bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Job 15
Job 15
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 14
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 16 →
1
Ва Алифози Темонӣ ҷавоб гардонда, гуфт:
2
«Оё хирадманд бо дониши пуч ҷавоб медиҳад? Ва батни худро аз боди самум пур мекунад?
3
Оё бо гапи номуносиб исбот менамояд? Ва бо суханоне ки аз онҳо ҳеҷ фоидае нест?
4
Лекин ту худотарсиро поймол намудаӣ, ва илтиҷоро ба ҳузури Худо кам кардаӣ,
5
Зеро ки гуноҳи ту даҳони туро ром намудааст, ва ту забони ҳилагаронро хуш кардаӣ.
6
Туро даҳонат айбдор мекунад, ва на ман; ва лабҳоят ба зидди ту далолат менамояд.
7
Оё дар насли одамизод ту аввалин таваллуд ёфтаӣ? Ва ё пеш аз талҳо ба вуҷуд омадаӣ?
8
Оё рози Худоро шунидаӣ? Ва ҳикматро сӯи худ ҷалб намудаӣ?
9
Чӣ медонӣ, ки онро мо надонем? Чӣ мефаҳмӣ, ки он назди мо набошад?
10
Ҳам мӯйсафед ва ҳам пиронсол дар байни мо ҳастанд, ки умрашон аз умри падари ту бузургтар аст.
11
Оё тасаллиҳои Худо барои ту кам аст? Ва сухане ки бо мулоимат ба ту гуфта мешавад?
12
Чаро дилат туро боло гирифтааст? Ва чаро чашмонат аз хашм барқ мезанад?
13
Зеро ки рӯҳи худро ба зидди Худо нигаронидаӣ, ва аз даҳонат чунин суханонро мебарорӣ.
14
Инсон чист, ки пок бошад? Ва оё зодаи зан одил мешавад?
15
Инак, Ӯ ба муқаддасони Худ эътимод надорад, ва осмон дар назараш пок нест,
16
Алалхусус одамизод зишт ва фосид аст, ки ноинсофиро мисли об менӯшад.
17
Фикри худро ба ту изҳор менамоям, маро бишнав; ва он чи дидаам, ҳикоят мекунам,
18
Ки хирадмандон онро аз падарони худ ривоят кардаанд ва пинҳон надоштаанд,
19
Ки танҳо ба онҳо ин замин дода шуда буд, ва аз миёни онҳо бегонае нагузашта буд.
20
Шарир дар тамоми рӯзҳои худ гирифтори сӯзу гудоз аст, ва солҳои башумор барои ситамгар таъин шудааст.
21
Садои даҳшатҳо дар гӯшҳои ӯст; дар ҳини осоиштагӣ тороҷгар ба сараш меояд;
22
Боварӣ надорад, ки аз торикӣ раҳо хоҳад шуд, ва ба гумонаш шамшер ӯро дар камин аст;
23
Барои порчаи ноне дарбадар гашта, мепурсад: „Куҷост?“ Медонад, ки назди ӯ рӯзи торикӣ муҳайёст.
24
Тангӣ ва мӯҳтоҷӣ ӯро дар даҳшат меандозад, мисли подшоҳе ки ба ҷанг тайёр шуда бошад, ӯро мағлуб месозад,
25
Зеро ки ӯ ба Худо дасти тааддӣ дароз кардааст ва ба Қодир густохӣ намудааст,
26
Гардандарозӣ карда, дар таҳти ҳалқаҳои ғафси ҷавшани худ бар Ӯ тохт овардааст,
27
Чунки рӯи худро бо фарбеҳии худ пӯшондааст, ва камараш қабат‐қабат чарбу бастааст;
28
Ва дар шаҳрҳои вайрон сокин хоҳад шуд, дар хонаҳои ғайримаскуне ки ба харобӣ маҳкум гардидааст.
29
Ӯ бой нахоҳад шуд, ва сарваташ қоим нахоҳад монд, ва молу мулкаш бар замин афзоиш нахоҳад ёфт;
30
Аз торикӣ халос нахоҳад шуд; ниҳолашро аланга хушк хоҳад кард, ва аз нафаси даҳони Ӯ нобуд хоҳад шуд.
31
Бигзор ин одами гумроҳ ба батолат бовар накунад, зеро ки батолат мукофоти ӯ хоҳад шуд;
32
Пеш аз расидани рӯзаш фано хоҳад шуд, ва шоху баргаш сабзу хуррам нахоҳад буд;
33
Мисли ток ғӯраи худро хоҳад рехт, ва мисли зайтун муғҷаи худро хоҳад партофт;
34
Зеро ки хонадони риёкор гирифтори бекасӣ хоҳад шуд, ва аҳли байти ришвахӯрро оташ маҳв хоҳад кард.
35
Онҳое ки ба хабосат ҳомила мешаванд, бадиро мезоянд, ва батнашон макрро тайёр мекунад».
← Chapter 14
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 16 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36
37
38
39
40
41
42