худро мебинам.
16
Ва агар як лаҳза сар бардорам, Ту мисли шер маро сайд хоҳӣ кард, ва боз корҳои аҷоиби Худро ба ман нишон хоҳӣ дод.
17
Шоҳидони нави Худро ба муқобили ман хоҳӣ овард, ва ғазаби Худро бар ман пурзӯр хоҳӣ кард, ва фавҷҳои азобу уқубат пай дар ҳам ба сари ман хоҳанд омад.
18
Пас чаро маро аз батн берун овардӣ? Кошки ҳамон вақт мемурдам, ва чашме маро намедид,
19
Ки он вақт ба чизи номавҷуде монанд мебудам, ва аз батн рост ба қабр бурда мешудам!
20
Рӯзҳои ман, охир, ҳанӯз кам аст, пас маро тарк намо, ва аз ман даст каш, то ки каме кушодарӯй гардам,
21
Пеш аз он ки бебозгашт биравам, ба кишвари торикӣ ва зулмот,
22
Ба кишвари тирагӣ, ки мисли торикист, ба кишвари зулмот, ки тартиботе надорад, ва тирагии он мисли торикист“».
← Chapter 9
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 11 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36
37
38
39
40
41
42