bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Job 24
Job 24
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 23
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 25 →
1
Чаро аз ҷониби Қодир вақтҳо таъин карда нашудааст? Ва чаро орифони Ӯ рӯзҳои Ӯро намебинанд?
2
Марзаҳоро мекӯчонанд; рамаро медузданд ва мечаронанд.
3
Хари ятимонро гирифта мебаранд; наргови бевазанро ба гарав мегиранд.
4
Бенавоёнро аз роҳ мегурезонанд: мазлумони замин якҷоя пинҳон мешаванд.
5
Инак онҳо, мисли харони ваҳшӣ дар биёбон, ба фаъолияти худ берун омада, хӯроки худро ҷустуҷӯ мекунанд: дашт ба ҳар яке барои бачагонаш ризқу рӯзӣ мерасонад.
6
Дар саҳро хӯшаҳои бо алаф омехтаро медараванд, ва ангури дерпази токзори шарирро мечинанд.
7
Бараҳна мехобанд, бе он ки либосе дошта бошанд, ва дар сармо онҳоро рӯпӯше нест.
8
Аз бориши кӯҳсор тар мешаванд, ва азбаски паноҳгоҳе надоранд, кӯҳпораро қучоқ мекунанд.
9
Ятимро аз пистон ҷудо карда мебаранд, ва бачаи мискинро ба гарав мегиранд.
10
Онҳоро водор мекунанд, ки бараҳна, бе либос роҳ раванд; ва гуруснагон бандҳои гандумро мебардоранд;
11
Дар миёни деворҳо равған мекашанд; дар чархуштҳо ангур зер мекунанд, ва ташна мемонанд.
12
Аз даруни шаҳр мардум фиғон мекашанд, ва ҷони маҷрӯҳон истиғоса мебарад, вале Худо инро мазаммат намекунад.
13
Инҳо аз ҷумлаи душманони рӯшноӣ мебошанд, тариқҳои онро эътироф намекунанд, ва дар роҳҳояш қадам намегузоранд:
14
Қотил пеш аз дамидани субҳ мехезад, мискин ва бенаворо мекушад, ва шабона бо дуздӣ машғул мешавад.
15
Чашми зинокор низ мунтазири бегоҳирӯзист, вай мегӯяд: „Чашми касе маро нахоҳад дид“, — ва ба рӯяш ниқоб мепӯшад,
16
Дар торикӣ ба хонаҳо нақб меканад. Рӯзона худро пинҳон медоранд, рӯшноиро намедонанд.
17
Зеро субҳ барои ҳамаашон зулмот аст, чунки воҳимаҳои зулмотро мешиносанд.
18
Вай бар рӯи об сабук аст; қисмати вай бар замин нафрин аст: ба роҳи токзор дигар рӯ нахоҳад овард.
19
Чунон ки хушкӣ ва гармӣ оби барфро фурӯ мебарад, ончунон дӯзах гуноҳкоронро.
20
Батн варо фаромӯш хоҳад кард; кирм аз вай лаззат хоҳад бурд; вай дигар зикр нахоҳад ёфт; ва ноинсофӣ мисли дарахт хоҳад шикаст.
21
Вай ба зани бефарзанде ки назоидааст, ситам мекунад, ва ба бевазан некӣ намекунад.
22
Вай баҳодуронро низ бо қуввати худ мағлуб менамояд; вай бармехезад, ва ҳеҷ кас дар ҳаёти худ эмин нест.
23
Ба вай Ӯ амният мебахшад, ва бар он вай такья мекунад; ва чашмони Ӯ бар роҳҳои онҳост.
24
Ба пояи аъло мерасанд, — ва ба як тарфатулъайн нест мешаванд; ва ба залолат афтода, мисли ҳама пажмурда мегарданд, ва мисли сари хӯша бурида мешаванд.
25
Ва агар чунин набошад, кист, ки тавонад маро такзиб кунад, ва сухани маро ҳеҷу пуч гардонад?»
← Chapter 23
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 25 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36
37
38
39
40
41
42